Бонки Умумиҷаҳонӣ рушди суботи Тоҷикистонро минбаъд низ дастгирӣ мекунад

№17 (3318) 07.02.2015

Чоруми феврали соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни баррасии масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷараён ва натиҷаҳои он изҳори қаноат карда шуд. Бо баҳодиҳии мусбӣ ба рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна ба назар мерасад, ҳамзамон таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани суботи иҷтимоию иқтисодӣ чораҳои муассири зиддибуҳронӣ пешбинӣ мешаванд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба натиҷаҳои татбиқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои то соли 2015 ва муайян намудани афзалиятҳои асосии пешрафт барои давраи то соли 2030 сурат гирифт. Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 185,1 миллион доллари ИМА маблағҳои имтиёзии Бонки Умумиҷаҳонӣ 12 лоиҳаи инвеститсионӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд ва дар шаш моҳи аввали соли 2015 боз 100 миллион доллари ИМА грант ва қарзи имтиёзӣ барои дастгирии Буҷети давлатӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳо ҷудо карда мешавад.

Сароҷ Кумар Ҷҳа изҳор дошт, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ минбаъд низ аз рушди босуботи Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.

www.president.tj