Тухмии хушсифат омили муҳими таъмини амнияти озуқаворист

№44 (3029) 09.04.2013

Яке аз  заминаҳои таъмини амнияти озуқавории мамлакат  коркарду  ихтирои тухмиҳои навъи серҳосил,  хушсифат, ба касалӣ ва хушксолӣ тобовар мебошад. Бо мақсади дарёфти маълумоти бештар доир ба вазъи соҳаи тухмипарварӣ ба Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намудем.

Тавре муовини сардори раёсати мазкур Одил Ҳомидов иттилоъ дод, имрӯз дар ҷумҳурӣ 48 хоҷагии махсуси тухмипарварӣ фаъолият дорад, ки аз он 30 хоҷагӣ ба парвариши чигити тухмӣ, шаш хоҷагӣ ба парвариши тухмии ғалладонагӣ, нуҳ хоҷагӣ ба парвариши картошкаи тухмӣ, ду хоҷагӣ ба парвариши тухмии сабзавот ва як хоҷагӣ ба парвариши тухмии юнучқа машғуланд. Аз 48 хоҷагии зикршуда 23-тоаш ба вилояти Хатлон, 12-тоаш ба вилояти Суғд, 3-тоаш ба ВМКБ ва 10-тои боқимонда ба ноҳияҳои тобеи марказ мансуб мебошад.

Тавре Одил Ҳомидов изҳор дошт, дар давоми солҳои 2006-2012 бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ аз дохил ва хориҷи кишвар  ба маблағи 15 миллиону 121 ҳазору 600 сомонӣ 7020,2 тонна картошкаи тухмӣ, ба маблағи 10 миллиону 137 ҳазор сомонӣ   2937,7 тонна гандуми тухмӣ, ба маблағи 7 миллион сомонӣ  360 тонна чигити тухмӣ бо 15 тухмипошаки замонавӣ ва ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ 165 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ харидорӣ шудааст.

-Тухмие, ки дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад, барои қонеъ кардани талаботи мардум мерасад, -мегӯяд Одил Ҳомидов, — вале, мутаассифона, нисбат ба тухмии аз хориҷ воридшаванда  сифати хеле паст дорад. Аз ин рӯ, барои гирифтани ҳосили зиёд ва беҳтар кардани сифати маҳсулоти кишоварзӣ як миқдор тухмии навъи олии гандум ва картошка аз Федератсияи Россия, ҷуворимакка аз Қазоқистон, чигит аз Туркия харидорӣ мешавад. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 50363 тонна тухмии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, шолӣ, лӯбиёгӣ ва дигар намуди ғалладонагӣ захира шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 6769 тонна зиёд мебошад. Захираи картошкаи тухмӣ 32322 тонна ва тухмии сабзавот 61 тоннаро  ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9240 тонна ва ҳашт тонна зиёд аст. Захираи чигити тухмӣ дар соли 2012-ум  31732 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011-ум 3489 тонна зиёд мебошад.

Дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқониву ҷамоавӣ барои соли 2013 дар майдони 665880 гектар пешбинӣ шудааст, ки аз ин ҷумла 200082 гектарашро кишти чигит ташкил медиҳад. Ба суоли мо оид ба сифати чигит Одил Ҳомидов гуфт, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ се корхона дар самти лучкунии пунбадонаи тухмӣ фаъолият менамояд. Пунбадонаи лучкарда нисбат ба пунбадонаи патдори тухмӣ намии мавҷудбударо ба тезӣ ва якгуна қабул намуда, суръати тези нешзании якхеларо таъмин менамояд, обмониро ду маротиба кам мекунад. Ғайр аз ин, агар барои як гектар замин 100-120 кг пунбадонаи патдори тухмӣ истифода шавад, дар ҳамин масоҳат 30-35 кг пунбадонаи лучкарда кифоя аст. Пунбадонаи лучкарда, ки нешзанӣ ва нашъунамои якхела дорад, ҳосили барвақтиро таъмин менамояд. Зикр кардан бамаврид аст, ки барои тайёр кардани 30 кг пунбадонаи луч, 37 кг пунбадонаи патдор коркард мешавад. Ҳамин тавр, агар аз ҳар як гектар 85 килограммӣ пунбадона сарфа шавад, пас аз 10000 гектар замини кишти пахта 850 тонна пунбадона сарфа мегардад.

Доир ба  вазъи хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ сухан ронда, Одил Ҳомидов гуфт, ки соли 2005 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Шветсария бо мақсади рушд ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Тибқи созишномаи мазкур, дар доираи Барномаи оҷонсии ҳамкории байналхалқии Конфедератсияи Шветсария (Sida) як қатор корҳо ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ ба иҷро расид. Аз ҷумла бинои бозрасии назорати давлатии тухмӣ, озмоишгоҳи тухмисанҷӣ дар маркази ҷумҳурӣ ва озмоишгоҳҳои дар вилоятҳои Суғду Хатлонбуда таъмир ва бо таҷҳизоти лаборатории ҳозиразамон муҷаҳҳаз шуданд. Инчунин барои татбиқи барномаҳои селексионӣ Институти зироаткории Академияи илмҳои кишварзии Тоҷикистон ва филиали он дар вилояти Суғд, кооперативи истеҳсолии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии «Чилгазӣ»-и ноҳияи Исфара, стансияҳои навъсанҷии ноҳияҳои Қубодиён, Б. Ғафуров, Муъминобод ва шаҳри Турсунзода бо техника ва мошинолоти замонавӣ, аз ҷумла нуҳ трактори МТЗ-1025, нуҳ ядаки тракторӣ, нуҳ чархмола, 12 тухмипошак, 11 ғаллакӯбак, ҳашт дорупошак, ҳашт нурипошак, нуҳ испори сетанагӣ, нуҳ ҷӯйборкаши байниқаторӣ ва ду таҷҳизот барои муайян намудани сифати нахи пахта таъмин шуданд. Илова бар ин, бо маблағи 403 ҳазор сомонӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур озмоишгоҳи тухмисанҷӣ ва гармхона барои муайян намудани устувории растаниҳо ба касалиҳо сохта, бо асбобҳои лозима таҷҳизонида шуд. Дар доираи барномаи мазкур бинои чорқабатаи идораи асосӣ ва  Озмоишгоҳи химикию технологӣ барои корҳои навъсанҷӣ дар марказ бо маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, сехи лучаккунии кислотагии чигити тухмӣ дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор бо маблағи 1 миллиону 23 ҳазор сомонӣ   сохта, мавриди истифода шуд. Тибқи барномаи мазкур, то охири соли 2014 дар ҷумҳурӣ бояд  истеҳсоли чигити тухмӣ ба 35500 тонна, гандуми тухмӣ ба 80 750 тонна ва картошкаи тухмӣ ба 115000 тонна расонида шавад. Озмоишгоҳи ташхиси сифати тухмии Бозрасии назорати давлатии тухмӣ аз моҳи январи соли 2009 барои узвият ба Ассотсиатсияи байналмилалии ташхиси сифати тухмӣ (ISTA) дархост пешниҳод намуд ва аз соли 2009 инҷониб узви комилҳуқуқи он мебошад.

Дар охир зикр кардан бамаврид аст, ки ҳарчанд  соҳаи тухмипарварии мамлакат сол то сол инкишоф  ёбад ҳам, аммо масъулинро мебояд дар ин самт корро ҷонноктар намоянд, зеро рушди соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама ба тухмии  босифат вобастагӣ дорад.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»