Ниҳолшинонӣ дар боғи «Ғалаба»
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»). Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат дар Раёсати Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Душанбе ва боғи маданӣ-истироҳатии «Ғалаба» ҳашари ниҳолшинонӣ ва тозаю озода гардонидани атрофи он доир гардид.
Тавре аз Раёсати номбурда иттилоъ доданд, дар ин тадбири экологӣ донишҷӯёну варзишгарони донишкадаҳои пойтахт иштирок намуда, зиёда аз 200 бех дарахтони гуногуни ҳамешасабз шинонида, майдони 600 метри мураббаъро гулкорӣ карданд. Онҳо ният доранд, ки ин иқдоми наҷибро дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаҳои минбаъда низ идома диҳанд.
Омодагӣ ба анҷуман
ҚӮРҒОНТЕППА. ( Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»). Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Иттиҳоди интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони Шӯрои интернатсионалистони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа доир гардид. Ҷаласаро раиси Иттиҳоди интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзоев ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз корҳои анҷомдода оид ба омодагӣ ба анҷумани якуми Иттиҳоди интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 апрели соли 2015-ум баргузор мегардад, шинос намуд. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки нақши сарбозону афсарони интернатсионалист бобати тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, худшиносии миллӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ хеле назаррас мебошад.
Ихтиёриён ба хизмати Ватан рафтанд
НОСИРИ ХУСРАВ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»). Ноҳияи Носири Хусрав нақшаи сафарбарии ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, дар вилоят иҷро намуд.
Тибқи иттилои комиссари ҳарбии ноҳия Амиралӣ Завқиев ҳамаи ҷавонони даъватшуда аз ҷумлаи ихтиёриён мебошанд. Маросими гусели наваскарон дар ин ноҳияи дурдасти сарҳадӣ бо ибтикори роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хос ва барои наваскарону волидайни онҳо басо хотирмон сурат гирифт.
Интихоби тухмӣ асоси фаровонҳосилист
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»). Кишоварзони Кооперативи истеҳсолӣ-тухмипарварии «Сабз-Н», ки дар деҳоти «Зарбдор» ҷойгир асту солҳои охир бо натиҷаҳои истеҳсолии худ дар миқёси вилояти Хатлон маъруфияти хосаро соҳиб гаштааст, нахустин шуда, дар миёни хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба маъракаи кишти пунбадона муташаккилона оғоз бахшиданд. Деҳқонони хоҷагии мазкур ҳамасола ба интихоби тухмӣ ва хуб тайёр кардани замин диққати хоса дода, навъи тухмиеро кишт менамоянд, ки серҳосилу ба ҳар гуна ҳашарот тобовар бошад.
- Барои анҷоми саривақтии кишт мо ҳама имконияту шароити истеҳсолиро дар ихтиёр дорем, -гуфт дар суҳбат сарвари хоҷагӣ Нуралӣ Шарифов.
Ҷамъбасти семоҳа натиҷагирӣ шуд
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум).Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид. Дар маҷлис доир ба корҳои анҷомдода дар семоҳаи аввали сол сухан рафт. Раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, пеш аз ҳама, аз рафти даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд.
Масъалаи дигари муҳими рӯз оғози киштукори баҳорӣ дар ноҳия буд. Масъулини соҳа иброз намуданд, ки барои оғози киштукори баҳорӣ дар ноҳия тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва бовар дорем, ки кишоварзон дар муҳлати кӯтоҳ онро ба анҷом мерасонанд.
Қаноатмандӣ аз кори кишоварзон
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»). Деҳоти «Ҳиҷборак» дорои заминҳои зиёди обӣ мебошад. Соли равон кишоварзон дар ин мавзеъ, тибқи нақша дар майдони 397 гектар намудҳои гуногуни зироат кишт мекунанд. Аз ҷумла кишти 126 гектар картошка дар назар аст. То имрӯз картошкапарварон 17 гектар заминро шудгор ва барои кишт омода намуда, дар майдони панҷ гектари он картошка кишт кардаанд. Ҳамчунин дар майдони 20 гектар гандум кишт шудааст.
Тибқи нақша, панҷ гектар бунёди боғи нав дар назар дошта шуда буд, ки аллакай иҷро шудааст. Боғпарварони деҳоти мазкур панҷ гектар боғи куҳнаро низ навсозӣ намудаанд.
КӮПРУКИ НАВ СОХТА ШУД
ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»). Кӯпруки пиёдагарди миёни деҳаҳои Сижд ва Ривак дар ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва ташкилоти «Фокус»-и кумаки башардӯстонаи ИМА бо маблағгузории Барномаи «JICA» -и Ҳукумати Ҷопон оид ба рушди деҳот аз нав сохта шуд.
Барои сохтмони кӯпрук аз ҷониби Барномаи «JICA» 218 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.
Аксияи «Тозагии соҳил»
ҲИСОР. ( Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»). Дар деҳоти «Навобод» ва ба номи Мирзо Ризо бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳолӣ аксияи « Тозагии соҳил» баргузор гардид. Ҳашарчиён шафати ҷӯю канал ва дарёро, ки аз ҳудуди деҳоти мазкур мегузаранд, аз ҳар гуна партовҳо тоза карданд. Масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои тоза кардани минтақаҳои хавфноки дарёи Чангоб, ки эҳтимол бар асари баланд шудани сатҳи оби он ба аҳолӣ зарар расонад, техникаи заруриро истифода бурданд. Ҳамчунин канали Ҳисор, ки аз ҳудуди чор деҳаи деҳоти ба номи Мизо Ризо гузашта 3,5 километр тӯл мекашад, бо дастаҷамъии аҳолӣ аз партовҳо тоза карда шуд.
Дар аксияи « Тозагии соҳил» аз ҳар ду деҳоти номбурда 500 нафар сокинон фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 250 куб партовҳоро аз шафати соҳил, каналу дарё ва кӯчаву маҳаллаҳо тоза намуданд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Ба мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91