Камолҷон ин саҳар падарашро хоб дид. Падар табассум дар лаб бо гунаҳои арғувонӣ даст ба дуо кушода мегуфт: «Барака ёбед, фарзандонам, хока гиред, зар шавад!».
Бедор шуду кори шоми дирӯз анҷомдодааш ба хотираш расид. Онҳо аз рӯи нақша дар арафаи Иди Қурбон чанд тан аз собиқадорони барҷомондаро аёдат карданд. Барояшон чой, қанд,орду равған бурданд. Мӯйсафедон кӯдак барин хурсанд шуданд.
Дасти афтодагону барҷомондагонро гирифтан аз ҷумлаи насиҳатҳои падари худораҳматиаш аст.
Камолҷон зуд аз ҷой бархосту таҳорат кард, тоати саҳаргоҳиро ба ҷо оварду либосҳояшро пӯшида, мошинаашро ба кор дароварда, ба «ҳой мардак, куҷо меравед? Доимо аҳволатон ҳамин,як пиёла чой нӯшед, охир!»- гуфтани ҳамсараш эътибор надода, аз дарвоза баромад. Аз рӯи реҷаи шаб муқарраркардааш ӯ бояд имрӯз аз хоҷагии ёрирасон хабар мегирифт ва ҳолати захираи маводро барои фасли тирамоҳу зимистон месанҷид. Ба нақшаҳо боз зиёрати қадамҷои падари бузургвораш-забҳхона зам гардид…
Бачагии Камолҷону додаронаш Иброҳимҷон ва Аминҷон гӯё дар ҳамин муассиса гузашт. Ҳарчанд падарашон-иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, марди босалобати ҷиддӣ -амаки Ғоибназар ки тамоми умр сарвари муассисаи забҳи чорво (комбинати гӯшт)-и шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) шуда кор мекард, намехост, ки писаронаш ба коргоҳи ӯ оянд. Бачаҳо тез-тез чашми падарро хато карда, ба ин ҷо меомаданд. Дар ин корхона даҳҳо одамони синну солашон гуногун кор мекарданд. Ҳар рӯз ба ин ҷо ба ҷуз коргарони ин корхона боз даҳҳо корафтодагон меомаданд. Амаки Ғоибназар барои ҳама раис буд ва номи ӯро дар ғайбаш низ бо эҳтирому самимият ба забон меоварданд.
Камолҷон бо ифтихор ба муомила ва рафтори падар зеҳн мемонд.
Ҳамеша дар гӯшаш насиҳатҳои падар такрор меёфт: «Фарзандонам, мактабро нағз хонед, одами нек шавед. Одам бо одам зинда аст. Кас бояд накукору роҳатрасони халқ бошад», — мегуфт ӯ ва ин байти Носири Хусравро мисол меовард:
Беҳин коре к-андар зиндагонист,
Накукорӣ, ба кас роҳатрасонист.
Соли 1971, пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 14-и шаҳри Ӯротеппа корвони зиндагӣ Комолҷони наврасро ба шаҳри Самарқанд ба Институти кооперативӣ бурд. Нағз хонд ва соли 1976 бо маълумоти олӣ ва дипломи молшинос ва ташкили савдои хӯрокворӣ ба зодгоҳ баргашт.
Амаки Ғоибназар аз ин муваффақияти писари калонӣ шод гашт. Ӯро ба оғӯш гирифт ва гуфт:
-Писарам, як қисми орзуи маро амалӣ кардӣ! Акнун бо халқ кор мекунӣ. Насиҳатҳои маро фаромӯш накун!
Абулқосими Лоҳутӣ ба ин маънӣ чунин гуфтааст:
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ!
Ҷамъияти матлуботи шаҳри Истаравшан дар мавзеи «Гули Сурх» ҷойгир аст ва 38 соли расо мешавад,ки ин даргоҳ барои Камолҷон Абдуллоев ҷойи кори доимӣ ва боргоҳи муқаддас гаштааст.
Гӯё дирӯзакак буд, ки раиси ҳамонвақтаи ҷамъият- Ислом Аловаддинов Камолҷони ҷавонро ба кор қабул карду гуфт:
-Ту, додар, фарзанди одами нек ҳастӣ. Мо падари бузургвори ту- акои Ғоибназарро устоди худ мешуморем. Пайрави падари худ шав!
