Симои ноҳияи Хуросон нисбат ба даҳ соли қаблӣ куллан тағйир ёфта истодааст. Биноҳои навсохту иншооти бунёдшаванда, роҳҳо, фаъолияти босуботи ташкилоту корхонаҳо, хоҷагию муассисаҳо бозгӯйи ободу зебо гаштани ин гӯшаи Ватанамон мебошад.
Доир ба бунёдкориву созандагӣ бо раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло суҳбат намудем.
-Боиси ифтихори сокинони ноҳияи мост, ки моҳи октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ифтитоҳи чанде аз корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ бевосита иштирок карда, бо кишоварзону боғдорон ва аҳли заҳмат суҳбату вохӯриҳои самимӣ доир намуд, — гуфт раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло Хайрулло. -Аз ҷумла бо иштироки Сарвари давлат дар маркази ноҳия беморхонаи нави замонавӣ ба фаъолияти худ оғоз бахшид, ки дорои 25 кати хоб барои беморон мебошад. Дар беморхона шуъбаҳои таваллудхона, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ фаъолият доранд. Беморхона бо таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз буда, мутахассисони маҳаллӣ дар сатҳи баланд бозомӯзӣ шудаанд.
Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди пахта, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ширкати «Водии заррин» Фирдавс Валиев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд. Ин корхонаи бузург дар як шабонарӯз 800 тонна ва дар як сол бештар аз 60 ҳазор тонна пахтаро коркард менамояд.
Корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳия идома доранд. Вобаста ба ин масъала раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло Хайрулло иброз дошт, ки ҳоло сохтмони биноҳои меҳмонхонаи чорошёна, тӯйхонаи дуошёна идома дорад.
Сохтмони қасри фарҳанг бо 400 ҷойи нишаст оғоз ёфтааст. Дар ин бино инчунин идораи фарҳанг ва китобхонаи марказӣ ҷойгир хоҳанд шуд. Барқарорсозии қасри фарҳанг дар шаҳраки «Уялӣ», бинои Ҷамоати деҳоти «Ғаллаобод» дар арафаи анҷомёбист. Ин номгӯйи нопурраи иншооти сохташавандаанд, ки дар арафаи таҷлили ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Хуросон (8 октябри соли 2014) таъкид доштанд, ки дар ноҳия ҷиҳати рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва коркарди ашёи хом имкониятҳои васеъ мавҷуданд, ки истифодаи мақсадноки онҳо метавонад барои ҳалли аксар масъалаҳо мусоидат намояд.
-Аз ин рӯ, Сарвари давлат, — гуфт дар идомаи суҳбат Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, — дар назди роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифа гузошт, ки фаъолияти худро ҷиҳати истифодаи пурсамари ашёи хом ва дастгирии соҳибкорон беҳтар намоянд.
Ин супориши Сарвари давлат аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дониста мешавад.
Дар ноҳия хусусан ба рушди соҳибкорӣ аҳамияти калон дода мешавад, зеро саҳми соҳибкорони хурду миёна дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия назаррас аст. Гузаштани корхонаҳои кишоварзӣ ба шакли нави хоҷагидории тарзи ҷамоавӣ ва хусусӣ, инчунин гузаронидани ислоҳоти замин ба афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ таъсири мусбӣ расонид.
Соҳибкории хурду миёна дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ, бахусус дар бахши кишоварзӣ нақши муассир дорад. Бештар аз 90 фоизи шумораи ба кор таъминшудагонро сектори хусусӣ ташкил медиҳад. Бо мақсади рушди соҳаи соҳибкории хурду миёна Шӯрои соҳибкорони ноҳияи Хуросон ташкил шудааст, ки самти асосии фаъолияти он кумак ва дастгирии ташаббуси соҳибкорон мебошад.
Дар ҳудуди ноҳия 17 корхонаи саноатӣ ташкил карда шудааст. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхонаҳо дар семоҳаи аввали соли равон 1380412 сомониро ташкил дод.
Истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мебошанд. Вазни қиёсии аз ҳама зиёдро дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — пахта, картошкаю сабзавот, чорводорӣ, пилла ташкил медиҳад. Чунончӣ, дар ҶДММ «Саодат» парвариши чорвои зоти олмонӣ ба роҳ монда шудааст. Ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов 28-30 литриро ташкил медиҳад ва боз имконият ҳаст, ки истеҳсоли маҳсулоти чорво зиёд гардонда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот зикр намуданд, ки яке аз омилҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ иқлими мусоиди ноҳия мебошад. Бо ҳидоят ва дастгирии Сарвари давлат дар ноҳия ин соҳа рушд карда истодааст. Аз соли 2010 дар мавзеи Фахробод бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғҳои куҳна оғоз гардид. Давоми панҷ сол дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло» 1435 гектар боғу токзор бунёд ёфт, ки алҳол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Минбаъд низ васеъ намудани майдони боғу токзор дар назар дошта шудааст. Имсол аз шаҳри Краснодари Федератсияи Россия 40000 бех ниҳоли серҳосили себу олу оварда, шинонда шуд ва масоҳати боғи нав 37 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон дар ноҳия 2852 гектар боғу токзор, аз ҷумла 730 гектар боғе, ки солҳои пешин бунёд ёфтаанд, мавҷуд мебошад.
