Чанде пеш дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъулияти оила дар назди ҷомеа» баргузор гардид, ки дар он намояндагони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, раисони шӯроҳои занони маҳаллаҳои шаҳр, занҳои фаъоли шаҳри Душанбе ва соҳибкорзанон ширкат доштанд.
Ҷамъомадро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода оғоз намуда, зикр кард, ки Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамое барои фаъолияти минбаъдаи ҳар як сохтори давлатӣ мебошад. Дар Паёми имсолаи хеш, бо дарназардошти муҳимияти пойдории оилаи солим, ки асоси ҷомеаи солим аст, Сарвари давлат соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои занони кишвар, таъмини иҷрои воқеии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷинояткорӣ, беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия дар оила ва мактаб тамоми тадбирҳоро андешем.
Дар ҷамъомад ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Соли оила — маҳаки Паём», «Мушкилоти имрӯзаи оила ва роҳҳои ҳалли он» намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо карданд, ки дар атрофи ин мавзӯъҳо аз ҷониби ҳозирин мулоҳиза ва пешниҳоди зиёд ба миён омаданд.
Ҳамчунин муносибатҳои созанда дар оила, хушунату зӯроварӣ ва дар муҳити нопурраи оилавӣ мондани фарзандон, бе ҷойи зист мондани модару кӯдак аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷамъомад баррасӣ шуда, барои бартараф намудани онҳо роҳу воситаҳои зиёд пешниҳод гардиданд.
Д. ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»