ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳё ва гиромидошти суннатҳои милливу аҷдодӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз 22- 23 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии юнонӣ- румӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон санаи 25-уми март мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ ва 27-28 март оид ба гӯштии тарзи озод доир мешавад.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон