Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 18. Тартиби бекор кардани ақди никоҳ
Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин Кодекс ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.
Дар ин модда тартиби умумии қатъи ақди никоҳ муайян карда шудааст, ки онро қонунгузории оилавӣ ва мурофиаи гражданӣ пешбинӣ мекунад. Тартиби қатъи ақди никоҳ, пеш аз ҳама, татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба талоқ кафолат дода, иродаи озоди ҳамсаронро дар мавриди аввал мегузорад. Ҳолатҳое ба назар гирифта мешаванд, ки дар моддаи 17 Кодекси оила таъкид шудаанд, ғайр аз ин, ҳимояи афзалиятноки ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғ ба инобат гирифта мешавад. Қонун ба суд ё худ мақомоти САҲШ имконияти рад кардани хоҳиши ҳамсаронро ба қатъи ақди никоҳ намедиҳад, ғайр аз ҳолатҳое ки дар моддаи 17 Кодекси мазкур арзёбӣ шудаанд. Дар моддаи 18 Кодекси оила мақоми асосие, ки масъалаи қатъи ақди никоҳро баррасӣ мекунад – мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ номбар мешавад ва танҳо дар ҳолатҳое, ки дар моддаи 21 «Бекор кардани ақди никоҳ дар суд», моддаи 22 «Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ» ва моддаи 23 «Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии мутақобилаи зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ» номбар шудаанд, қатъи ақди никоҳ бо тартиби судӣ анҷом мегирад. Ҳамин тавр, Кодекси оила дар мавриди аввал мақомоти САҲШ-ро ҷиҳати қатъи ақди никоҳ, зуҳури иродаи озодии ҳамсарон ва ҳалли бемуноқишаву беҷанҷоли баҳси қатъи ақди никоҳ масъул гардонида, дар мавриди дуюм, яъне дар вазъиятҳои мураккаб ҳалли масъалаи қатъи ақди никоҳро ба суд ҳавола кардааст.
Аризаи ҳамсарон оид ба қатъи ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ-и ҷои зисти ҳамсарон, ё худ бо розигии тарафҳо – дар маҳалли зисти яке аз онҳо баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Мақомоти САҲШ, аз рӯи қоида, ба пурсиши шоҳидон, баррасии ҳолатҳое, ки зану шавҳарро ба қарори қатъи ақди никоҳ овардааст, дида баромадани далелҳо ва исботкуниҳо машғул намегардад. Қатъи ақди никоҳ дар суд ба зану шавҳар имконияти шикоят карданро ба мақомоти болоӣ, дахолати прокурор, ки ба ҳимояи ноболиғон ва дигар ашхоси эҳтиёҷманди оила сарукор мегирад, фароҳам меорад. Қатъи ақди никоҳи ҳамсарон ба муносибатҳои то ақди никоҳ мавҷудбудаи онҳо дахл намекунад, бо вуҷуди ин давом кардани баъзе муносибатҳоеро, ки ҳангоми ақди никоҳ пайдо шудаанд, сарфи назар намесозад, масалан, тақдири кӯдакон, масъалаи алимент ва молу мулк.
Дар асоси моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» асосҳои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ аз инҳо иборат мебошад: аризаи муштараки ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд; ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон дода шудааст ва ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд нисбат ба ҳамсари дигар, агар ӯ аз ҷониби суд бедарак ғайбзада ё ғайри қобили амал эътироф шуда бошад ё барои содир намудани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол маҳкум шуда бошад; ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафоти яке аз ҳамсарон ва ё ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд оид ба фавтида эълон намудани яке аз ҳамсарон; ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст.
Тибқи моддаи 42 Қонуни номбурда ҳангоми мавҷуд будани розигии мутақобилаи ҳамсарон барои бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҳамин ақди никоҳ фарзандони умумии ноболиғ надоранд, ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда мешавад.
Ҳамсароне, ки хоҳиши бекор кардани ақди никоҳро доранд, ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли хаттӣ аризаи муштаракро оид ба бекор кардани ақди никоҳ пешниҳод менамоянд. Ба ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ бояд шаҳодатномаи ақди никоҳ низ замима карда шавад.
Дар аризаи муштарак дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарон бояд розигии ҳамдигарро барои бекор кардани ақди никоҳ ва надоштани фарзандони умумии ноболиғ тасдиқ намоянд. Инчунин дар аризаи якҷояи ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:
-ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, маҳалли истиқомати ҳар кадоме аз ҳамсарон;
- маълумоти сабти асноди ақди никоҳ;
- насабе, ки ҳар яке аз ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ қабул менамоянд;
- маълумоти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ҳамсарон.
- сабаби муроҷиати онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ.
Ҳамсароне, ки хоҳиши бекор кардани ақди никоҳро доранд, ба аризаи муштарак имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиҳанд.
Агар яке аз ҳамсарон имконияти ҳозир шуданро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи якҷоя, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, надошта бошанд, изҳори иродаи онҳо метавонад дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамудаашон ба расмият дароварда шавад. Имзои аризаи ҳамсаре, ки имконияти ҳозир шуданро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ надорад, бояд дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда шавад.
Бекор кардани ақди никоҳ ва қайди давлатии бекор намудани он дар ҳузури ҳамсарон ва ё яке аз онҳо бо гузаштани як моҳ аз рӯзи додани аризаи муштараки ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ба ҷо оварда мешавад.
Дар асоси аризаи яке аз ҳасарон ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ бекор карда мешавад, агар ҳамсари дигар:
- аз ҷониби суд бедарак ғайбзада эътироф гардида бошад;
- аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шуда бошад;
- вафот карда бошад ё аз ҷониби суд фавтида эътироф гардида бошад;
- барои содир кардани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол маҳкум шуда бошад.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳро қабул намудааст, дар муддати се рӯз ҳамсареро, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо намуда истодааст ё васии ҳамсари ғайри қобили амал эътирофшударо ва ё идоракунандаи молу мулки ҳамсари бедарак ғайбзадаро, дар ҳолати мавҷуд набудани ин гуна шахсон мақомоти васоят ва парасториро дар бораи дохил шудани ариза ва рӯзи муайяншудаи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабардор менамояд.
Дар сурате ки агар ақди никоҳ бо ҳамсари ғайри қобили амал эътирофшуда ва ё бо ҳукми суд барои содир намудани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда бекор карда шавад, дар хабарнома инчунин зарурати то санаи таъиншудаи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабар додани он насабе, ки шахс мехоҳад пас аз бекор кардани ақди никоҳ қабул намояд, нишон дода шавад.
Ба ҳар яке аз шахсоне, ки ақди никоҳашонро бекор намуданд, шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи мақомоти САҲШ дода мешавад.
(Давом дорад)