Мансубияти шахс ба миллат ва ё давлате дар навбати аввал аз тарзи ифода ва шакли навишти номи ӯ аён мегардад. Рафту зимни мутолиаи рӯзнома ё худ тамошои телевизион ба гуфтору андешаи шахсе мароқ зоҳир намоем, дарҳол тавассути ному насабаш ба осонӣ муайян мекунем, ки ин фард мутааллиқ ба кадом миллат аст. Воқеан, дар чунин ҳол якбора хаёли кас бидуни ихтиёр ба самти кишваре кашида мешавад, ки фарди мутаваҷҷеҳи шумо мансуби он аст. Ҳамин як мушоҳидаи хеле одӣ худ шаҳодати он аст, ки ном дар навбати аввал муаррифгари миллату давлат маҳсуб меёбад. Ниҳоят дар чунин сурат метавон ба хулосае расид, ки ном ва номгузорӣ дар сархати арзишҳои миллӣ қарор дошта, он аз ҳар як соҳибватан муносибату эҳтироми хосаро тақозо мекунад.
Бароямон хуб маълум аст, ки то оғози ҳамон таҳаввулоти чашмгири охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми замони шӯравӣ, ки барои номгузории миллӣ заминаи хуб фароҳам оварда буд, онҳое бо ному насаби миллӣ кору зиндагӣ мекарданд, ки қисмати зиёдашон мансуби соҳаи адабиёт ва ё хештаншиносони даври худ буданд. Маҳз ҳамин табақаи аз нигоҳи сиёсию маънавӣ фаъол он вақт аз аввалинҳо шуда, қолаби номгузории ғайримиллиро шикаста, рӯ ба номгузории аҷдодӣ оварданд. Ин ҷо таъкид кардан бамаврид аст, ки Истиқлолияти давлатӣ суръати ин равандро дучанд тезонд. Аксар зодагони ин давр бо ному насаби миллӣ номнавис шудаанд. Cарвари давлат ҳам ба хотири тақвияти ин раванди хештаншиносӣ ному насаби хешро миллӣ намуд. Мутаассифона, ду- се соли охир бо таъсири ҳар гуна омилҳои муайяни бегонаю манфӣ суръати номгузории миллӣ заиф гардид. Ин амали бисёр номатлуб, ки аслан аз ҳар гуна овозаҳои беасос сарчашма мегирад, дар навбати аввал миёни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба мушоҳида мерасиду мерасад.
Мушоҳидаҳои ин омили нохуш дар минтақаи Кӯлоб нишон дод, ки дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ қисмате аз хатмкунандагон масъулияти маъракаи имтиҳонҳои давлатии хатмро канор гузошта, пайи иваз кардани ному насаби зебои миллии худ ба шакли номгузории ғайр, бахусус номгузории замони шӯравӣ мешаванд. Моҳҳои майю июни ду- се соли охир дохилу беруни шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби ҳамин ивазкунандагони ному насаб бозори гардонро мемонд.
- Муаллима, чӣ зарурате пеш омад ба иваз намудани ному насаби аҷдодии фарзандат? — мепурсам аз омӯзгори яке аз мактабҳо.
- Мегӯянд, ки бо ин гуна ному насаб дар мактаби олӣ дохил шудану ба Федератсияи Россия рафтан душвор аст, — ба суолам посух мегӯяд муаллима.
- Ҳамшаҳрии паҳлавонамон Искандари Рустам ва мисли ӯ баринҳо дар даҳҳо мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, билхоса Олимпиадаи Лондон, бо ҳамин ному насаби сирф тоҷикӣ иштирок кард ва ҳеҷ мушкилоте пеш наомад. То имрӯз нафареро ҳам надидаем, ки ба хотири ному насаби миллӣ шуда, аз ягон донишгоҳи дохилу хориҷ ва ё муҳоҷирини меҳнатиеро аз Федератсияи Россия хориҷ карда бошанд. То ҳол ба ягон мусофири ҳавопаймои Кӯлоб-Москва, ки шумораи солонаи онҳо беш аз 200 ҳазорро ташкил мекунад, ному насаби миллӣ монеъ нагаштааст, — гуфтам ба муаллима.
Нахуст ба Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб омадам. Ташвишу авзои корафтодагон дурудароз диққатамро ба худ кашид. Аён гардид, ки аксар пайи ивази ному насабанд.Кормандон ба қавле вақти сархорӣ надоштанд. Сипас, бо мушкилӣ назди сарвари муассиса даромада, баъди муаррифӣ аз вазъи фаъолият, бахусус серкориашон пурсон шудам.
