Равоншод Зайниддин Насриддинов яке аз чеҳраҳои шинохтаи матбуоти тоҷик ба шумор меравад. Фаъолияти рӯзноманигории Зайниддин Насриддинов соли 1951 аз ходими адабии рӯзномаи шаҳрӣ оғоз ёфта, то ба мансаби раиси Маркази иттилоотии Тоҷикистон — ТоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») расид ва сарварии онро чоряк аср ба зимма дошт.
Вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хизмати содиқонаи беш аз нимасрааш дар матбуот бо орденҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони фахрӣ», медалҳои зиёд қадр шудааст. Пас аз ба нафақа баромадан ҳам ин марди хома онро то охирин рӯзҳои умр аз даст нагузошт. Маҳз дар ҳамин давра чанд китобаш аз чоп баромад. Аз ин миён повести публитсистии тарҷумаиҳолиаш «Иморати сухан», ки дар он сухан на танҳо аз кору рӯзгор, таҷрибаи ғании андӯхтааш гуфтааст, балки чеҳраи басо фарзонагони миллатро ба тасвир кашидааст, дар миёни хонандагон маҳбубияти хоса пайдо кард.
Як сол мешавад, ки пири кори рӯзноманигорӣ Зайниддин Насриддинов миёни мо нест. Аз Худованди муттаол барояш охирати обод хоста, бо ёд кардани эшон порчаеро аз повести «Иморати сухан» манзуратон мегардонем.
Услуби гуногуни роҳбарӣ
Дар суҳбатҳо Ҷаббор Расулович гаштаю баргашта таъкид менамуд, ки дар матбуот ба тарғиби дастовардҳои олимонамон бештар диққат диҳем. Олимони соҳаҳои гуногунро ба мардум муаррифӣ намоем, то ки ба онҳо эҳтирому эътиқод бештар шавад.
- Эътиқод, ки бештар шуд, эътироф ҳам афзуда, кашфиёту пешниҳодҳои онҳо тезтар ҷомаи амал мепӯшанд, — мегуфт ӯ.
Гар сухан аз боби пахтакорӣ мерафт, номи олимони ислоҳкунандаи навъи пахта (селексионер) Вячеслав Прокофевич Красичков ва Бобо Сангиновро мегирифт.
-Гуфтаҳо, навиштаҳо, пешниҳодҳои агрономҳои хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Бадриддин Шамсиддинов, Ҳ. Ҷумонқулов, М.С. Шифрин, С.Ю.Очилдиевро дар бораи беҳтар кардани навъҳои зироат, аз ҷумла пахта, ташвиқу тарғиб кунед, — мегуфт Ҷ.Расулов.
Дар бораи ҳиссаи В.Красичков ва Б.Сангинов дар боби такмилу ихтирои навъҳои нави пахта боифтихор сухан меронд, хосияту сифатҳои навъҳои нави пахтаи ихтироъкардаи онҳоро дар пешрафту равнақи пахтакорӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон, афзудани ҳосилнокию истеҳсоли пахта ва ислоҳу беҳтар гардидани сифати нахи пахта таъриф мекард.
Яке аз рӯзҳои моҳи августи соли 1972 буд. Соати шаши пагоҳӣ аз фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳи Ҷ.Расулов парвоз кардем. Дар дохили тайёраи «АН-2» ҳамроҳи мо раиси Кумитаи назорати халқии Тоҷикистон Лақай Қармишев ҳам буд. Ба куҷо парвоз карданамонро ман намедонистам. Дар арафаи ин сафар Ҷаббор Расулов дар утоқи кориаш гуфта буд, ки ҷамъомади сардорони бригадаҳои пахтакориро мегузаронад.
- Ҷояшро гӯед, ман расида меравам, — гуфтам, вале ӯ қабул накарда фармуд, ки субҳи барвақт ба фурудгоҳ оям, ҳамроҳ меравем.
Тайёра хеле паст парвоз мекард. Ҳамин ки аз ҳудуди колхози «Россия»-и ноҳияи Ленин гузашта, ба самти ғарб роҳ пеш гирифтем, пай бурдам, ки ё ба ноҳияи Қумсангир ё ба ноҳияи Шаҳритуз меравем. Ҷаббор Расулович ҳангоми парвоз аз тирезаи тайёра ба мо заминҳои киштро нишон дода, дар бораи қитъаҳои алоҳидаи он нақл мекард. «Ана ниҳоли пахтаи ин қитъа аз об коҳидааст. Ана ваяш ба шолизор табдил ёфтааст, ӯ ноинсофҳо-е»,- мегуфт бо афсӯс роҳбалади мо.
