Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки доираи васеи мухлисони каломи бадеъ маҳфили ширу шакар аз эҷодиёти шоири баркамоли Хатлонзамин, барандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» Усмон Билолӣ бо номи «Вассофи Ватан» барпо гардид.
Тавре зимни суханрониаш муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Солиямоҳ Қосимова иброз намуд, ин маҳфили гарми назм, ки мухлисони зиёдро дар рӯзҳои сард ба «Кохи Ватан» овардааст, бо ибтикору дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амируллои Асадулло ба муносибати 40- солагии фаъолияти эҷодии Усмон Билолӣ доир мегардад.
Дар ин маҳфил ҳамчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Бобоҷон Саидов, муовини якуми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Файзулло Баротов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода сухан ронда, Усмон Билолиро табрику таҳният гуфтанд.
Бобоҷон Саидов изҳор намуд, ки Усмон Билолӣ баробари шеърҳои хуб эҷод кардан ҳамчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, аз қабили ҷашни Наврӯз, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сенарияҳои баландмазмун меофарад.
Шоир Рустами Ваҳҳоб нисбати Усмони Билолӣ баҳои баланд дода, ӯро шоири навҷӯю рангинхаёл унвон кард ва зикр намуд, ки ҳавзаи адабии Вахш бо сарварии устоди зиндаёд Пирумқул Сатторӣ адибони зиёдеро ба камол расонидааст.
Дар маҳфил зикр гардид, ки то имрӯз чор маҷмӯаи шоир Усмон Билолӣ ба дасти хонанда расида, маҷмӯаи панҷумаш дар арафаи чоп қарор дорад. Шоир барои китоби баландмазмуни «Сад шукри Рӯдакӣ» барандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дар бахши назм гардидааст.
Маҳфилро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Амриддини Кабир, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ, Маҳмадризо Ашӯров, сарояндаи хушовоз Бозорбой Одинаев бо сурудҳои фораму дилчаспи хеш, ки аз шеърҳои Усмон Билолӣ мураттаб гардида буданд, шукӯҳи хоса бахшиданд.
Аз рӯи шеърҳои писандидаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Усмон Билолӣ санъаткорони варзида даҳҳо оҳангҳо эҷод кардаанд ва ин таронаҳо дар маҳфилҳо садо медиҳанд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»