Душанбе. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Даҳуми апрели соли равон дар Маркази тиҷоратии «Ёқут-2000» Намоишгоҳ-ярмаркаи молҳои нассоҷӣ ва қолинҳои Туркманистон оғоз шуд, ки ташкилкунандагонаш палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркманистон мебошанд.
Дар ин намоишгоҳ, ки то 15-уми апрели соли ҷорӣ давом мекунад, намунаи молҳои истеҳсолкардаи корхонаҳои бофандагии Туркманистон ба намоиш ва фурӯш гузошта шудааст.