Мавҷудияти чунин муассисаи молиявӣ дар заминаи дастгириву таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ва ибтикороти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» имконпазир гардид
Бароям хеле шигифтовар аст, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусалмонӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифта, рӯзе нест, ки ба ин иттилои нав илова нашавад. Муътақидам, ки чунин ҳолат на танҳо банда, балки тамоми мусалмонони аз набзи ҷомеа огоҳро ба ташвиш оварда, нигарон намудааст. Шоҳиди он ҳастем, ки давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қуввату тавоноӣ табдил ёфтаанд.
Дар ин росто, зикр намудан бамаврид аст, ки на ҳама кишварҳои мусалмонӣ қашшоқу дастнигар ва майдони намоишу қуввату тавоноӣ ҳастанд. Қисмати аъзами давлатҳои арабӣ аз шумори кишварҳои пешрафта ва дорои имкониятҳои зиёди молиявӣ буда, ба сифати сармоягузор дар пешрафти мамлакатҳои зиёд, аз ҷумла кишварҳои Аврупо низ нақши бориз доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар ҳамоишҳои сарони кишварҳои мусалмонӣ аз «муъмин бародари муъмин будан» ёдовар шуда, даъват ба амал оварда буданд, ки сармояи кишварҳои худкифои мусалмонӣ бояд барои рушди давлатҳои нисбатан ақибмонда истифода шавад. Яке аз роҳҳои сармоягузорӣ мавҷудият ва фаъолияти бонкдории исломӣ маҳсуб меёбад.
Буҳрони молиявие, ки соли 2008 ва давоми ду соли охир дар олам ба вуқӯъ омаданд, диққати масъулини низоми молиявии ҷаҳонро ба бонкдории исломӣ, ки дар ин давра устувории худро ба зарбаҳо ва хавфҳои молиявӣ нишон дод, ҷалб намуд. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки айни замон низоми бонкии исломӣ дар миқёси байналмилалӣ мавқеи намоёнро ишғол намуда, таври муназзам густариш ёфта истодааст. Бартариҳо ва муҳимияти ин низомро ба инобат гирифта, як қисм кишварҳои ИДМ хеле пеш онро мавриди истифода қарор доданд. Барои мисол, дар қисме аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон филиалҳои бонкҳои исломӣ ва равзанаҳои бонкҳои исломӣ дар бонкҳои анъанавӣ фаъолият доранд.
Ҳамрадиф бо рушди бесобиқаи низоми бонкии кишвар, ки аз дастгириву таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст, дар ҷумҳуриамон талабот ба хизматрасонии бонкии исломӣ ба миён омадааст. Нуктаи муҳим он аст, ки ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ — иштирокчиёни ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд, ки соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, омодагии худро оид ба мусоидат ба ташкили хизматрасонии бонкии исломӣ ва дастгирии рушди он дар кишвари мо баён намуда буданд. Табиист, ки барои роҳандозии ҳама гуна навгонӣ мавҷудияти заминаи қонунгузорӣ муҳим ва заруру ногузир аст. Биноан, иқдоми муҳим дар ин ҷода таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» маҳсуб меёбад. Аз муҳтавои қонуни фавқуззикр бармеояд, ки он ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ нигаронида шуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Муҳимияти қонуни мавриди назар ҳамчунин дар он зоҳир мегардад, ки мавриди амал қарор гирифтанаш ба дарёфти манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ ва пасандозҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард. Яъне, ташкили фаъолияти бонкии исломӣ дар кишвари мо дар шароити имрӯза саҳифаи нави муносибатҳои қарзиро рӯи кор меорад ва барои рушди бемайлони иқтисодиёт заминаи воқеӣ хоҳад гузошт. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки аҳолӣ мунтазам аз баланд будани меъёрҳо — фоизҳои ташкилотҳои қарздиҳии амалкунанда изҳори нигаронӣ менамоянд. Чунки вазни қиёсии фоизи қарзҳо дар арзиши аслии маҳсулот, кору хизматрасониҳо то 30 фоизро ташкил медиҳад.
Агар мафҳуми фаъолияти бонкии исломиро жарфтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, пас ҷиҳатҳои зиёди мусбии он ҳувайдо мегардад. Дар назар дошта шудааст, ки бо қабули қонуни мазкур дар бахши бонкдорӣ ва муносиботи қарзӣ марҳилаи нав оғоз мегардад, ки шарикии ташкилотҳои қарзии исломиро бо мизоҷон ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти иқтисодию тиҷоратӣ ва кору хизматрасонӣ таъмин менамояд.
Табиист, ки иҷрои қонун як тарафи масъала бошад, татбиқи он ҷиҳати дигари масъала аст. Ҳангоме, ки қонуни фавқуззикр қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифт, як идда татбиқи он, яъне ба фаъолият шурӯъ намудани бонкҳои исломиро дар ҷумҳурӣ зери суол гузошта буданд. Хушбахтона, яке аз бонкдорони муваффақи кишвар, раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода аввалин шуда, ҷиҳати татбиқи талаботи ин қонун иқдом намуд. Аз далелҳои дастрасшуда бармеояд, ки ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, барои дар амал татбиқ намудани ин низом солҳост, ки омодагӣ гирифтааст.
