9 майи соли 1945 — Рӯзи Ғалаба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар хоҳад буд. Бо гузашти солҳо шукӯҳ ва азамати ин ҷашн барои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳдӯсти олам торафт аёнтар мегардад, зеро ин ғалаба мақсадҳои ботили ҳукмрони кулли олам шудани фашистонро барбод дод.
Мурури замон наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории халқи Иттиҳоди Шӯравиро, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буданд, зудояд. Рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда, бояд дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи Ватан сина сипар кардаанд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ заҳмат кашиданд, андеша ронем, моҳияти масъаларо хубтар дарк кунем ва онро тарғиб намоем.
Барои зинда гардонидани ному кори қаҳрамонони шаҳри Истаравшан Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр хизмати арзанда кардааст. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар бойгонии Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан маҳфузбуда, ки кормандони ин Шӯро ба даст овардаанд, дар солҳои ҷанг аз шаҳру ноҳияи собиқ Ӯротеппа (Истаравшан), ноҳияи Шаҳристон 25 ҳазор нафар ҷавонон ба фронт сафарбар шудаанд ва аз онҳо 12 ҳазор нафарашон аз ҷанг барнагаштанд. Аз байни ҷанговарони шаҳри Истаравшан 4000 нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуда, 3000 нафар бе ному нишон шудаанд. Қариб 1000 нафарашон аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар госпиталҳову қисмҳои санитарию беморхонаҳо вафот кардаанд. Ҳамаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои шарқӣ дафн шудаанд.
Солҳои ҷанг барои мардумони ақибгоҳ низ осон набуд. Сокинони шаҳру деҳоти Истаравшан дар дастгирии ҷанговарони майдонҳои набард саҳми босазо гузоштанд. Дар ин бора раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов чунин мегӯяд:
- Дар солҳои ҷанг мардуми мо бо вуҷуди мушкилоти зиёди зиндагии худ барои таъмини сарбозон бо хӯрокворӣ, сару либос ва дигар маводи зарурӣ пайваста меҳнат мекарданд. Худ гуруснаву бараҳна, вале ҳама чизро ба фронт мефиристоданд. Мардуми Истаравшан маблағҳои ҷамъкардаи худро барои ташкили колоннаҳои танкии «Комсомолии Тоҷикистон», «Колхозчии Тоҷикистон», «Корманди тибби Тоҷикистон», «Муаллими халқии Тоҷикистон», «Эскадрилияи самолётҳои Тоҷикистони советӣ» мефиристоданд. Танҳо барои ташкил намудани «Эскадрилияи самолётҳои Тоҷикистони советӣ» мардуми Истаравшан 1 миллиону 820 ҳазор сӯм ирсол намудаанд. Шахсони алоҳида низ пасандози оилавиашонро ба ин мақсад сарф мекарданд. Раиси колхози «Чорводор» Каримов 150 ҳазор сӯм, колхози «Меҳнат бирлик» Худойбердиев 140 ҳазор сӯм, раиси колхози «Стаханов» Олимов 120 ҳазор сӯм, раиси колхози «Иҷтимоиёт» Маъмуров 110 ҳазор сӯм, раиси колхози «Болшевик» Бойқӯзиев 100 ҳазор сӯм, раиси колхози «Чапаев» Акрамов 105 ҳазор сӯм барои эҳтиёҷоти фронт сарф кардаанд. Ҷавобан ба дастгирии мардуми ақибгоҳ ҷанговарон дар ҷабҳаҳои гуногун қаҳрамониҳо нишон медоданд ва аз ғалабаҳои худ ба мардуми ақибгоҳ хушхабарҳо мефиристоданд. Масалан, собиқ коргари заводи шаробкашии шаҳри ҳамонвақтаи Ӯротеппа Муҳаммадӣ Иброҳимов 6 июли соли 1941, яъне, баъди 14 рӯзи саршавии ҷанг қаҳрамонии бемислу монанд нишон дод. Вай давоми ҷанги шадиди чорсоата 16 автомашина ва шаш танки душманро нобуд кард ва ба гирифтани ордени Ленин сазовор шуд. Ҳамшаҳриёнаш ба ӯ мактуб навишта, бо чунин суханон табрик кардаанд: «Мо бо ту фахр мекунем, фарзанди азизи Тоҷикистон. Душманро қир кун, раҳм накун! Дар қалби ҳар яки мо нисбати ин душманони қотил нафрат ҷӯш мезанад. Мо ба ғалаба боварӣ дорем».
