15 апрели соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Дар асоси моддаҳои 52 ва 53- юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 4 (бандҳои 100 — 114) Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксия ва гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фраксия ва гурӯҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориҷ мегарданд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилиашон ба қарорҳои фраксия ва гурӯҳҳои мазкур вобаста намебошанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон метавонад танҳо аъзои як гурӯҳ ё як фраксия бошад. Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон ҳуқуқҳои баробар доранд.
Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон ҳамон вақт ба қайд гирифта мешаванд, ки агар ҳайати онҳо аз панҷ нафар вакил кам набошад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурӯҳи вакилон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор хаттӣ хабар медиҳанд.
Барои номнавис намудани фраксия ва гурӯҳи вакилон аризаи хаттии ҳар як вакил, ки хоҳиши дохил шудан ба узвияти фраксия, гурӯҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагонро изҳор намудааст, мақсадҳои он, рӯйхати ҳайат, инчунин номи шахсоне, ки барои аз номи фраксия ва гурӯҳи вакилон баромад кардан ваколатдор ҳастанд ва онро дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, дар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунанд, пешниҳод карда мешаванд.
Баъд аз қатъ шудани ваколатҳои Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон бақайдгирии фраксия ва гурӯҳҳои вакилонро Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор анҷом дода, дар бораи фраксия ва гурӯҳҳои вакилон, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба воситаҳои ахбори омма маълумот медиҳад.
Дар сурати аз панҷ нафар кам шудани шумораи аъзои фраксия ё гурӯҳи вакилон, Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор фаъолияти ин фраксия ё гурӯҳи вакилонро қатъ мегардонад.
Аз номи фраксия ва гурӯҳҳои вакилон раисони онҳо метавонанд дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иштирок ва ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва минбаъдаи Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳо намоянд.
Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон метавонанд аз қарорҳои худ Раиси Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили корро огоҳ созанд. Ҳамзамон фраксия ва гурӯҳҳои вакилони Маҷлиси намояндагон мақомоти Маҷлиси намояндагон намебошанд.
Ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 43 вакил ворид гардидааст. Омӯзиши онҳо собит намуд, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар мувофиқа ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод гардида, ҳадафи фраксияи мазкур иборат аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошад.
Аз ин рӯ, ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба ҷонибдории қабули лоиҳаи қарори пешниҳодшуда овоз диҳед ва дар омода намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории самараноки фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он ҳиссагузорӣ намоед.
Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Дар асоси моддаҳои 52 ва 53- юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 4 (бандҳои 100 — 114) Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксия ва гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фраксия ва гурӯҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориҷ мегарданд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилиашон ба қарорҳои фраксия ва гурӯҳҳои мазкур вобаста намебошанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон метавонад танҳо аъзои як гурӯҳ ё як фраксия бошад. Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон ҳуқуқҳои баробар доранд.
Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон ҳамон вақт ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳайати онҳо аз панҷ нафар вакил кам набошад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор хаттӣ хабар медиҳанд.
Барои номнавис намудани фраксия ва гурӯҳи вакилон аризаи хаттии ҳар як вакил, ки хоҳиши дохил шудан ба узвияти фраксия, гурӯҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагонро изҳор намудааст, мақсадҳои он, рӯйхати ҳайат, инчунин номи шахсоне, ки барои аз номи фраксия ва гурӯҳи вакилон баромад кардан ваколатдор ҳастанд ва онро дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, дар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунанд, пешниҳод карда мешавад.
Баъд аз қатъ шудани ваколатҳои Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон бақайдгирии фраксия ва гурӯҳҳои вакилонро Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор анҷом дода, дар бораи фраксия ва гурӯҳҳои вакилон, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба воситаҳои ахбори омма маълумот медиҳад.
Дар сурати аз панҷ нафар кам шудани шумораи аъзои фраксия ё гурӯҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор фаъолияти ин фраксия ё гурӯҳи вакилонро қатъ мегардонад.
