Дар арафаи таҷлили иди Наврӯзи хуҷастапай китоби силсилағазалҳои адиби рангинбаёну хушзавқ Саидҷаъфар Баёзӣ бо унвони «Найи махзун» пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардид. Ин ғазалҳои дилкашу баландмазмуни худро С. Баёзӣ ба Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхии Румӣ бахшидааст. Тавре дар пешгуфтори китоби нави адиб зикр гардидааст, агар Мавлоно Ҷалолиддин дар ишқи Шамси Табрезӣ сӯхта бошад, Баёзӣ шефтаи Мавлоност, ки инро аз маҷмуаи нави ашъораш хоҳед дарёфт. Баробари 125 ғазали равону шевои ба Мавлонои Балхӣ бахшида, инчунин дар ин китоб якчанд дубайтиҳои Баёзӣ низ ҷой дода шудаанд. Китоби нави адиби хушбаён Саидҷаъфари Баёзӣ ҳадяи хуби наврӯзии хонандагон ба шумор меравад.