Ба Шаҳритуз расидем. Он ҷо ӯ ба ман гуфт:
- Ту ба райком рафта, бо корҳои худат машғул шав. Ё пахтаро мебинӣ? Шояд дер боз дар пахтазор набудӣ, рав, як шамоли пахтаро хӯр, илҳомро бедор мекунад, — шӯхӣ ҳам кард.
- Майлаш, гуфти Шумо шавад.- ҷавоб додам ман.
Худаш ба мошинаи котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Шаҳритус Ҷалолиддин Муҳаммадов нишасту рафт. Л. Қармишев ҳам бо раиси Комиҷроияи ноҳия роҳи пахтазорро пеш гирифтанд.
Ҳайрон мондам. Аммо дар он ҷо котиби якуми Кумитаи ҳизбии вилояти Қӯрғонтеппа Ғоибназар Паллаев, сардори Кумитаи амнияти давлатии вилоят В. Красовский ва чанд нафари дигар ба пешвоз меомаданд.
- Маро кӣ барои илҳомгирӣ аз пахта ба саҳро мебарад?- саволи шӯхиомез додам ба онҳо.
- Мо-дия, мо, — дасти росташро ба сари синааш бурда, бо шӯхӣ ҷавоб дод Ғоибназар Паллаев.
Мо секаса – ӯ, ман ва сардори Кумитаи амнияти давлатии вилоят ба мушоҳидаи вазъи пахтазор рафтем. Мошина маркази ноҳияро ақиб гузошта, қад-қади дарғоти сероб ба ҷануб роҳ мепаймуд. Ниҳолҳои пахта ончунон хуб дар нашъунамо буданд, ки дар баъзе майдонҳо қади ниҳоли пахта ба қади кас баробар буд. Инро аз он мушоҳида кардам, ки дар сари роҳ раиси колхози Ломоносов, вакили мардумӣ дар, Шӯрои Олии ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Талбак Садриддинов меистод. Ӯ моро ба пахтазор роҳбалад шуд. Ниҳолҳо ғарқи шонаю гул буданд. Мо ҳама аз ин манзара хеле қаноатманд гардидем. Дар қад-қади роҳи лаби дарғот бошишгоҳҳои барҳаво сохтаанд. Дар ин бошишгоҳҳо пахтакорон ҳини танаффуси нисфирӯзӣ аз гармии ҷонгудози офтоб фароғат мекарданд.
Он солҳо дар бошишгоҳҳои саҳроӣ дӯкончаҳои сайёр фаъолият доштанд. Дар ин дӯкончаҳои бе фурӯшанда собуну сачоқ, лимонад, кефир, нон, чой, намак, гӯгирд, рӯзномаву маҷалла фурӯхта мешуд. Харидор пули маводи мавриди ниёзашро ба қуттичае, ки он ҷо гузошта шуда буд, андохта мерафт. Агар пул надошта бошад, чизҳои харидаашро бо арзишашон дар дафтар сабт мекард ва баробари пайдо кардани пул қарзашро мепардохт.
Ба Айваҷ расидем. Ҳаво он қадар тафсида буд, ки дар ҳавои кушод дар як они воҳид тухм мепухт. Он сол ман вакили мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будам ва дар комиссиюни кори байни занон, ҳифзи сиҳатии модар ва кӯдак вазифаи котибро ба уҳда доштам. Табиист, ки дар ҳар сафари хизматиам ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз аҳволи занону кӯдакон огоҳ мешудам. Дар Айваҷ сари роҳ чашмам ба белинчаки зери дарахт афтод. Ҳатто бо як ресмон ду ва се белинчак сохтаанд. Ба он ҷо рафта дидем, ки ҳам боғчаи бачагон ва ҳам ширхоргоҳ (яслӣ) будааст. Аз мутасаддиёнаш пурсидам, ки ба тарбиятгирандагон чӣ ғизо медиҳанд? -«Оши палав, макарон, тухм» — ҷавоб доданд. Шир набудааст. Аз шунидани ин ҷавоб ва вазъи ширхоргоҳи мавсимӣ табъи Ғоибназар Паллаев ҳам хира шуд.
Дар Кумитаи ҳизбии ноҳия Ҷ.Расулов бо Ҷ. Муҳаммадов суҳбат ороста буд. Пай бурд, ки ман дар ҳақиқат ба пахтазор рафтаам. Чунки рӯям гӯё дар танӯр сӯхта бошад, суп-сурх шуда буд, аз сару рӯям арақ мерехт. Таассуротамро пурсон шуд, гуфтам, ки ҳамааш нағзу лекин дар ҳамин давраи тобистон ба тарбиятгирандагони кӯдакистон оши палав, макарон, тухм медодаанд. Ӯ дар аввал ба суханонам аҳамият надодагӣ барин намуд. Бори дигар ба комиссиюни Шӯрои Олӣ дидаҳоямро далел оварда, гуфтам:
- Наход барои кӯдак як пиёла шир ёфт нашавад?
