Давлати Тоҷикистон чанд сол қабл аз вазъияти ояндаи ҷаҳони ислом огоҳ гардида, барои бозгардондани донишомӯзони тоҷик аз мадрасаҳои динии мамолики исломӣ — Покистону Арабистони Саудӣ ва Мисру Эрон иқдоми намунавӣ гузошта буд. Баъди бозгардонидани толибилмони ғайрирасмии мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷа дар ташхисҳо ва машваратҳои равоншиносӣ маълум гардид, ки аксарият саломатии худро аз даст додаанд ва баъзеи дигар мубталои бемории рӯҳӣ шудаанд. Ҳамин аст, ки нафарони дар мактабҳои ғайриқонунии хориҷа таҳсилкарда гирифтори бемориҳои гуногун ҳастанд, ҳатто бемории гумроҳиву қатлу куштор.
Имрӯз маълум гардид, ки таҳсили ҷавонон дар мадориси динии кишварҳои исломӣ ба нафъи ҷавонони тоҷик набудааст. Инро бори дигар директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров тасдиқ намуд ва аз фаъолияти «эмиссар» ё «гумошта»-ҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки «донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои исломиро дар хориҷа бештар ба ҳайси гумоштаҳо омода мекунанд». Ҳамин буд, ки аксари таҳсилкардаҳои мактабҳои исломии хориҷ айни замон дар сафи ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ иштирок доранд. Яке аз сабабҳои ҷалби онҳо ба ин ҷангҳо таҳсили динии эшон ва ақидаҳои нодурусти онҳо, ки дар макотиби ғайриқонунии хориҷии динӣ аз бар кардаанд, мебошад.
Сабақи нодурусти муассисаҳои динии ғайриқонунӣ ҷавононро дар аксар ҳолат таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳҳои ирфотгарое мисли «Давлати исломӣ», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ» ва монанди инҳо мегузарад. Майли зиёди фарзандони чунин оилаҳо метавонад дар ҷалб шудани онҳо ба Сурия ё Ироқ нақши муайян дошта бошад. Аз ин ҷост, ки шумораи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Сурия 300 нафар тахмин мекунанд, ки зиёда аз 60 нафари онҳо кушта шудаанд. Садҳо уламои исломӣ амалҳои ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ»-ро, ки дар Сурияву Ироқ ба ном «ҷиҳод» мебаранд, нодуруст ва фитна медонанд. Чунки дар ин давлатҳо мусулмон бародари мусулмони худро ба қатл мерасонад.
Воқеаҳои солҳои охир нишон дод, ки ҷавонони дар муассисаҳои динии ғайриқонунии хориҷи кишвар таҳсилкарда аз дарки дурусти дину фаҳми ислом дуранд ва роҳ ба сӯи терроризму ифротгароӣ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Иштироки ҷавонони зиёди донишҳои динидошта дар сафи ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба чашм мерасанд ва кирдору рафторашон нигаронкунанда аст. Нафарони дар хориҷ таҳсилкарда на ба дарди ҷомеа мехӯранду на ба дарди дини мубини ислом. Таҳсилдидагони мадрасаҳои динии ғайриқонунӣ байни мардуми мусулмон тухми фитнаву тафриқа мекоранд, то дар оянда ҳосили баде, ки интизор ҳастанд, барояшон биоварад ва аз ҷониби дигар, роҳ ба сӯи ифротӣ шудани ҷавононро боз кунад.
Гаравиши ҷавонони тоҷик ба сафҳои созмону қувваҳои ифротиву тундгарои исломӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба ҳисоб меравад. Як ҷавон аз хориҷ ҳамчун таҳсилкардаи мадориси ғайриқонунии давлатҳои исломӣ вориди Тоҷикистон мешаваду дигареро гумроҳ намуда, баҳри омӯзиш дар таълимгоҳҳои ғайриқонунии мамолики исломӣ ва ё барои ворид шудан ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ҳидоят мекунад. Ҳатто оилаҳое ҳастанд, ки ҳамаи фарзандонашон таҳсили ғайриқонунии макотиби динии хориҷаро гирифтаанду дар гурӯҳҳое чун «Давлатӣ исломӣ» зидди дину шариат ва башарият мубориза мебаранд, ки ба манфиати касе нест. Насли имрӯзу фардои кишвар бояд роҳ надиҳанд, ки ба дасти хиёнаткору фиребгар афтода, ояндаи худ ва дигаронро дар хатар гузоранд.
Рустам Раҳимов