Ҳар инсон барои он ба дунё меояд, ки аз худ нишоне ба ёдгор гузорад. Аз яке нишони хуб мемонад, аз дигаре бад. Ҳар одам мекӯшад, ки номи ӯро хурду калон ба некӣ ба забон оваранд ва аз хислатҳои ҳамидааш нақл кунанд.
Чунин одамон дар атрофи мо кам нестанд ва яке аз онҳо духтури дорусоз Раҳматулло Сунатуллоев мебошад.
Раҳматулло инсони комил, марди фурӯтану накусиришт, хайрхоҳ, меҳрубон ва софдил ба маънии томаш ҷони одам аст. Ӯ мардест, ки мӯрчаро озор намедиҳад. Дар оилае таваллуд ва ба воя расидааст, ки дар бораи поквиҷдонӣ, ҳақиқатҷӯйии қиблагоҳаш то ҳоло ривоятҳо боқӣ монданд. Ин ҷо сухан дар бораи ветерани сохторҳои судии Тоҷикистон Раҳматуллоев Сунатулло меравад, ки ӯро дар вилояту ҷумҳурӣ хуб мешинохтанд. Падар яке аз поягузорони мақомоти судӣ дар ноҳияи Рӯшон ва ВМКБ буд ва дар барқароркунӣ ва пойдории сохти нав дар ноҳия фаъолона ширкат варзида, бо ташкилёбии ноҳияи Рӯшон соли 1932 нахустин котиби якуми Комитети комсомоли ноҳияи Рӯшон интихоб шуд. Аз соли 1934 то охири умраш дар сохторҳои судӣ кор карда, қариб 30 сол раиси Суди ноҳияи Рӯшон буд.
Раҳматулло Сунатуллоев баъди хатми мактаби миёна ба Институти давлатии дорутайёркунии шаҳри Тошкент дохил шуда, соли 1968 онро бо ихтисоси дорусоз хатм намуд. Бояд зикр намуд, ки Раҳматулло Сунатуллоев нахустин шахс аз байни рӯшониён буд, ки соҳиби ин ихтисос гардид. Баъди хатми донишкада ду соли аввал дар ноҳияи Ҳисор кор карда, аз соли 1970 мудири дорухонаи ноҳияи Рӯшон таъин шуда, дар ин вазифа 44 сол аст, ки бефосила кор мекунад. Хурду калон, пиру ҷавон ӯро мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром менамоянд. Тамоми ин муддат вай тамоми малакаи касбӣ, донишу таҷрибаашро баҳри бо доруҳои беҳтарину камёб ва хушсифат таъмин намудани аҳолии ноҳия сарф намудааст.
- Охирҳои моҳи феврали соли 1974 ба дорухона котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ва котиби якуми ҲК ВМКБ Х. Давлатқадамов ворид шуданд,- ба ёд меорад Раҳматулло Сунатуллоев: — Ҷаббор Расулов он вақт ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ордени «Дӯстии халқҳо»-ро супорида, шаб дар ноҳияи Рӯшон таваққуф намуда буд.
Ҷаббор Расулов аз ман доруи «волокардин»-ро пурсид. Баъд дар бораи маълумотам, кадом донишкадаро хатм намуданам пурсон шуд. Чун донист, ки ман маълумоти олии дорусозӣ дорам, дар ҳайрат монд ва боз пурсид:
- Барои чӣ дар шаҳр намондед?
Гуфтам, ки дар зодгоҳам ин ихтисос нест ва барои ман шараф аст, ки ба халқи худ хизмат намоям. Ҷаббор Расулов ташаккуру таҳният гуфта, хайрухуш намуд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози нооромиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон бо дору таъмин намудани табобатхонаҳо ва аҳолӣ душвор гардид. Илова бар ин шумораи гурезагон дар ноҳия зиёд шуда буд.
