Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тақвияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм аҳамияти махсус зоҳир намуда, таъкид карданд:
«Бинобар ин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем».
Чанде қабл дар толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот» баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламо, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ, профессорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, намояндагони мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Бино ба гуфти масъулони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд конференсияи мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки имрӯзҳо аз таъсири муҳоҷират рӯ ба афзоиш дорад ва таҳлилу омӯзиши сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда доир шудааст.
Шариф Назарзода — сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шомил шудани ҷавонони шимоли Тоҷикистонро ба ҳизбу гурӯҳҳои мамнуъшудаи «Ҷундуллоҳ»-у «Ансоруллоҳ» маҳсули ҳиҷрати тӯлонии онҳо ба хориҷи кишвар, бахусус ба Федератсияи Россия арзёбӣ намуд.
- Мутаассифона, аксари мавридҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз омилҳои мусбии муҳоҷират назири касбомӯзиву беҳтар намудани вазъи иқтисодии оила баҳравар нагашта, дар заминаи гумроҳиву сатҳи пасти ҷаҳонбинии хеш фирефтаи макри нопоки гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд, — афзуд номбурда.
Дар идомаи суханрониаш генерал Шариф Назарзода таъкид кард, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ — экстремистӣ фаъолияти дастаҷамъонаву пурсамари тамоми табақахои гуногуни ҷомеа ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро тақозо менамояд.
Дар конференсия муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов низ сухан ронд.
Инчунин прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов, устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршоҳ Шарифов, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода роҷеъ ба мавзӯи мазкур ибрози назар карданд.
Абдувосит САЛИМЗОДА