Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ карда, аз муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ёдоварӣ кард. Зикр гардид, ки олимони тоҷик бо кашфи роҳу усулҳои нав дар соҳаҳои илмии худ дар самти рушд бахшидан ба иқтисодиёти мамлакат саҳм мегузоранд.
Намоиши дастовардҳои илмии соҳаҳои физика, биология, кишоварзӣ, технологияи соҳавӣ ва асарҳои илмии тозанашр бахши ҷолибтарини чорабиниро ташкил медод.
Техника ба мавсим омода аст
ИСТАРАВШАН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») -Дар ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан таъмири трактор ва мошинҳои кишоварзӣ хеле бармаҳал оғоз ёфта буд,- мегӯяд муовини сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Афзуналӣ Абдуваҳҳобов. — Дар натиҷаи ташкили хуби кор ва фароҳам овардани шароит аз 683 адад трактор ва мошинҳои хоҷагии қишлоқ 664 ададаш аз таъмир бароварда шуд, ки имрӯз омодаи коранд, — гуфт ӯ. Бино ба гуфтаи мавсуф, натиҷаи хуби фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии техникии ба номи Ҷалол Матбобоев буд, ки имрӯз 61 адад трактор ва мошинҳо аз таъмир бароварда, ба кори саҳроӣ сафарбар карда шудаанд.
Нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро шуд
ТАВИЛДАРА. (Диловари МИРЗО. «Садои мардум») Имсол ҳангоми даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксари ноҳияҳои минтақаи Рашт пешравиҳо ба назар мерасанд. Дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон ва тарғиби тарбияи ватандӯстӣ ҷавонони бонангро водор менамояд, ки ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд.
Аз суҳбат бо муовини якуми раиси ноҳияи Тавилдара Қурбон Маҳмадов маълум гардид, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон пеш аз муҳлат иҷро шуд.
Саҳми кормандони мақомот дар нигоҳубини боғи «Дӯстӣ»
ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Соли гузашта бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар мавзеи Саринамаки деҳоти «Қарақамиш» дар ҳудуди шаш гектар боғи содиротӣ бунёд карда шуд, ки нигоҳубину парвариши онро худи кормандони мақомоти мазкур ба уҳда доранд. Боғи навбунёд аз ниҳолҳои зардолую шафтолу, себу нок ва гелосу чормағз иборат аст.
-Мо меҳнати аҳлонаю пурсамари кормандони мақомотро ба инобат гирифта, ба боғи бунёдкардаамон «Дӯстӣ» ном гузоштем. Дар рӯзҳои фориғ аз кор ҳама дастаҷамъона ба ин мавзеи дилкаш омада, истироҳат мекунем ва дар баробари он вазъи сабзиши ниҳолҳоро наззора менамоем ва баъзе корҳои рӯзмарраро ба анҷом мерасонем,- мегӯяд мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Суҳроб Давронов.
Амали хайру савоб
ШАҲРИТУЗ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ноҳия гузаронидани амали хайру савоби кумак ба шахсони ниёзманду маъюб, ятимон ва оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.
Чунин амали хайру савоб аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастпарварони мактаб-интернати ноҳия анҷом дода шуд. Ба толибилмони ин даргоҳ сару либос ва маводи гуногуни истеъмолӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва ғайра тақдим гардид.
Боздиди омӯзгорон аз вилояти Суғд
БОХТАР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Як гурӯҳ сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бохтар барои аз таҷрибаи бойи кории ҳамкасбони худ воқиф шудан ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Ба гурӯҳ мудири бахши методии шуъбаи маорифи ноҳия Умед Холмуродов роҳбарӣ кард.
Ин омӯзиш бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар сурат гирифт.
Муддати се рӯз омӯзгорони бохтарӣ бо таҷрибаи хуби кории ҳампешагони худ ва кору фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Созмони ҷавонони деҳоти «Ҷафр» бахшида ба 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мусобиқаи футболбозонро ташкил намудааст. Дар ин мусобиқа аз деҳаҳои ҳудуди деҳоти ноҳия ва деҳаҳои ноҳияи Тоҷикобод 12 даста ширкат меварзанд.
-Бозии футбол вақтҳои охир дар байни ҷавонони ноҳияи мо нуфузи зиёд пайдо намудааст. Ташкили мусобиқаҳои гуногун дар тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии футболбозони наврас кумак намуда, завқи ҷавононро барои иштирок дар бозиҳои варзишӣ зиёд мегардонад. Ҷалби наврасон ва ҷавонон ба варзиш ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ имконият медиҳад, ки онҳо ба кирдорҳои номатлуб даст назананд,- гуфт сарвари созмони ҷавонони деҳот Собирҷон Мирзоев.
Марказ ба фаъолият оғоз кард
ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар деҳаи Питоби деҳоти «Сучон»- и ноҳия Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон ба фаъолият оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси ноҳия Азиз Гиёев, масъулини идоракунии муштараки Барномаи рушди иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон ва идораҳои марбутаи вилоятӣ ва ноҳиявӣ ширкат варзиданд.
Бинои маркази мазкур аз ҳисоби қувваи корӣ ва маблағи сокинони деҳа сохта шудааст. Дар марҳилаи анҷомёбии сохтмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои корҳои зинатдиҳӣ ва обод кардани ҳавлии бино, аз Хазинаи Оғохон барои хариди мебел ва дигар лавозимот маблағи муайян ҷудо гардид. Дар сохтмони бино 400 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Бинои навсохт аз чор ҳуҷраи барҳаво барои кӯдакон ва ошхонаву утоқи омӯзиши забонҳои хориҷӣ иборат аст.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.