Аз номи фраксия ва гурӯҳҳои вакилон раисони онҳо метавонанд дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иштирок ва ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва минбаъдаи Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳо намоянд.
Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон метавонанд аз қарорҳои худ Раиси Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили корро огоҳ созанд. Ҳамзамон фраксия ва гурӯҳҳои вакилони Маҷлиси намояндагон мақомоти Маҷлиси намояндагон намебошанд.
Ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз панҷ вакил ворид гардидааст.
Омӯзиши онҳо собит намуданд, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар мувофиқа ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод карда шудаанд. Ҳадафи фраксияи мазкур иборат аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошад.
Аз ин рӯ, ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба ҷонибдории қабули лоиҳаи қарори пешниҳодшуда овоз диҳед ва дар омода намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории самараноки фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он ҳиссагузорӣ намоед.
Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Дар асоси моддаҳои 52 ва 53- юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 4 (бандҳои 100 — 114) Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксия ва гурӯҳҳо муттаҳид шаванд. Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ба фраксияҳо дохил нашудаанд, ҳуқуқ доранд гурӯҳҳои вакилонро ташкил диҳанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фраксия ва гурӯҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориҷ мегарданд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилиашон ба қарорҳои фраксия ва гурӯҳҳои мазкур вобаста намебошанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон метавонад танҳо аъзои як гурӯҳ ё як фраксия бошад. Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон ҳуқуқҳои баробар доранд.
Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон ҳамон вақт ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳайати онҳо аз панҷ нафар вакил кам набошад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор хаттӣ хабар медиҳанд.
Барои номнавис намудани фраксия ва гурӯҳи вакилон аризаи хаттии ҳар як вакил, ки хоҳиши дохил шудан ба узвияти фраксия, гурӯҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагонро изҳор намудааст, мақсадҳои он, рӯйхати ҳайат, инчунин номи шахсоне, ки барои аз номи фраксия ва гурӯҳи вакилон баромад кардан ваколатдор ҳастанд ва онро дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, дар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунанд, пешниҳод карда мешавад.
Баъд аз қатъ шудани ваколатҳои Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон бақайдгирии фраксия ва гурӯҳҳои вакилонро Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор анҷом дода, дар бораи фраксия ва гурӯҳҳои вакилон, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба воситаҳои ахбори омма маълумот медиҳад.
Дар сурати аз панҷ нафар кам шудани шумораи аъзои фраксия ё гурӯҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор фаъолияти ин фраксия ё гурӯҳи вакилонро қатъ мегардонад.
Аз номи фраксия ва гурӯҳҳои вакилон раисони онҳо метавонанд дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иштирок ва ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва минбаъдаи Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳо намоянд.
Фраксия ва гурӯҳҳои вакилон метавонанд аз қарорҳои худ Раиси Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили корро огоҳ созанд. Ҳамзамон фраксия ва гурӯҳҳои вакилони Маҷлиси намояндагон мақомоти Маҷлиси намояндагон намебошанд.
Ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои гурӯҳи вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз ҳашт вакил ворид гардидааст.
Омӯзиши онҳо собит намуданд, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида дар мувофиқа ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод карда шудааст. Ҳадафи гурӯҳи мазкур иборат аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошад.
Аз ин рӯ, ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба ҷонибдории қабули лоиҳаи қарори пешниҳодшуда овоз диҳед ва дар омода намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории самараноки гурӯҳи вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он ҳиссагузорӣ намоед.
Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: -Масъалаи навбатии рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ба баррасии шумо номзадии вакил Азимзода Толибхон Ситамурод ба сифати намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. -Дигар таклифҳо нест? Хоҳишмандам, мавқеи худро муайян намоед.
Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи охирини рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ба муҳокимаи шумо номзадии вакил Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ба сифати намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
-Дигар таклифҳо нест? Хоҳишмандам, мавқеи худро муайян намоед.
Доир ба ин масъала низ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