-Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳавасмандкунии моддию маънавии омӯзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ки дар таълиму тарбияи хонандагон ба дастовардҳои баландтарин ноил гардидаанд, озмун барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф гузаронида мешавад,- изҳор дошт зимни суҳбат сарвари Хадамоти матбуоти раиси вилоят Музаффар Юнусов.
Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд аз санаи 30 марти соли 2015 ба тасвиб расидааст. Масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва дар ин замина беҳтар намудани таълиму тарбияи насли наврас дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Гузаронидани озмуни фавқуззикр барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои мутазаккира хизмат хоҳад кард.
Озмун барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф дар ду сол як маротиба гузаронида, ҷоиза ба ғолибон аз ҷониби раиси вилоят дар машварати августии кормандони соҳаи маориф супорида мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ин ҷоиза аз се мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он даҳ ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»