Вобаста ба зиёд шудани меваю ангур зарурати нигоҳдошт ва коркарди он пеш омадааст. Дар иртибот ба ин, Сафарзода Раҳматулло Хайрулло дар идомаи суҳбат аз хусуси сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ сухан ронд. Мавсуф гуфт, ки дар мавзеи Фахробод корхонаҳои коркарди меваи хушк ва шарбатбарорӣ, сохтмони ду адад сардхона ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки мева талаф наёфта, барои фурӯш ва коркард дар корхонаҳои истеҳсолӣ нигоҳдорӣ шавад.
Ҳоло дар ноҳия 983 хоҷагии кишоварзии шакли моликияташон гуногун фаъолият доранд. Кишоварзон имсол дар майдони 5474 гектар ғалла, 260 гектар пиёз, 165 гектар картошка кишт намуда, ҳосили фаровон рӯёниданианд. Кишти пахта 4350 гектарро ташкил медиҳад. Ба рушди соҳаи боғдорӣ 92 хоҷагии деҳқонӣ машғул аст. Фаъолияти онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ба роҳ монда шудааст.
Ба сатҳи баланди фоиз нигоҳ накарда, талабот байни соҳибкорони хурду миёна ба қарзи бонкӣ дар ноҳия зиёд аст. Ҳоло дар ноҳия бахшҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Амонатбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» фаъолият доранд. Давоми солҳои 2010- 2013 тавассути бонк 23315749 сомонӣ, аз ҷумла барои рушди кишоварзӣ 5161854 сомонӣ ва соҳибкорӣ 8901450 сомонӣ қарз дода шудааст. Фаъолияти бонкӣ баҳри амалӣ намудани Стратегияи миёнамуҳлати рушди низоми бонкии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Хусусигардонии моликияти давлатӣ нишонаи нахустини дигаргунсозии давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ буда, мақсад аз он баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва саҳми онҳо дар муътадилсозии вазъи молиявӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мебошад.
Феълан дар ноҳия соҳибкорони хурду миёна захираи асосии рушди иқтисодиро ташкил медиҳанд. Шумораи онҳое, ки ба соҳибкорию тиҷорати хурду миёна машғуланд, сол то сол меафзояд. Айни ҳол дар ноҳия 751 соҳибкори инфиродӣ, 847 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд.
Дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар омилҳо боиси баланд бардоштани иқтисодиёт мегардад. Ин пешравиҳо имкон доданд, ки дар семоҳаи аввали соли 2015 тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба натиҷаҳои баланд ноил гарданд. Вобаста ба ин, нақшаи андозҳои давлатӣ ба маблағи 3521356 сомонӣ иҷро гашт, ки баробари 106 фоиз мебошад. Андози иҷтимоӣ низ ба ҷойи 2632398 сомонӣ 2717873 сомонӣ иҷро гардид. Ба ин восита кормандони соҳаҳои буҷетӣ сари вақт бо маош таъмин карда шуданд.
Мувофиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» фаъолият ва рушди тамоми соҳаҳо зери назорат қарор доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ диққати доимӣ медиҳад. Тавре дар идомаи суҳбат Сафарзода Раҳматулло Хайрулло иброз дошт, барои сохтмони объектҳои таълимӣ, тандурустиву фарҳангӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Буҷети давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Дар ин самт соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳми худро мегузоранд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кумаки соҳибкорон ва падару модарон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №48, 49, 50 ва ғайра синфхонаҳои иловагӣ сохта, сохтмони биноҳои нави замонавии муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар ноҳия 39 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, шаш муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, як литсей, муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва Маркази технологияи информатсионӣ фаъолият мекунанд. Шумораи хонандагон 22589 нафарро ташкил медиҳад, ки 10695 нафарашон духтарон мебошанд. Ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбии дохил ва хориҷи кишвар соли хониши 2014- 2015-ум 632 нафар дохил шудаанд, ки 213 нафари онҳо духтаронанд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ноҳияи мо 66 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки 15 нафарашон бо квотаи президентӣ мебошанд.
Сохтану ба истифода додани муассисаҳои тандурустӣ ва бо технологияи муосир ҷиҳозонидани онҳо ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат карда истодааст.
Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Хуросон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карда буд, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия чораҳо андешанд.
-Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сохторҳои марбутаи давлатӣ вобаста ба таҳия ва пешниҳоди Барномаи мазкур тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Амалӣ гаштани Барномаи мазкур ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия мусоидат хоҳад кард, — гуфт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»