Абдуқаюми Қаюмзод шахсест, ки бисёр пуркор ва воқеанигори шинохта. Бо навиштаҳо ва мусоҳибаҳои зиёди худ ва хидмати шоистаи муаррифии ҲНИТ дар ҷомеа мавқеъ дорад. Дар ҳар мусоҳибааш метавон нуктаҳоеро бардошт кард, ки мушкилот ва воқеияти нокомии моро нишон диҳад. Барои анҷоми чунин ҷасорат ва ошкорбаёниаш таҳсин мегӯем.
Аммо дар ду мусоҳибаи охираш, ки яке бо Абдуллои Оқилзода ва дигаре бо домулло Зубайдулло анҷом додааст, ба ғайр аз фитнаангезӣ ва бадномсозию душмантарошӣ дигар рисолатеро анҷом надодааст. Агар ӯ рисолати худро воқеанигор ва соҳиб гаштани номи рӯзноманигорӣ донад, чаро аз як масъалаи ночиз чунин фазосозӣ мекунад, дар ҳоле ки ин баҳсу бадгӯйиҳо ба ғайр аз душмантарошию бедор кардани кинаву нафрат ва мушкилсозӣ дар ҷомеа дигар маҳсуле надорад. Баръакс, воқеиятҳои ҷаҳони имрӯза моро ба он водор месозад, ки даст ба дасти ҳамдигар диҳем, иштибоҳи ҳамдигарро ба лаҳнҳои хубу созанда ва ба таъбири М.Кабирӣ, «таҳаммулпазир» матраҳ созем ва аз пайи ташкилу шинохти воқеии равандҳои ҷаҳони имрӯз бошем. Аз чунин мусоҳибаҳо суоле пеш меояд, ки агар Қаюмзод фитнаангез нест ва гӯё даст ба воқеанигорӣ мезанад, магар наметавонад ба Академияи илмҳо биёяд, бо донишмандони ин муассисаи калидии ҷомеа суҳбатҳо дошта бошад, то ба мисли пешвояш М.Кабирӣ худро аз наздик шинос ва ҳайсияти инсониашро иброз намояду аз ғайбатгӯйиҳо, нодидагирифтанҳо, хидмати яктарафа ва рисолати «хирсонааш» огоҳ гардад.
Дар мусоҳибаи ӯ, ки бо домулло Зубайдулло анҷом додааст, нуктаҳое ҳастанд, ки ба ғайр аз фитнаангезиву душмантарошӣ маънии дигареро пайдо кардан амри маҳол аст:
1. Агар ҳар ду ҷониб инсоф ва дар ҳақиқат ба Худо имон медоштед, қабл аз ҳама, бояд ошкоро камбудии худро эътироф мекардед, ки даст задани домуллоҳо ба сиёсат, бо вуҷуди касбияти сиёсӣ надоштани онҳо, дар воқеаҳои солҳои 90- уми асри гузашта моро ба чӣ мусибатҳо оварда расонид? Агар шумо ва ҳамроҳонатон камтарин таҷрибаи сиёсӣ медоштед, вазъи сиёсии Тоҷикистон хароб намегардид. Чунин «дастгириҳо ва душмантарошиҳо», сохтани «фазои маҷозӣ» бо дасти шумо ва ҳамроҳонатон дар ояндаи наздик низ моро интизор аст. Бо чунин тасмимгириҳо сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба гумон аст. Тафриқаандозиҳо, махсусан байни равшанфикрон, ҷомеаро ба вопасзадагӣ хоҳад расонд.
Мо бо чунин рисолати фитнаангезӣ гӯё ба ислом ва мусулмонҳо хидмате кардем. Баръакс, ҳам дар ислом ва ҳам дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ё маданӣ чунин тасмимгириҳо ба ғайр аз анҷом додани «рисолати шайтонӣ» дигар рисолате надорад, зеро мо ба ислом ва ҳам ба мусулмонҳо эҳтиром қоил ҳастем, ҳам дар таърих ва ҳам имрӯз. То ба имрӯз мо ягон амали динситезӣ накардем ва ягон мусулмонро таҳқиру ҳақорат ва бадгӯйиву чоплусӣ ва «худширинкунӣ» дар пеши хоҷае накардаем ва танҳо хулосаи гуфтаҳои мо ин аст, ки исломи сиёсӣ дар ҷомеаи мо хатарнок аст ва заминаи якқутбӣ ва тоталитариро дар оянда ба вуҷуд меорад, зеро тамоми моделҳои сиёсии Тоҷикистон аз ислом суиистифода мекунанд, ҳам мусулмонон ва ҳам исломро бадном месозанд ва дар оянда низ чунин бархӯрдҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон шадидтар хоҳад гашт, зеро дар ҷаҳони имрӯз ҷомеаҳои мусулмоннишин бо доштани мазҳабҳои гуногун ва сатҳи маърифати пасти диниву дунявӣ осебпазиртар ҳастанд ва онҳоро зуд метавон ҳамчун объект ё олоти фитнабарангезанда ва нооромкунандаи ҷомеа ба осонӣ истифода кард. Ин боз дар ҳолест, ки мо наметавонем ҳамдигарфаҳмӣ карда, бе ҳаёҳӯйи зиёдатӣ байни ҳамдигар мушкилоти воқеии ҷомеаро матраҳ сохта, дастони фитнасози дохиливу хориҷиро кӯтоҳ ва роҳи ояндаи худро рӯшан созем.