Бо ибтикори бевоситаи Тоҷиддин Пирзода барои кормандон курсҳои омӯзиши забони арабӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Дар Сарбонк ва филиалҳо шуъбаи алоҳидае барои роҳандозии бонкдории исломӣ таъсис доданд. Баъд аз таҳлилҳои зиёд тасмим гирифта шуд, ки истифодаи ин низомро дар заминаи бонки фаръии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» -ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ба роҳ монда шавад. Ҷиҳати ҷомаи амал пӯшонидани тасмими фавқуззикр 21 майи соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон миёни ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ва Иттиҳоди исломӣ оид ба рушди соҳаи хусусӣ (IСD) барои мусоидат дар табдил додани ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ба муассисаи молиявие, ки минбаъд фаъолияташ мутобиқи бонкдории исломӣ сурат хоҳад гирифт, Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Қобили ёдоварист, ки Иттиҳоди исломӣ оид ба рушди соҳаи хусусӣ (IСD) аз тарафи Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд (БИР) соли 1999, зимни ҷаласаи 24- умини солонаи бонк дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ таъсис ёфтааст ва қароргоҳи он низ дар ҳамин шаҳр аст. Яке аз вазифаҳои асосии ин ниҳод дастгирии иқтисодӣ ва машваратии кишварҳои узв ва пуштибонии рушди бахши хусусӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷидин Пирзода аз аввалин нафаронест, ки ҳанӯз соли 2008 — замони шурӯъ шудани буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҷорӣ намудани фаъолияти бонкдории исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор арзёбӣ намуда буд. Мавсуф аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ намуда, минҷумла гуфт, ки «Роҳандозии бонкдории исломӣ дар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ, агар бо ташаббуси бахши хусусии молиявӣ пешниҳод шуда бошад, вале он дар Тоҷикистон маҳз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт, ки ин боиси хурсандӣ аст».
Вобаста ба махсусиятҳо ва бартариҳои ин низом Тоҷиддин Пирзода ба он назар аст, ки «эмин мондани бонкҳои исломӣ аз таҳдиди буҳронҳои молиявии байналмилалӣ сабаб шуд, ки ин тарзи бонкдорӣ дар ҷаҳон беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Яке аз асоситарин усули низоми бонкдории исломӣ адолат аст, ки робитаи молиявии бонк, сармоягузор ва амонатгузор дар ҳамин замина шакл мегирад. Хусусиятҳои барҷастаи бонкдории исломӣ аз бонкдории анъанавӣ ҳам дар ин аст, ки манфиатҳои иҷтимоиро фидои манфиатҳои шахсиву фардӣ намекунад». Бино ба таҳлили Тоҷиддин Пирзода: «Бонкдории исломӣ низоми бонкиест, ки ба тақсими баробари фоида ва зарар миёни бонк ва муштарӣ асос ёфтааст. Робитаи байни бонк ва муштарӣ дар ин низом робитаи қарздеҳу қарзгир нест, балки мушорикати баробар дар фоида ва зарар аст. Бар хилофи бонкдории анъанавӣ, дар бонки исломӣ ҳисоби сармоя аз амонатҳои ҷалбшуда ба сурати ҷудогона нигоҳдорӣ мешавад, то аз омехташавии фоидаи онҳо ҷилавгирӣ карда шавад».
Мавсуф ҳамрадиф бо омилҳои дигар аз он ёдовар мешавад, ки «қисме аз ҳамватанони мо ба далели эътиқоди динӣ маблағҳои худро дар бонкҳои маъмулӣ, ки баҳра мегиранд, намегузоранд, зеро аз нигоҳи шариат баҳрагирӣ ҷоиз нест. Бинобар ин, пулҳои худро дар хона нигоҳдорӣ мекунанд ва дар натиҷа ин маблағҳо аз муомилот берун мемонанд. Дар бонкдории исломӣ амонатҳо бе таъини пешакии андозаи фоида ба бонк ҷалб мешаванд, вале он як амонатгузории беҳаракати маъмулӣ нест, балки он дар воқеъ мушорикат дар фаъолият мебошад ва амонатгузорон тибқи қоида дар мақоми як шарик ва ё як саҳмгузор қарор доранд. Пардохти фоидаи амонат дар ин низом дар поёни давраҳои ҳисоботӣ ҳангоми ҷамъбасти омори воқеии ҳисобҳои молиявии бонк сурат мегирад. Бояд гуфт, ки бахше аз манбаъҳои молиявӣ дар бонкдории исломӣ дар шакли қарз ва бахше дигар ба сурати амонатгузорӣ ҷалб мешаванд, ки моҳияти сармояро доранд».
Хотирнишон мекунем, ки тавофуқи аввалияи ҳамкорӣ миёни ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ва Иттиҳоди исломӣ оид ба рушди соҳаи хусусӣ сеюми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Манама, пойтахти давлати Баҳрайн дар доираи Форуми инвеститсионии байналмилалии исломӣ (Clobal Islamic Investment gateway GIIG) ҳосил шуда буд. Зимни ин вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ҳасанаи Иттиҳоди исломӣ оид ба рушди соҳаи хусусӣ бо ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар чаҳорчӯбаи бонкдории исломӣ ба тавофуқ расида буданд.
Дар маҷмӯъ, ба имзо расидани Созишномаи фавқуззикр рӯйдоди муҳим ва фараҳбахш маҳсуб ёфта, татбиқи саривақтиаш ба рушди низоми бонкӣ ва ба ин васила, пешрафти соҳаҳои гуногун мусоидат менамояд.
Далер Мерганов, «Садои мардум»