Конфронсҳои илмӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд

№55 (3356) 18.04.2015

Ҳамасола ба ифтихори «Рӯзи илми тоҷик» дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи конфронсҳои илмӣ баргузор мегардад.Соли равон ин конфронс бо таҷлили ҷашнвораҳои бошукӯҳи «3000-солагии Ҳисор», «700-солагии мутафаккир ва орифи номдор Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва «Соли оила» рост омад.

- Баргузор намудани чунин конфронсҳои илмӣ дар донишгоҳи мазкур ба ҳукми анъана даромадааст ва раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст,ки натиҷаи заҳмату пажӯҳишҳои илмиву амалии ҳар як нафар иштирокчии фаъоли ин конфронсро қадршиносӣ намояд, -гуфт дар оғози конфронс Анвар Мақсудов -ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва ба тамоми устодону шогирдон ҷиҳати фатҳи қуллаҳои баланди донишу хирад ва дастовардҳои нодири илмӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Дар рӯзи нахустини ин конфронс чанд маърӯзаи илмӣ, аз қабили «Модели сохтани нақшаи таълимии компетентнок дар мисоли ихтисосҳои технологияи иттилоотӣ» аз ҷониби Анвар Мақсудов — ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров , «Масъалаҳои оиладорӣ аз дидгоҳи демографӣ» аз ҷониби Нодира Додобоева — дотсенти факултети геоэкология , «Вазъи сиёсии мулки Ҳисор дар охири асри XVIII ва аввали асри-XIX» аз ҷониби Ҷ. Абдукаримов — муаллими факултети таърих ва ҳуқуқ ва дигар мавзӯъҳои илмӣ қироат карда шуданд.

Бино ба иттилои сардори Маркази таҳлил ва иттилооти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд мутобиқи барномаи конфронси мазкур маҷлису машваратҳои илмӣ дар 133 бахш , аз ҷумла 65 бахши устодону олимони ҷавон  ва 68 бахши магистрантону донишҷӯён баргузор мегарданд.Дар маҷмӯъ, дар барномаи конфронс 1353 маърӯзаи илмӣ пешниҳод мешавад ва раёсати донишгоҳ  натиҷаҳои талошу ҷустуҷӯҳои илмиву амалии ҳар як иштирокчии фаъоли конфронсро дар «Рӯзи илми тоҷик», санаи 21 –уми апрел қадршиносӣ хоҳад кард.

А. САЛИМЗОДА