Ислом Аловаддинов мураббӣ ва тарбиятгари ҷавонон буд. Камолҷон саҳарии барвақт ба кор омадан ва то бевақтии шаб машғули кор шудан, супоришҳоро сари вақт иҷро кардан ва эҳсоси масъулиятро аз ҳамин марди наҷиб, вале дар навбати худ роҳбари сахтгиру серталаб омӯхт.
Камолҷон ба шарофати ғамхориҳои устодаш дар муддати кӯтоҳ дар ҷомеаи меҳнатӣ обрӯ ёфт. Молшинос буд, сармолшинос шуд. Чун ҳамеша дар ҷустуҷӯи усулҳои нави хизматрасонӣ буд. Дар ин росто, самаранок истифода бурдани имконот, тарзи кушода ҷобаҷокунии молҳо дар рафҳо, истифодаи самараноки толор ва ғайраро дар амал ҷорӣ намуд, ки самараи хуб оварданд.
Дар натиҷа, дар 30-солагӣ директори Универмаги «Гули Сурх» таъин шуд, ки он замон ин маркази боҳашамати савдо беш аз 100 нафар коргар дошт ва зиёда аз 85 фоизи онҳо занону духтарон буданд. Дар заминаи роҳбарии оқилонаи Камолҷон Абдуллоев ин маркази бузурги савдо панҷ маротиба соҳиби вимпели сайёри «Сентрсоюз» (дар мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқии Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзида, дар байни ҳазорон ташкилотҳои бонуфуз ғолиб омадан кори ҳазл нест) ва мукофоти пулӣ гардид. Бригадаи комсомолҷавонони он ҳашт маротиба бо диплом ва вимпелҳои «Сентрсоюз» қадршиносӣ карда шуданд.
Як муддат дар анборҳои Универмаги «Гули Сурх» маҳсулоти зиёде боқӣ монданд. Раиси ҳамонвақтаи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Ленинобод Абдуллоҷон Ҳакимов дар як ҷамъомад вазъиятро таҳлил кард. Роҳи илоҷи ин корро ёфтан даркор, вагарна ғолибият аз дастатон меравад»,- гуфт ӯ. Камолҷон зуд ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафт.
Бо ду корхонаи калонтарини ин шаҳр-заводи лампабарорӣ, ки 11 ҳазор коргар ва заводи тракторсозӣ, ки 23 ҳазор коргар дошт, шартнома баста, фурӯши молҳоро ба роҳ монд.
«Барои кордон кор осон» -мегӯянд. Камолҷон Абдуллоев тӯли солҳои минбаъда дар вазифаҳои раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳри Ӯротеппа, муовини директори Базаи яклухтфурӯшии Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Ленинобод, директори Базаи хариду фурӯши ноҳияи Нов вазифаи худро аз рӯи виҷдон, эҳсоси масъулият ва ҳалол иҷро кард. Моҳи августи соли 2011 раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳри Истаравшан таъин гардид.
Камолҷон Абдуллоев корро дар ин даргоҳи барояш азиз аз баррасии вазъият, омӯзиши нақшаю чорабиниҳои ҷомеаи меҳнатӣ ва кадрҳо оғоз кард. Ба нақшаю чорабиниҳо иловаҳо ворид кард, диққати асосиро ба иҷрои бемайлони дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона кард. Дар натиҷа, соли 2011 дар муқоиса ба соли 2010 истеҳсоли маҳсулоти худӣ 134,3 фоиз ва маҳсулоттайёркунӣ 122,3 фоиз таъмин гардид. Баъдтар ин нишондиҳандаҳо боз афзоиш ёфтанд. Масалан, муомилоти моли чакана, агар дар соли 2011-ум 3423014 сомониро ташкил карда бошад, соли 2013 он ба 3775000 сомонӣ расид.
Камолҷон Абдуллоев соҳиби оилаи хуб ва фарзандони нек аст.
Ба ин марди хоксору одӣ, закиву доно, бомаърифат ва хайрхоҳи мардум комёбиҳои нав ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.
Ба қавли шоир:
Баҳри хидмат ҳар кӣ барбандад миён,
Бошад аз офоти дунё дар амон!
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»