Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

Бахшиши гуноҳ на барои такрори ҷиноят аст

№18 (3319) 10.02.2015

амнистия

Бахшидани гуноҳ ва авфи гунаҳгорон иқдоми бузургест, ки аз нияти неку башардӯстона, меҳру шафқати инсонӣ бармеояд. Чунин иқдоми наҷиб дар арафаи ҷашни 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. То ин давра понздаҳ қонуни  авф қабул шудааст, ки мутобиқи онҳо нисбати бештар аз сад ҳазор нафар маҳкумшудагон, дастгиршудагон, гумонбаршудагон, судшавандаҳо татбиқ гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (29 октябри соли 2014 таҳти №1130) шонздаҳумин қонун дар бораи авф мебошад.

Дар нахустин рӯзи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 нафар ба озодӣ баромаданд.

Минбаъд батадриҷ маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод мегарданд. Тавре ба рӯзноманигорон дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, то ҳол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба 12077 нафар татбиқ шудааст, ки аз ин шумора 377 нафарашон занон мебошанд. Маблағи зарари аз ҷиноятҳо расонидашуда, ки дар ҷараёни татбиқи авф барқарор шудааст, бештар аз 29 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ва 553 ҳазору 965 доллари ИМА мебошад.

Татбиқи қонун дар бораи авф идома дорад. Қабул ва татбиқи он ҷиҳати ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон ва дигар шахсони ҷиноят содирнамуда таъсири мусбӣ мерасонад. Авфи пешниҳодшуда ба сарнавишти инсон, зиндагии хонаводаҳо, тақдири наслҳо иртибот дорад. Онҳоро ҳазорон нафар пирону ҷавонон, ҳамсару наздиконашон бо умед интизоранд.

Онҳое, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои минбаъдаи ҷазо озод мешаванд ё ҷазояшон каму сабук мегардад, аксаран ислоҳ шуда, ба муҳити оила, зиндагии осоишта бармегарданд. Мақсад аз татбиқи қонун дар бораи авф низ ислоҳ шудан ва ба роҳи рост ҳидоят намудани  маҳкумшудагон ва шахсони ҷиноят  содирнамуда мебошад.

Зимни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар чанде аз муассисаҳои ислоҳӣ шоҳид будем, ки авфшудагон ва хешу пайвандони онҳо аз шодӣ ашк мерехтанд. Дар суҳбат низ иқрор  мешуданд, ки аз кирдори худ пушаймонанд ва роҳи дурусти зиндагиро пеша мекунанд.

Авф маънои фаромӯшкуниро низ дорад. Яъне, гузашт ва фаромӯш кардани ҷиноят бо нияти хайр. Дар тафовут аз бахшиши ҷазо авф аз ҷониби  мақомоти олии қонунгузорӣ нисбати шумораи номуайяни шахсони ҷиноят содирнамуда бо мақсади сабук гардонидани ҳолат ва вазъи онҳо қабул карда мешавад.

Аммо на ҳама авфшудагон ба қадри озодӣ, зиндагии орому осоишта ва меҳнати ҳалол мерасанд. Аз муҳлати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» муддати зиёде нагузашта, аллакай баъзеи онҳо амалҳои ҷиноятӣ содир намуданд. Мутобиқи маълумоти мақомоти прокуратура 105 нафар авфшудагон аз нав даст ба ҷиноят задаанд. Як нафари онҳо дар ҷинояти вазнин -куштор ва дигаре қасд ба куштор гунаҳгор дониста мешаванд. Дар амалҳои қисмате аз авфшудагон ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, қочоқи маводи  мухаддир низ ошкор шудааст. Бештар аз 80 фоизи авфшудагон дубора, балки чандбора даст ба дуздӣ задаанд. Ин шояд шуғли «дӯстдошта» ва ягона амале бошад, ки ин тоифа метавонанд, иҷро намоянд.

Дар ин маврид қонунгузорӣ барои такроран содир намудани амалҳои ҷиноятӣ тадбирҳо пешбинӣ намудааст. Зеро таҳлил ва ҳолатҳои ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки на ҳама ҷинояткорон баъди адои ҷазо, бахусус онҳое, ки бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф ҷазояшон кам карда шуда, ба озодӣ баромадаанд, ислоҳ мешаванд. Аз ин рӯ, тибқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» шахсоне, ки нисбати онҳо ду маротиба ва зиёда аз он муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф кам гардидааст, минбаъд нисбати онҳо кам кардани муҳлати ҷазо ва аз ҷазо озод кардан татбиқ намешавад.  Шояд бо татбиқи чунин муҷозот онҳо ба қадри озодӣ расанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»