Боре ба сардухтури онвақтаи табобатхонаи маркази ноҳия шахси дилсӯзу ғамхор Худоназар Ниёзбеков нақл кардам, ки ҳамсабақе дар шаҳри Хуҷанд дорам, ки мудири дорухона аст.
Сардухтур ба назди директори Базаи автомобилии рақами 50-и шаҳри Хоруғ Худоёр Худоёров рафт. Бароямон як мошини ЗИЛ-ро ҷудо намуданд. Мо ба воситаи шаҳри Ӯш ба Хуҷанд рафта, доруҳои гуногунро оварда, ҳам маркази вилоят ва ноҳияро бо доруворӣ таъмин намудем. Солҳои 1995 – 1996 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шахсан муовини раиси вилоят Гулсара Раҳматова ду маротиба ройгон ба воситаи самолётҳои ҳарбии сарҳадбонони Федератсияи Россия аз шаҳри Душанбе доруворӣ оварда, то андозае камчинии онро коҳиш додем.
Раҳматулло Сунатуллоев аз он шод аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ба соҳаи тандурустӣ бештар диққат медиҳад. Мисоли равшанаш ин ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 мебошад:
«Соли 2014 шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфтанд.
Дар ин давра як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Ҳамчунин барои пешгирӣ ва паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ, таъмини шаҳрвандон бо маводи босифати доруворӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва омода намудани мутахассисон як қатор тадбирҳои муассир амалӣ карда шуданд».
Соли 1992 бинои имрӯзаи дуошёнаи дорухонаи маркази ноҳия ба истифода дода шуд. Дар ин замина шароити корӣ ҳам барои кормандон ва ҳам онҳое, ки муҳтоҷи доруворӣ ҳастанд, беҳтар шуд. Бино аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, имрӯз он зеби маркази ноҳия мебошад.
Дар солҳои бесарусомонӣ шахсоне пайдо шуданд, ки ба ин бино чашм ало карда, мехостанд онро хусусӣ гардонанд. Ҳамон тавре, ки як идда дар як давраи муайян баъзе биноҳоро хусусӣ кардаанду имрӯз онҳо вайрону валангоранд.
Раҳматулло соли 2003 дорухонаро дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ хусусӣ кард ва имрӯз он мақсаднок кор карда истодааст. Дар дорухона панҷ кас кор мекунанд ва музди меҳнаташон аз 500 сомонӣ зиёд буда, боз мукофотпулӣ низ мегиранд.
Як хислати неки Раҳматулло ин аст, ки ба камбизоатон ва ниёзмандон ё ройгон ё бо нархи арзон доруворӣ медиҳад. Собиқадорони ҷанг ва собиқадорони меҳнат низ аз ҳиммати ӯ баҳраваранд. Ғайр аз ин, дорусози ботаҷриба Раҳматулло аз гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ доруҳои гуногун тайёр намуда, маслиҳатгари шахсоне мебошад, ки мубталои беморӣ шуданд.
Духтури дорусоз Раҳматулло Сунатуллоев оилаи намунавӣ дорад. Ҳамсараш то ба нафақа баромадан муаллимаи забони русӣ буд. Аз панҷ нафар фарзандашон чор нафар соҳиби маълумоти олӣ мебошанд ва дар соҳаҳои гуногун кор карда истодаанд. Барои падар аз ин дида, хушбахтии дигаре вуҷуд надорад.
Ин марди накукор кӯшиш мекунад, ки корафтодаҳо аз дорухонааш ноумед набароянд. Агар доруи тавсиядода дар дорухона набошад, пас ӯ ба мизоҷонаш аз доруҳои тайёркардааш пешниҳод менамояд. Агар рӯзе ба як нафар некиаш расад, худро сарбаланд ҳис мекунад. Яъне, як рӯзи ҳаёташ барабас нарафтааст. Бошад, ки сафи чунин мардони некхоҳу мададрасон дар ҷумҳурии мо сол то сол зиёдтар шавад.
Меҳриддин ЗАМОНОВ, ноҳияи Рӯшон