Таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза аз аҳли башар андеша ва тадбирҳои амалиро тақозо дорад. Дар ин росто, вазъи экологӣ дар тамоми дунё боиси нигаронист. Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як ҷамъомади бонуфузи сатҳи байналмилалӣ ба роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон, олимон ин нуктаро таъкид намуда, пешниҳодоти нав ироа менамояд.
Чанде пеш зимни суханронӣ дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ки 12 апрели соли 2015 дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин баён дошт: «Ҳарчанд ки дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале таҳдидҳои глобалии муосир хушбинии моро ба оянда зиёдтар намекунанд. Тибқи арзёбиҳои муътамад, аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард. Мо ҷонибдори ақидае ҳастем, ки андешидани тадбирҳои фаврии ба иқдомоти воқеӣ нигаронидашуда зарур аст».
Бо дарназардошти он ки «Таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд», Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об — ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад. Тавре маълум аст, ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) баргузор мегардад.
Об асоси зиндагӣ, саломатӣ, зебоӣ ва накутарин муъҷизаи беҳамто буда, бе он ҳаёти башар ғайривоқеист. Чораҷӯиҳо барои ҳалли масъалаҳои буҳрони об талаботи ҳатмии замон аст, чунки бештар аз се миллиард одамон ҳоло дар рӯйи замин камбудии шадиди обро ҳис мекунанд. Мушкилоти асосӣ нарасидани об не, балки истифодаи нодурусти он мебошад. Аксар одамон бобати сарфакорона истифода бурдани об андеша намекунанд. Баръакс, онҳо боиси ифлос гардидани манбаъҳои оби тоза мешаванд. Дар натиҷа, имрӯз бинобар истеъмоли оби ифлос бемориҳо афзоиш ёфтаанд. Дар гузориши Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зикр шудааст, ки ҳар сол зиёда аз 3,4 млн. одамон бо касалиҳои аз истифодаи оби ифлос хурӯҷкунанда мефавтанд.
Олимон муайян кардаанд, ки ҳар сол дар миқёси олам оби тозаро истифода бурда, ба дарёҳою обанборҳои табиию сунъӣ зиёда аз 4 миллиард м3 оби ифлос партофта мешавад. Масалан, дарёҳои Кофарниҳон, Хонақо, Варзоб ба нитратҳо, Обишӯру Ёхсу бо сулфатҳо, Вахшу Харангон бо сулфату пайвастагиҳои оҳан ва дарёи Такоб бо калий ифлос гардидаанд. Бояд пеши роҳи ифлосшавии дарёҳою каналҳо, обанборҳою чашмаҳоро гирем.
Азбаски дар об либос мешӯянду боқимондаҳои хӯрокро ба он меандозанд, хокрӯбаю поруи ҳар гуна чорвою парандаро ба он равона мекунанд, об ифлос ва ғайриошомиданӣ мегардад.
Ҳамагӣ як қатраи нафт 25 литр оби ширинро барои нӯшидан номумкин менамояд. Барои тоза намудани як тонна об зиёда аз 100 доллари ИМА сарф мешавад. Ҳамагӣ дар кураи замин 35 миллион км3 оби ошомиданӣ ҳаст, ки он аз 40 як ҳиссаи ҳамаи обҳоро ташкил медиҳад.
Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, ки хеле ободу зебо шуда истодааст, сокинони он обро азиз намедоранд. Дар аксари маҳаллаҳои пойтахт ба соҳили дарё ҳар гуна партобҳоро мепартоянд. Дуруст аст, ки ҳар сол аксияи «Тозагии соҳил» ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд, вале дар ин бобат бояд ҳар як шаҳрванд андеша намояду дар тоза нигоҳ доштани об ва муҳити атроф саҳм гузорад.
