Дар арафаи Ҷашни Наврӯз Нуралӣ Муродов ном сокини деҳаи Санги Ғури деҳоти ба номи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз муаллифи ин сатрҳо хоҳиш намуд, ки бо гурӯҳи журналистон меҳмони сокинони деҳаи онҳо шавем.Баъди ин хоҳиш аз ӯ сабаб пурсидам ва Нуралӣ дар посух гуфт:
- Деҳаи мо қадимтарин ва дурдасттарин деҳаи ноҳияи Ховалинг аст. Деҳа дар соҳили рости дарёи Яхсӯ қарор дорад ва барои расидан ба шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг роҳи ҳамвору дуруст надорем. Деҳа аз рӯи масофа дар муқоиса ба маркази ноҳияи Ховалинг ба шаҳри Кӯлоб наздиктар аст. Аввали тирамоҳ мо як гурӯҳ сокинони деҳа бо маслиҳати раиси ноҳия Нурулло Мирзоев ба хулоса омадем, ки то фарорасии Ҷашни Наврӯз рӯи дарёи тезҷараёни Яхсӯ дар шакли овезон пул бунёд намоем. Раис ба мутахассисони кӯпруксоз лоиҳа фармоиш доданду сокинони деҳа бо сарварии соҳибкор Сафар Гадоев пайи ҷамъоварии маблағ шуданд. Маблағи аввалин ба хазинаи кӯпрук дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ворид гардид. Дар ин кори хайр мо афроди зиёди саховатмандро ҷалб намудему кӯпруки овезонро бо паҳнои 2,5 метр ва дарозии 127 метр бунёд кардем. Имрӯз деҳаи Санги Ғур бо шарофати расидани Наврӯз ҳусну таровати дилкаш дорад ва хуб мешуд, ки шумо- журналистон меҳмон мегаштеду он кӯпрукеро, ки орзу мекардем, бо чашми хеш медидед,- гуфт Н.Муродов.
Бо чанд нафар аз ҳампешагон ба деҳаи Санги Ғур омадем. Хурду калони деҳа ва масъулини сохтмонро андармони охирин корҳои сохтмонӣ дидем. Раҳбаладамон Нуралӣ Муродов ҳозирбудагонро муаррифӣ намуд. Дар ин миён бо ташаббускори асосии кӯпрук, соҳибкор аз шаҳри Қӯрғонтеппа Сафар Гадоев, устои кӯпруксоз аз ноҳияи Айнӣ Маҳмадсайид Ҷумъаев, кафшергарон Самариддин Мирзоев, Нуралӣ Гадоев, таъмингарони масолеҳи сохтмонӣ Абдулвоҳид Шарифов, Сабзаалӣ Ҳамидов, роҳбари сохтмон Султон Халифаев ва вакили Шӯрои ҷамоат Исмоналӣ Бозоров аз наздик ҳамсуҳбат шудем.
И.Бозоров аз натиҷаҳои фоҷиабори бероҳию бекӯпрукии деҳа қисса карда, афзуд, ки ташкили маъракаи ҳашару бо қувваи корӣ таъмин намудани сохтмон ба зиммаи ӯ вогузор шудааст.
Суҳбат бо устои кӯпруксоз Маҳмадсайид Ҷумъаев бароямон хеле писанду хотирмон буд.
- Ман аз ҷумлаи устоҳои забардасти кӯпруксоз дар шакли овезон ҳастам,- гуфт номбурда. -Дар сохтмони чунин кӯпрукҳо иштирок карда, саҳм гузоштаам. Кӯпруки болои дарёи Панҷи мавзеи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайвандад, аз ҷумлаи онҳост. Вақте ки соҳиби лоиҳа Юлдош Эргашев маро ба тарҳи сохтмон ошно кард, бидуни шартномаи корӣ ба бунёди он розӣ шудам, зеро зарурияти онро барои мардуми деҳа дарк намудаам. Панҷ моҳ боз фарзандонро надидаам, зеро қавл додам, ки то ин кӯпрукро бунёд насозам, ба хона барнамегардам. Бофтаи фӯлодини ин кӯпруки овезон барои даҳ тонна аст, аммо айни замон мо убури нақлиёти то панҷ тонна вазндоштаро тавсия медиҳем…
Нигоҳамро аз чеҳраи ҳамсуҳбатам лаҳзае дур мекунам ва назар ҷониби деҳа ва пуштаҳои сабзпӯшу махмалини он менамоям. Сад шукр мекунам, ки мардуми мо дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ кору пайкор доранд. Ба харсангҳои азим бархӯрдану овози баланд баровардани мавҷҳои тезу хурӯшони дарёи Яхсӯ гӯё ин хулосаю андешаҳои бандаро таври худ ҷонибдорӣ мекарданд.
Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»