- Ҷанговари тоҷики истаравшанӣ Раҳим Раҳмонов аз деҳаи Вогат, Абдуназар Фармонқулов аз деҳаи Нофароҷ ва Александр Куришев барои ҷасорат, мардонагӣ дар муҳорибаҳо бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонида шудаанд. Мо аз он ифтихор дорем, ки Абдуназар Фармонқулов дар байни мо буда, давлати пирӣ меронад. Маҳорати ҷангии фарзанди дигари диёрамон пулемётчӣ Мирзо Бобоҷонов ба ҳама маълум буда, пулемёти ӯ «Максим-265» ҳамчун нишони қаҳрамонӣ дар Осорхонаи марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва нигоҳ дошта мешавад. Байни фидоиён ва фарзандони ҷасури миллат номҳои Ҷумъаназар Норов аз деҳаи Суркат, Толиб Додобоев аз маҳаллаи Боғот, Бобоҷон Ҳакимов аз деҳаи Чорбоғ, Селезнёв В.И ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардонагӣ ва ҷасорати бемислу монанд нишон додаанд. Барои чунин қаҳрамониҳо ба Т.Додобоев, Б.Ҳакимов, В.И.Селезнёв насиб гардид, ки дар Паради низомии Рӯзи Ғалаба, ки моҳи июни соли 1945 дар шаҳри Москва иштирок кунанд. Номҳои ҷанговарони шуҷои истаравшанӣ М. Ю. Додоҷонов, академикҳо Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Мухтор Саидов, Раҳмонҷон Азимҷонов, Наим Қодиров, Шариф Тешаев, Ҷалил Ҷабборов, Ҳазратқул Файзиев, Абдураҳмон Маҳмудов, Ғоибназар Абдуллоев, Имомназар Худойназаров, Акрам Мирраҷабов ва даҳҳо дигарон ҳеҷ вақт аз ёди хурду бузурги Истаравшан нахоҳанд рафт, — мегӯяд Абдуваҳҳоб Қаюмов.
Бино ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар шаҳру деҳоти Истаравшан 28 нафар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 363 нафар заҳматкашони ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ибодулло Абдуллоев, Акмал Қутбиддинов, Отақӯзӣ Бӯрибоев, Боймат Шеров, Ҷаббор Низомов, Турсунмурод Рустамов, собиқадорони ақибгоҳи ҷанг Мирраҷаб Тешаев, Нарзулло Додоев, Комил Пӯлотов, Алвина Сарапп Семёновна, Шокир Мадаминов, Худойқул Тӯрақулов, Абдувоҳид Неъматов, Саидмурод Додобоев, Набӣ Аҳмадҷонов, Набӣ Қодиров ва даҳҳо дигарон дар тарбияи ҷавонон ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.
Дар озмуни ба қарибӣ доирнамудаи Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати вилояти Суғд оид ба «Осорхонаи беҳтарини ҷангию меҳнатӣ» дар миқёси вилоят Осорхонаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, академик Аҳрор Мухторов, ки дар шаҳри Истаравшан таъсис дода шудааст, соҳиби мақоми аввал гардид ва ин шараф соли сеюм аст, ки насиби ин осорхона мегардад.
-Мардуми Истаравшан ҷасорат, мардонагӣ ва қаҳрамонии фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Хотираи дурахшони онҳо дар дилу дидаи мо абадӣ боқӣ хоҳад монд. Барои абадӣ гардонидани хотираи неки фарзандони ҷонфидои диёрамон мо пайваста чорабиниҳо доир менамоем. Дар маркази шаҳр, деҳаҳои Пошкент, Чорбоғ, Ҷарқӯрғон, Боғи Калон, Сахсиён, Маҳаллаи Ясӣ, Нофароҷ, Кунҷок, Навобод, Вогат, Қалъачаи Араб муҷассамаҳои ёдбуд бунёд ва дар он ному насаби ҷанговарони истаравшаниро сабт намудаанд.
- Мо ворисони он қаҳрамонон, ки имсол 70-солагии ин ҷашни бузургро ҷашн мегирем, пеши корнамоиҳои бемисли сарбозони Ватан сари таъзим фуруд меоварем, ки тамоми сахтию маҳрумиятҳои солҳои ҷангро ба дӯши худ гирифта, комёб гардиданд, - гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»