Ҷаббор Расулов гуфт:
- Ту медонӣ-ку, колхозҳои Шаҳритуз камбағаланд. Барои гови ҷӯшоӣ харида, ба кӯдакон шир додан зӯрашон намерасад.
Дар утоқи корӣ хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Баъд ба маҷлисгоҳ рафтем. Дар маҷлис, ки асосан сардорони бригадаҳои пахтакорӣ, мудирони қитъаву агрономҳо иштирок мекарданд, рӯҳбаландии аҷоибе ҳукмфармо буд. Ҳар нотиқ аз вазъи хуби пахтазораш иттилоъ медод ва ваъда мекард, ки нақшаю уҳдадорияшро барзиёд иҷро карда, аз ҳар гектар 1,2,3 ва ҳатто то панҷ сентнерӣ зиёд пахта ҷамъоварӣ мекунаду ба давлат месупорад. Ҷаббор Расулович меболид. Дар ҷавоб ғайр аз калимаи «раҳмат, раҳмат» дигар чизе намегуфт. Маълум буд, ки корҳо хубанд ва ҳосили пахта дар ин ҷо ҳамаро шод мегардонад. Ҳамин «раҳматгӯйиҳо» ҳам як навъ роҳу усули кори роҳбарӣ будааст. Баъди чанд соат дар ҳамон сафар услуби дигари роҳбариро ҳам мушоҳида кардам.
Мо ба Қӯрғонтеппа омадему Ҷ. Расулов магар ба мани доим сари мизи корӣ менишаста раҳмаш омад, ки — «рав, бо кори худат машғул шав» — гуфту худаш боз роҳи майдони пахтаро пеш гирифт. Он ҷо ба ӯ котиби КМ оид ба кишоварзӣ М. Бобоев ва вазири кишоварзӣ А.Н. Махсумов ҳамроҳ шуданд, ки пештар ба ин ҷо омада буданд.
Баъди чанд соат Ҷ. Расулов пайдо шуд, ки дар обу арақ ғӯтида буд. Дар рӯзномаи дасташ чизе печонда шуда буд. Раиси бахши дар Қӯрғонтеппабудаи пажӯҳишгоҳи зироат академик, мутахассиси ислоҳи бахши наботот, селексионери машҳури пахта Бобо Сангиновро дидан замон тамоми хашму ғазабашро ба сари ӯ фурӯ рехт.
- Хонаи пахтакоронро сӯхтӣ! – бе ягон истиҳола дарафтод ба олим.
Одамони гирдомада ин бархӯрдро дида, аз онҳо дур шуданд. Аз ғазаби Ҷ. Расулов меҳаросиданд роҳбарони шаҳру ноҳияҳо. Дар ҳақиқат, ӯ одами сахтгапу бадқаҳр буд, вале тез аз ҷаҳлаш мефаромад.
- Хонаи пахтакоронро котибони райкомҳоятон сӯхтанд. Онҳо ба парвариши ниҳоли пахта назорат накунанд, гуноҳи ман чӣ? – суст наомад Бобо Сангинов. Онҳо як ба як монда, хеле «ману ту» карда, дилашонро холӣ намуданд. Маълум шуд, ки аз бемасъулиятию беназоратии сарварони маҳаллӣ пахтазори ноҳияи Қӯрғонтеппаро ҳашароти зараррасон зер кардаасту нашъунамои ниҳолҳо ақиб мондааст. Дар рӯзномаи дар дасти роҳбарбуда намунаи ин ҳашарот ҷамъ оварда шуда буд.
Дар маҷлисе, ки дар боғи колхози ба номи Ленини ноҳияи Қӯрғонтеппа барпо гардид, калимаи «раҳмат» ягон маротиба аз забони Ҷ. Расулов шунида нашуд. Баръакс, ӯ то тавонист вазъиятро бо мақсади бартараф намудани норасоиҳо дар парвариши ниҳолҳои пахта муташанниҷ мегардонд. Бисёр роҳбарони хоҷагиро аз ҷояшон хезонда, сахт сарзаниш кард ва ҳатто ба ман фармуд, ки номи худу номи падарашонро дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ зикр намуда, шармандаашон кунам. Аҳволи он рӯз доштаи котиби якуми ҳизбии шаҳри Қӯрғонтеппа З. Шукуров хеле табоҳ буд. Шояд ҳангоми пахтазорро дидан аз роҳбари олии ҳизбии ҷумҳурӣ сахт танбеҳ дида буд, ки дар ҷараёни бурдани маҷлис дасту по мехӯрду гапашро гум мекард.
