Чанде пеш дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Экстремизми динӣ ва хатари он ба ҷаҳони муосир» доир гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷамъиятҳои динӣ иштирок намуданд.
Ҷамъомадро ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Солеҳов ифтитоҳ намуда, моҳият ва зарурати баргузории мулоқотҳои ҷавонон, махсусан донишҷӯёнро бо намояндагони ниҳодҳои расмии динӣ дар вазъияти кунунӣ шарҳу эзоҳ дод.
Сипас, намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдулвоҳид Ҳомидов суханронӣ намуда, зикр кард, ки вақтҳои охир ба зеҳни як идда ҷавонони ноогоҳ ақидаҳои мутаассибонаи мазҳабӣ, андешаҳои ифротии динии зиддимиллӣ ворид шуда истодааст.
Номбурда сабаби ин падидаи номатлубро, пеш аз ҳама, ба паст будани маърифату фарҳанг, заифии донишҳои дунявӣ маънидод намуд. Ба ақидаи ӯ, иллати дигари ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гаштани иддае аз ҷавонон рафтан аз пайи пулу маблағест, ки барояшон ваъда дода мешавад. Яъне, нафси саркаши онҳо ба ҳама ақидаву андешаҳои солим ва арзишҳои инсонию миллӣ ғолиб омада, боис мегардад, ки онҳо пойбанд ва ғуломи бегонагон гашта, аз ҳеҷ роҳ, ҳатто куштори ҳамдинону ҳаммазҳабони худ рӯй натобанд.
Роҳбари калисои масеҳии шаҳри Душанбе В. Питиримский масъалаи баррасишавандаро, бинобар тамоюли афзоиш касб намуданаш, хатарнок номид. Ба ақидаи мавсуф, яке аз сабабҳои торафт афзудани таъсири ақидаҳои мутаассибонаи мазҳабӣ ин дар «ҷанги иттилоотӣ» фаъол будани хадамоти таблиғотии гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мебошад. Онҳо аз тамоми воситаҳои ахбори омма, махсусан сомонаҳои интернетӣ таври густурда истифода мебаранд.
Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки воситаҳои ахбори оммаи мамлакат дар фазои иттилоотӣ аз шароиту имконоти мавҷуда пурра ва мақсаднок истифода баранд.
Намояндаи Ҷамъияти яҳудиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Рабиева аз робитаҳои ҳасана ва нақши яҳудитаборон дар пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши фарҳангу ҳунар дар Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, иттиҳоди намояндагони ҳамаи дину мазҳабҳоро дар роҳи муқовимату мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб, алалхусус дар шароити вусъат ёфтани ақидаҳои экстремистӣ, ифротгаройӣ амри зарурӣ ва ҳатмӣ ҳисобид.
Дар анҷоми мулоқот байни устодону донишҷӯён ва меҳмонон саволу ҷавоб сурат гирифт.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»