Қатли ваҳшиёнаи ҷавондухтари бедордил — Фархунда, ки дар мамлакати ба мо дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба вуқӯъ пайваст, ҳеҷ як шахси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад.
Ҷашни имсолаи Наврӯзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мотам мубаддал гардид. Фархунда, сокини 27-солаи шаҳри Кобул, 19-уми марти соли ҷорӣ дар назди мазори «Шоҳи Душамшера», барои он ки гӯё китоби муқаддаси «Қуръон»-ро оташ зада бошад, кушта шуд. Ӯро қотилон мавриди латукӯб қарор дода, ҷасадашро сӯзониданд.
Ба иттилои расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ, моҷаро замоне рух додааст, ки Фархунда бо муллое, ки дар он маҳал таъвиз ва ё тӯморнавис буд, мушоҷара ва ё муноқишаи лафзӣ мекунад. Баъд аз он мулло ин духтарро ба сӯзонидани китоби «Қуръон» муттаҳам мекунад ва мардуми хашмгин ин духтарро бо азобу шиканҷаҳои зиёд ба қатл мерасонанд.
Маросими ба хоксупории Фархунда рӯзи 22-юми март бо иштироки ҳазорон нафар аз намояндагони қишрҳои гуногун баргузор гардид. Ҳарчанд ки дар мамлакатҳои исломӣ ва кишварҳое, ки мусулмонон зиндагӣ мекунанд, ҳамеша тобутро мардон мебардоранд, аммо хилофи суннати маъмул, занони фаъоли афғон бо нишони эътироз нагузоштанд, ки тобути ин духтари бегуноҳро мардон бардоранд ва худи онҳо тобутро бардошта, то ба оромгоҳ бурданд.
Қатли ваҳшиёнаи Фархунда сабаби эътирозҳои зиёд дар дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардид.
Қатли шахси бегуноҳро Худованд гуноҳи кабира гуфтааст, яъне гуноҳи бузурги нобахшиданӣ. Наход он муллое, ки аз гуфтаҳои аҳкоми шариат бохабар бошад, даҳон ба туҳмат кушода, боиси қатли як духтари бегуноҳ гардад? Куҷост он саводи исломӣ, куҷост мусулмонӣ? Оё шахси муъмину мусулмон чунин бераҳму туҳматгар мешавад?
Чунин амалҳои террористию ифротгаройӣ, ваҳшиёна дар гӯшаю канори дунё рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Сабаб чист? Сабаб, пеш аз ҳама, дар ноогоҳии мардум аст. Агар ҳар як фард ақли солими худро ба кор барад, пайи омӯзишу донишандӯзӣ бошад, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи бад намеравад ва ҳаёти худу дигаронро зери хатар намегузорад.
Аз чӣ бошад, ки баъзе ҷавонони тоҷик низ баъзан аз гумроҳии худ ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, дар мамлакатҳои ҷангзада ҷони худро аз даст медиҳанд. Гӯё онҳо дар роҳи Ҳақ, дар роҳи Худо ҷиҳод меварзанд. Фаромӯш кардаанд, ки нигоҳубини волидайн ва оила барояшон ҳам қарз асту ҳам фарз.
Сабаби кушта шудани як духтари бегуноҳ туҳмати бардурӯғи мулло, муллоест, ки мисли баъзе «муллоҳои тоҷик» – шайх Темур, мулло «Кирмак» барин авомфиребон, бо роҳи фиребу найранг мехоҳанд муфт даромади зиёд ба даст биёранду зиндагии хешро аз ҳисоби мардуми сода пеш бубаранд. Виҷдони Фархунда азобаш доду садди роҳи чунин муллоҳои мардумфиреби маҳали худ шудан хост. Аммо…
Аз ин амали ба вуқӯъомада мо — занону духтарони тоҷик бояд панд гирем, чунки ин идда занону духтарони мо низ пайи ҷустуҷӯи муллою табибони бо ном халқӣ ҳастанд ва ба воситаи дуою тӯмори онҳо гӯё ба дардҳои худ даво меҷуста бошанд. Ҳоло замони пешравии илму техника дар ҳамаи соҳаҳо, махсусан дар соҳаи тибу тандурустӣ, аст. Ҳар беморие, ки мо дучор мешавем, табибони дараҷаҳои олӣ тавассути таҷҳизоти замонавӣ ташхису табобат мекунанд. Аз ин бармеояд, ки барои назди муллою табиби мардумӣ рафтан ҳоҷат намондааст.
Ҳарчанд тавассути воситаҳои ахбори омма рафтору кирдор ва амалҳои зишту номатлуби бо ном «муллоҳои ҳозиқ»-ро нишон медиҳанд, аммо ҳоло ҳам баъзе занону духтарон ба онҳо ихлос доранду наздашон мераванд.
Ман ҳамчун зан — модар қотили Фархунда – зани озодихоҳи афғонро маҳкум менамоям ва аз занону духтарон ва ҷавонони тоҷик даъват ба амал меорам, ки ақли солими хешро ба кор баранд, фирефтаи сухани дурӯғи дасисакорону ифротгароён нашаванд.
Ҳоло ҳам захмҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз дилҳоямон зудуда нашудааст, ҳоло ҳам нолаи модари тоҷики фарзандгумкарда гӯши афлокро медаронад, ҳоло ҳам тифлаке, ки ҳамагӣ як сол дошту падарро дар хотир надорад, бо ёди рӯи падар даврони ҷавонӣ сипарӣ мекунад. Мо намехоҳем, ки боз Ватани азизу ба ҷон баробарамон дубора ба коми оташ равад, намехоҳем, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо боз лонаи чуғзон гардад ва намегузорем, ки боз ҷавони тоҷик яроқ ба даст бигирад…
Зайналбӣ ХОЛИҚОВА, номзади илмҳои филологӣ