Оид ба Бобо Сангинович бошад, Ҷ. Расулов тавре рафтор кард, ки дар боло гуфтем. Шояд ӯ пушаймон аз кирдори нисбати вай кардааш буд. Дар ҳақиқат, вазъи пахта ба вай дахл надошт. Котиби якуми КМ дар шафаташ, ҳатто қаторҳои яку дуи раёсати маҷлис Боборо надида, садо баровард:
- Бобо, ту дар куҷоӣ?
Аз қатори аз ҳама қафои раёсат «ман ин ҷоям», — гӯён ҷавоб омад. Ҷ. Расулов ӯро наздаш хонда, дар қатори аввал, дар паҳлуяш шинонда, ба иштирокдорони маҷлис гуфт:
- Вазифаи илм роҳ нишон додан аст. Касе дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ аз роҳи илм равад, бурд мекунад. Вале олим, масалан Бобо Сангинов, ба ҷойи шумо ба пахтазор об, озуқа намедиҳад, бо ҳашарот мубориза намебарад. Роҳбари гуфтаи ин олими селексионерро иҷронакарда мард нест, роҳбар нест.
Баъд аз ӯ хоҳиш кард, ки дар маҷлис сухан гӯяд, табодули назар кунад ва роҳҳои илмию амалии ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахтаро баён созад. Суханронии Б. Сангиновро ҳозирин бо диққати тамом шуниданд ва аксари сардорон аз андешаҳои ӯ ба дафтарчаҳояшон ким-чиҳо сабт мекарданд.
Мақсади нақли ҷараёни сафари навбатӣ бо Ҷ. Расулов он буд, ки ҷузъиёти усули роҳбарии ӯро дар ҳолатҳои гуногун нишон диҳам ва нақши олимону аҳамияти кашфиёти онҳоро дар пешбурди истеҳсолоту иқтисодиёт, дар кишоварзӣ ва алалхусус пахтакорӣ зикр намоям.
- Худаш уҳдадорияшро иҷро накарда бошад ҳам, барои дар ҷумҳурӣ 280 ҳазор тонна зиёд шудани истеҳсоли пахта ҳисса гузошт…
Ба ҷойи кораш омадам. Табассумкунон барқияеро, ки тамғаи ҳукуматӣ дошт, дароз кард. Дар он дар хусуси ба фаъолият шурӯъ кардани заводи Кончоч хабар дода мешуд ва дар гӯшаи болои барқия бо хатти худ: «нашр шавад», — навишта буд. Медонистам, ки маҳсулоти заводи нав ба металлҳои ранга дахл дошт ва чопи ахбор дар бораи мавзеи ҷуғрофии чунин завод, ҳаҷми маҳсулоти он манъ буд.
- Ҷаббор Расулович, ин ахборро чоп кардан мумкин нест,- гуфтам.
- Чӣ-ӣ? – қавоқашро гиронда тааҷҷуб кард ӯ.
- Главлит иҷозат намедиҳад.
- Ман кӣ? – бо ҷаҳл пурсид ӯ.
- Шумо Котиби якуми КМ,- ҷавоб додам ман.
- Супориши Котиби якумро иҷро мекунанд! – гуфт дар ғазаб шуда.
- Дуруст. Лекин алҳол ин супориши шуморо иҷро кардан мумкин нест.
Ин суханон ӯро ба тамом аз худ баровард. Бо машаққат, байни сухангӯйиҳояш, ба ӯ фаҳмондам, ки на танҳо дар бораи заводи металлургияи ранга, балки ҳатто дар бораи иқтидори саноати хӯрокаи чорво, истеҳсоли солонаи орд, ярма, истеҳсоли нафт, газ, захираи онҳо ахбор навиштан манъ аст. Оид ба мавзӯи ҳарбӣ мақолае навиштан амрест маҳол. Ин дам, ба фикрам, роҳбари аввал аз амри дар барқия навиштааш дар хиҷолат буд, зеро он бояд иҷро мешуд. Вале дастури боло ба ин монеъ буд. Ҳангоми ин муколамаи нохуш ба роҳбар нозукиҳои чопи бисёр маводҳои ба истеҳсолот вобастаро, ки сиррашон махфӣ буд, фаҳмондам.
Билохир ӯ гуфт:
- Гиру рав ва ҳисобашро худат ёб.
Ҳисобаш ба бойгонии КМ фиристодан буд ва тавассути шуъбаи умумӣ ҳамин тавр ҳам кардам.