Бе об ягон мавҷудот наметавонад вуҷуд дошта бошад. Инсон маъмулан аз беобӣ баъди ҳашт шабонарӯз мефавтад. Қисми зиёди таркиби растанӣ ва меваю сабзавот низ аз об иборат аст: 95 фоизи бодиринг, 90 фоизи помидор, 85 фоизи себу нок ва 80 фоизи картошка аз об таркиб ёфтаанд. Хулоса, муқаррар карда шудааст, ки 90 фоизи таркиби растаниҳо ва 75 фоизи бадани ҳайвонот аз об иборат аст. Соли 1930 олими франсуз Гортнер муайян намуд, ки 99 фоизи медузаи 500 грамм вазндошта об аст.
Дар асри XX ҳарорати гармии қабати поёнии атмосфера (зиёда аз 500 км аз сатҳи замин) ба ҳисоби миёна 100С зиёд шуда, мувофиқи пешгӯйиҳо, дар асри XXI гармӣ то 600С зиёд мешавад. Яъне, мо шоҳиди гармиҳои бисёр шадид хоҳем шуд. Тавре олимон мегӯянд, агар сатҳи уқёнусҳо то як метр баланд шавад, лозим меояд 72 млн. аҳолӣ ҷойи зисташонро иваз намоянд.
Шаҳри бузургтарини бандарии Ҷумҳурии Халқии Хитой — Шанхай (аҳолиаш 17 млн. нафар) низ ҳамасола дар об «ғӯтида» истодааст. Дар Нидерландия 1800 км саддҳои регӣ мардумро аз баҳр ҳимоя мекунад. Агар ин саддҳо намешуданд, масоҳати ин давлати сераҳолии ҷаҳон ду баробар кам мешуд. Дар натиҷаи гармӣ дар Филиппин тӯфонҳои шадид бо боронҳои сел рух доданд. Тӯфон ҳамаро шикаста, тамоми чизи дар роҳаш бударо нест мекунад.
Аз соли 1960 сатҳи оби баҳри Арал муттасил кам шуда, қариб сеяки масоҳаташ нест шудааст. Барои барқарор кардани баҳри Арал ҳар сол бояд ба он зиёда аз 70 км3 об ворид гардад, ки он аз имкон берун аст. Хотиррасон мекунем, ки 53-64 фоизи оби ҳавзаи баҳри Аралро Ӯзбекистон, 20-22 фоизро Туркманистон ва 11-14 фоизро Қазоқистон истифода мебаранд.
Олими рус Н. Глазовский муайян намудааст, ки туфайли обёрии маъмурӣ ҳамасола дар Ӯзбекистон 20 км3, дар Туркманистон 6,5 км3, дар Тоҷикистон 4 км3 ва умуман дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон 44-45 км3 об беҳуда талаф меёбад. Алҳол кишварҳое, ки ба усули обёрии қатрагӣ гузаштаанд, ба натиҷаҳои баланди илмию амалӣ ноил гаштаанд. Мавриди зикр аст, ки обдиҳии қатрагӣ қабати муайяни ҳаҷми доирашакли хоки атрофи решаи растаниҳоро намнок карда, решаи растанӣ обро бо моддаҳои ғизодор бо кашиши 2-8 атмосфера (200-780 кПа) ҷаббида мегирад. Чунин усули обмонии механиконидашуда ҷараёни обмониро баланд бардошта, обро сарфа менамояд.
Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ доир гардид. Аз ҷумла соли 2003-юм «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шуд. Бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 -2015) гузаронида шуд. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) аҳамияти саросарӣ пайдо карда, ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳим шуҳрату эътибори Тоҷикистонро баландтар кард. Дар ин росто, дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар (соли 2005), Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани хавфи офатҳои табиӣ вобаста ба об (соли 2008) ва ғайра баргузор гардида, дар онҳо ба масъалаҳои об таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
Омилҳои мазкур далели возеҳи собитқадам будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода аст.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»,
Саидалӣ ТОҲИРОВ, муҳандис — гидротехник