Деворҳои ҳимоявӣ, ки бо ибтикори филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок бунёд шуда, дарозиашон айни замон ба зиёда 7000 метр расидааст, аллакай нафарони зиёдеро аз марг наҷот дод.
Ҷиҳати таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва рушди инфрасохтори роҳҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чанок мавриди амал қарор диҳад. Ҳадафи асосии ин иқдом, пеш аз ҳама, беҳдошти вазъи роҳи мазкур аст. Бо ин мақсад дар асоси Шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» аз 19 январи соли 2008 таҳти рақами №33-1 механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз 31 марти соли 2010 ҷорӣ гардида буд.
Гузашти панҷ сол собит намуд, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок ҷиҳатҳои мусбии хеле зиёд дошта, он пеш аз ҳама ба коҳиш ёфтани хароҷоти Буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва дар маҷмӯъ, тамдид намудани муҳлати истифодаи он кумаки амалӣ расонидааст. Яъне, кормандони Ширкат бо масъулиятшиносии худ собит намуданд, ки таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон мебошад.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ҳамрадиф бо анҷоми фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, Ширкат ба масъалаи ободонӣ ва бунёдкорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Ин омил далели возеҳи он аст, ки воқеан ҳам, роҳбарияти Ширкат нисбати нигоҳдории ҳолати кунунӣ ва дурнамои шоҳроҳ дилсӯзона муносибат намуда, ҳаргиз бетарафӣ ва бетафовутиро ихтиёр накардааст. Барои мисол, ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти Ширкат бунёди девораҳои ҳимоявӣ оғоз гардида, то ин замон зиёда аз 7000 метри тӯлонӣ чунин девораҳои ҳимоявӣ сохта шуданд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом аллакай чандин нафар мусофиру ронандагони дар ин масир ҳаракаткунандаро аз ҳодисаҳои нохуш наҷот дод. Ба наздикӣ, дар километри 119+000 ронандаи автомобили Опел –Астра ҳангоми ҳаракат хобаш мебарад. Дар ин ҳолат мошин аз шоҳроҳ берун шуда, ба девораҳои ҳимоявие, ки болотар зикрашон рафт, бармехӯрад. Маҳз мавҷудияти чунин девораҳо, ки мошини мазкурро аз афтидан ба дарё боздошт, боиси ҳифзи ҳаёти чандин ҳамватанонамон гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодисаи ягона набуда, тибқи маълумоти дастрасшуда, давоми соли соли 2014-ум 11 ҳодисаи ба чунин деворҳо бархӯрдани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Аз ин бармеояд, ки ба шарофати деворҳои ҳимоявии Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба коми дарё рафтани 11 автомобил ва ҳалок шудани зиёда аз 40 нафар пешгирӣ карда шуд. Дар навбати худ, омили мазкур оилаҳои зиёдро аз мувоҷеҳ гардидан бо мусибат эмин нигоҳ дошт. Овардани ин далелҳо ба он хотир аст, ки ҳамватанони азиз ба масъулиятшиносии филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид гарданд. Зеро тамоми ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкат барои фароҳам будани шароити мусоид ҷиҳати таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва рушди инфрасохтори роҳҳо нигаронида шудаасту онҳо дар ин ҷода собитқадаманд.
Далер Мерганов, «Садои мардум»