- Афзудани ҳаҷми кор боис шуд, ки чанд нафар коргаронро таври шартнома ба кор қабул намоем, -гуфт дар хулосаи суҳбат мудири шуъбаи САҲШ.
Ин ҳолати ҳузнангез водорам намуд, ки аз чанд мактаби шаҳри Кӯлобу дигар муассисаҳои таълимии навоҳии минтақа, бахусус шуъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии онҳо дидан намоям. Дар ҳама ҷо такопӯйи номивазкунӣ. Аз ҳолати кор ва суҳбат бо масъулини САҲШ аён гардид, ки барои пешгирии ин омил, ки натиҷааш ба бод додани арзишҳои миллист, ҳеҷ гуна тадбиреро ба анҷом нарасонидаанд. Дар ҷое як сатри таблиғотиро бо мақсади паст намудани суръати ин омили нохуш мушоҳида накардем. Баръакс тавассути чанд маротиба зиёд кардани воҳидҳои кории шартномавӣ номивазкуниро ба як маъракаи серғавғои пулҷамъкунӣ табдил додаанд. Ба омори сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар соли 2014 рӯ меорем ва мебинем, ки ин рақамҳо ба ҷуз ноҳияи Муъминобод дигар дар ҳама ноҳияҳо ташвишоваранд. Чунончӣ, дар шаҳри Кӯлоб аз 5078 навзод-56 нафар, дар ноҳияи Восеъ аз 5454 — 961 нафар, Фархор аз 5160 -106 нафар, Темурмалик аз 1805 -123 нафар, Ховалинг аз 1376 — 375 нафар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 4192- 491 нафар ва ноҳияи Муъминобод аз 2491 навзод-1153 нафар дар қолаби ному насаби миллӣ номнавис шудаанд. Ҳол он ки дар моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки «Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ном дорад, омадааст: — «Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд».
Тавре мебинем, бар хилофи ин қонуни рӯзмарраи тақдирсоз дар шуъбаи САҲШ-и шаҳри Кӯлоб танҳо як фоизи навзодон тибқи арзишҳои миллӣ номгузорӣ шудаанд. Ин рақам воқеан ҳам боиси таассуфу нигаронист. Аҷоиботро бинед, ки ин нишондод дар ноҳияи ҳаммарзи он — Муъминобод 46 фоизро ташкил мекунад. Мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Муъминобод Шарифамоҳ Мирзоева зимни суҳбат гуфт, ки роҳи ҳалли дурусти ин масъала ба худи мо — масъулини соҳа вобастагӣ дорад. Агар мо дилсӯзи касби хешу Ватан бошем, дар асоси қонун фаҳмонида дода тавонистани волидон ҳеҷ мушкилоте надорад.
Ин ҳолати нигаронкунандаро зимни баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки қисмати зиёди раисони шаҳру навоҳии минтақа ва масъулини САҲШ ҳузур доштанд, пурсон шудем. Қисме дар посух аз ин масъулият худро канор гирифта, иллати мавҷударо ба дӯши волидону оилаҳо гузоштанд. Дар ин миён танҳо мавқеъгирии раиси ноҳияи Темурмалик Мирзохон Гулмаҳмадзода боиси қабули ҳамкасбони мо гардид. Номбурда сардори шуъбаи САҲШ-и ноҳия ва фаъолони дар толорбударо вазифадор намуд, ки барои ислоҳи ин мушкилот амалҳои фаҳмондадиҳию тарғиботиро дар миёни мардум суръат бахшида, тибқи арзишҳои миллӣ, ки тақозои рӯзу замон аст, ному насаби хешро ислоҳ намоянд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату кишвар, ватандӯстию инсонпарварӣ, мустаҳкам намудани сутуни оиладорӣ ва дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ тарбияву ба камол расонидани насли наврас дастуру супоришҳо доданд. Оид ба беҳтар дар ҳаёт амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастур доданд, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ-ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Қонуни мазкур аз мо, падару модарон, талаб мекунад, ки ба фарзандони худ вобаста ба арзишҳои миллӣ ному насаби шоиста гузорем.
Акнун зери роҳнамоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси он рӯи кор омадани ниҳоди нав ва эълон гардидани соли 2015 – Соли оила ба он бовар ҳастем, ки мушкилоти мазкур роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»