2.Суханони Пайғамбар Муҳаммад (с): «Олимон ворисони пайғамбаронанд», маҳдуд ба домулло нест, балки ба тамоми олимон тааллуқ дорад.
3.Дин сиёсат нест ва иродаи мардум низ нест. Дин паёми Худост ва иродаи мардум низ дин буда наметавонад, зеро хоҳиши мардум вобаста ба замон тағйир мехӯрад ва ё метавонад ин паёмро пайгирӣ кунад ё накунад. Худо низ маҳдуд ба ҲНИТ нест, қудрати Худо тамоми инсоният ва оламро фаро мегирад.
4.Фитнаи дигари А.Қаюмзод ин бо динситезӣ бадном кардани Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи илм аст. То ба ҳол на президенти Академияи илмҳо ва на кормандони марказ динситезӣ ва муллоситезӣ накардаанд ва нахоҳанд кард. Ин танҳо як усули фитнаангезӣ ва бадномсозии шумо ва ҳаммаслаконатон аст, ки барои худро дар назди мардум «ширин» кардан ва бартариятҷӯйии худро нишон додан аз чунин калимоти эҳсосбарангез истифода карда, мардум ва баъзе аз «домуллоҳо» -ро мешӯронед. Ҷомеаи ақибафтодаи тоҷикро наметавон бо шӯронидану ҳувиятсозии динӣ ва фитнаангезии шумову ҳаммаслаконатон ба сӯи муваффақиятҳои қонунмадорӣ роҳнамун сохт. Чунин тасмимгириҳо ҷомеа ва роҳбарони сиёсиро ба худкома табдил медиҳад ва демократияро пурра нобуд месозад, зеро дар низоми демократӣ ҳар як нафар бояд озодии баён дошта бошад, на ин ки озодандеш мавриди таҳқир ва бадномшавӣ қарор гирад.
5. Ба андешаи А. Қаюмзод, мо гӯё пуштибони хориҷие дошта бошем ва қонуншикан ҳастем. Ин баёни фитнаангезона аз ғофилии Абдуқаюми Қаюмзод ҳамчун рӯзноманигор дарак медиҳад. Ӯ бо мафтуншуданҳову чоплусияш аз рисолати озодии баёне, ки рисолати ҳар як рӯзноманигор ва ҳар як шаҳрванди ҷомеаи демократӣ мебошад, истифода бурда, даст ба ғайбату шӯрангезӣ задааст.
6. Айби мусалмонҳо ин аст, ки мисли шумо пайравону тарафдорони фитнаангез доранд. Шумо бо бадномсозиҳоятон дар ҷомеа монеаву саддҳо ба вуҷуд овардаед, ки мардум аз илму олим рӯ гардонидааст. Аз ин сабаб мардуми мусулмон ақибмонда шудаанд ва ақибмонда хоҳанд шуд. Агар ба илм ва олим рӯ намеоваред ва айбҷӯйиро канор намегузоред, ҳам худ ва ҳам ҷомеаи тоҷикро бори дигар ба бадбахтӣ ва нокомӣ гирифтор мекунед. Нақши чунин фитнакориҳои шумо баринҳо буд, ки ҷомеаи тоҷик баъди ба даст овардани истиқлолият ба мусибатҳо гирифтор шуд. Ҳоло шумо ин нақшро бори дигар бозида истодаед. Хуб мешуд, аз чунин фитнаангезиву бадномкуниҳо зудтар даст мекашидед ва ба гуфтугӯву муколама ва созандагӣ роҳ мекушодед.
Мо аз ин миллат ҳастем ва ҳеҷ пуштибони хориҷие надорем. Пуштибонони мо мардуми Тоҷикистон, Ватан ва озодии баён дар Тоҷикистон аст.
Хуб мешуд мусоҳибаҳои ғайриҳирфаӣ, ислом, яҳудият, саҳюнизм, Амрико ва Урупоро бадном насохта, манфиатҳои миллии мардуми Тоҷикистонро дастгирӣ мекардед. Ин маслиҳати Марказ ба шумо ва ҳаммаслаконатон аст. Бароятон аз Худо тавфиқ хоҳонем, агар мусулмон ҳастед!
Аз М. Кабирӣ хоҳиш карда мешавад, ки робитаи дохилӣ ва хориҷии худро танзим кунад, то нофаҳмиҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд наоварад. Инчунин дурӯғпароканиву фитнаангезиро нисбати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони он пешгирӣ намояд, зеро ӯ аз наздик бо мо ошноӣ ва шиносоӣ пайдо карда буд ва хуб мешуд, паймони ҳамкории мувофиқашударо риоя кунад.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ, докторанти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон