Ҷашни Сада ё ба таври дигар Иди Сада қадимтарин иди халқи тоҷик ба шумор рафта, маънояш аз шумораи сад ибтидо мегирад. Дар «Ғиёс-ул-луғот» чунин омадааст: «Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки рӯзи даҳуми баҳман бошад».
Абӯрайҳони Берунӣ дар китобаш «Осор-ул-боқия» чунин нигоштааст: «Сада-номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ….». Дар китоби дигар ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд, зеро ба гуфти Абӯрайҳони Берунӣ, форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома» асосгузори ин ҷашнро Ҳушанг меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст. Албатта, баҳри муқаррар кардани таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва қавоиду суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Пири Тӯс Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост.
Хулоса, ҷашни Сада иди қадимтарини халқи тоҷик ба шумор рафта, маънояш бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд аст. Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтани аҷдодони қадимамон, ҳар сол фарқи моҳҳо ва пасу пеш омадани онҳо аз чор то даҳ рӯз фарқ мекард ва рӯзи даҳуми моҳи баҳман ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз омадани Сада гувоҳи он аст, ки иди Сада пас аз 29 январ, ки ба рӯзи аввали чиллаи хурди зимистон рост меояд, ҷашн гирифта мешудааст.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада ривояте то ба мо омада расидааст. Ин ривоят дар китоби нависанда Султонмуроди Одина «Идҳои ориёӣ» ба таври зайл омадааст: Подшоҳи даврони Пешдодиён –Ҳушанг бо мақсади шикор ҳамроҳи сипоҳиёнаш роҳи кӯҳеро пеш мегирад. Даҳуми моҳи баҳман буд.Фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ, на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшид. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта кафи пойро навозиш мекарданд. Ҳаёти одамони он замон бо шикор мегузашту хӯрокашон меваи дарахтону либосашон пӯсти даррандаҳо буд ва мардум барои дарёфти ризқ ба ҷойҳои дур, то дараю кӯҳҳо мерафтанд. Ногоҳ аз пеши шикорчиён мори калони сиёҳе мебарояд, ки гирди санги сиёҳе ҳалқа зада, шикамашро болои гиёҳҳои хушкидаи нарм гузошта, истироҳат дошт. Офтоб нав ғуруб карда, гармии ҷонбахшаш ҳанӯз аз тани санг дур нагашта буд ва мор ҳузури ҷонашро дар бари он ёфта, мехост ҳар чӣ бештар аз гармии санг ҳаловат бардорад. Шикорчиёни пешрав морро дида, ба Ҳушанг хабар мерасонанд. Шоҳ, ки марди қавиҳайкали паҳлавоне буд, беибо санги калонеро бардошта, морро нишон мегирад. Мор низ аз пайдо гардидани душманони ногаҳонӣ тани худро ноилоҷ аз гармии санг раҳо намуда, забони суп-сурху чашмони оташини ҳаросонашро ба ҳарифонаш намоиш дода, роҳи гурезро пеш мегирад. Санги ҳавододаи Ҳушанг хато рафта, ба мор нарасида, ба санги сипари мор бармехӯрад. Дар ҳамин лаҳза гӯё раъду барқе садо додаю озарахше шуъла пошида бошад, алангае атрофи санг сар мезанад.Шоҳ Ҳушанг ва сипоҳиёнаш ҳайрон монда, аз ҳаяҷони ногаҳонӣ худро канор мегиранд. Ҳушанг, ки дар сангпартоӣ ва нишонзанӣ дар кишвар ҳамто надошт, аз хато рафтани сангаш ва аз ҳама бештар аз забонаи алангаи сурху зарди ногаҳонӣ ҳайрон гашта буд. Шуълаи оташ дар як лаҳза хасу хасрӯбаҳои хушки атрофи сангро фаро гирифту оҳиста хомӯш гашт. Шоҳ бо инояти фарри Яздонӣ дар умқи дилаш дарк мекард, ки дар ҳаёти ӯ ва умуман, дар таърихи инсоният воқеаи муҳиме рӯй дод.
Ҳушанг ба назди хасу хошоки хокистаргашта, ки чун мори сиёҳи навакак аз ин макон ғоибгашта рӯйи заминро ранги сиёҳ рехта буд, рафт. Аввал нӯги гурзи чӯбини дасташро ба сиёҳӣ расонд. Чанги сиёҳе бархост. Бо пояш палмосида, гармиеро эҳсос намуд. Дарунтари майдони сиёҳгашта қадам гузошт. Гармии бештаре ҳис карду пояш сӯхт. Қафо гашту боз санге гирифта, болои майдони сиёҳӣ партофт. Боз чанг хест. Аз ғазаби он, ки моҳияти воқеаи рӯйдодаро то охир дарк карда натавонист, санги дигареро гирифта, сӯйи санглох андохт. Дар шомгоҳи тира боз оташаке шуъла зад, хасҳои хушки атрофи санглох аланга гирифтанд. Ҳушанг ин дафъа болои аланга чӯбе партофт. Чӯб сӯхт ва аланга баландтар забона зад.
Ҳамин тавр , бо ҳукми тасодуф ва алоқамандию таъсиррасонии ҷисмҳо ва инояти Офаридгор оташ пайдо гардид.
Ҳушанг чанд рӯзро бо оташбозӣ гузаронид. Махсусан шабҳои торик бо ҳамроҳонаш ба ин кор машғул мешуд. Сангро бо санг зада, шарора пайдо карданро омӯхтанд. Ҳушанг дарк намуд, ки оташ барояш кашф гардид ва ба ин муносибат атрофиёнашро ҷамъ оварда, ҷашн орост ва онро Сада номгузорӣ кард.
Бо дарназардошти ин омил Фирдавсии бузург чунин мегӯяд:
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр.
Аҷдодонамон дар майдонҳои васеъ тамоми шаб гулхан афрӯхта, атрофи он рақсу бозӣ мекарданд. Ба муносибати ин ҷашн ба оташ саҷда меоварданду ба осмон кабӯтарҳо сар медоданд. Дар ҷашнгоҳ шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, бо аҳли раияти худ хурсандиҳо мекарданд, базмҳо меоростанд ва шоирон аз ин мавриди мусоид истифода карда, дар васфи оташ, шоҳону амирон шеърҳо навишта, онҳоро ба худотарсӣ даъват менамуданд. Дар васфи ҷашни Сада шоирони бузург, аз ҷумла Фаррухии Сиистонӣ (980-1037), Манучеҳрии Домғонӣ (ваф.1040) ва Адиб Собири Тирмизӣ (1078-1147) қасидаҳо сурудаанд.
Иди Сада то давраи қабули дини мубини Ислом дар Эрон васеъ ҷорӣ буд, баъдан оҳиста-оҳиста таназзул ёфта, дар замони салтанати Ғазнавиён (солҳои 962-1187) аз байн меравад.
Дар кишвари азизамон бо шарофати истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардид.
Ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистани он мутлақо хатост. Ин иди аҷдодии мост, ки пеш аз зуҳури Зардушт пайдо гашта буд. Таҷлили иди Сада ҳеҷ гоҳ набояд хилофи дини мубини ислом дониста шавад. Ин идест, ки аҷдодони дуру наздикамон ба шукронаи пайдо гаштани оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ-муъҷизаи Худодод, яке аз чор унсури офаранда, дар қатори обу хоку бод ин иди бузург ҷашн гирифта шавад.
Хуршеди Сада бар сари мо нурфишон шуд,
Аз шуълаи он гарм дили пиру ҷавон шуд.
Таҳияи Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»