Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари корӣ 9 — 10 июни соли равон дар шаҳри Панҷакент қарор дошт. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Шоҳида Худойбердиева иттилоъ дод.
Раиси вилоят дар шаҳри Панҷакент нахуст бо фаъолияти нуқтаи хизматрасонии зообайторӣ ва Маркази омӯзиши ҳунарҳои миллии «Зебо», воқеъ дар деҳоти «Суҷина» шинос гардида, масъулинро барои бештар ҷалб намудани занону духтарони ҷамоат ба чунин корҳои фоиданок муваззаф намуд.
Бояд гуфт, ки нуқтаи хизматрасонии зообайторӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳиби таҷҳизоти зарурӣ гардидааст. Дастур дода шуд, ки дар ин коргоҳ бояд хизматрасонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, барои хушзоткунии чорвои мардум аз беҳтарин намуди чорво истифода карда шавад.
Маркази омӯзиши ҳунарҳои миллии «Зебо» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷумъа Фахриддинов бунёд шудааст. Баҳри омӯзиш ва сайқал додани маҳорати касбии касбомӯзон дар ин ҷо маҳфилҳои қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ, дӯзандагӣ, қӯроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва ҳаваскорони санъат ташкил шудаанд. Барои омӯзиш ва азхудкунии адрасбофӣ дар маркази мазкур шаш дастгоҳи махсус насб шуда, 12 нафар бонувони маҳаллӣ ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шудаанд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти занону духтарон зикр кард, ки минбаъд ҳар бонуи соҳибҳунаргардида ройгон бо дастгоҳи адрасбофӣ таъмин карда мешавад.
Баъдан, дар саҳни хоҷагии деҳқонии ба номи Нишонови деҳоти «Саразм» вохӯрии Абдураҳмон Қодирӣ бо кишоварзони ин хоҷагӣ сурат гирифт. Дар рафти суҳбат сокинони деҳоти «Саразм» иброз намуданд, ки солҳои қаблӣ хоҷагидорони ин деҳаҳо аз нарасидани оби полезӣ танқисӣ мекашиданд. Онҳо арзи қаноатмандӣ ва сипос намуданд, ки соли равон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд якчанд пойгоҳҳои обкашӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд ва ин имкон дод, ки тамоми заминҳои кишоварзии минтақа бо оби полезӣ таъмин гарданд.
Раиси вилояти Суғд ба гурӯҳи калони саҳмдорон сертификатҳои ҳуқуқи истифодабарии заминро супорид. Сипас, Абдураҳмон Қодирӣ аз қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Панҷакент дидан карда, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ суҳбат ва ба ин қисми низомӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд. Бо ҷойи хоби аскарон, нуқтаи тиббӣ, хонаи маишӣ, истироҳат, ошхона, анбори хӯрокаи қисми низомӣ шинос шуда, масъулинро ҷиҳати ободонии атроф, серғизо намудани хӯроки сарбозон ва насби камераҳои мушоҳидавӣ вазифадор намуд.
Худи ҳамон рӯз Абдураҳмон Қодирӣ бо рафти сохтмони биноҳои истиқоматӣ шинос гардид. Дар ҳузури раиси вилояти Суғд яке аз биноҳои 6-ошёна, ки дар муддати як сол аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Панҷакентсоз» бо сарварии Абдумаин Қодиров бунёд гардидааст, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар идомаи сафари кории худ Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Панҷакент бо рафти кишт ва парвариши шолӣ дар кооперативи истеҳсолии тухмипарварии ба номи Шамсӣ Назаров шинос гардид. Раиси вилоят ҷараёни кишт ва парвариши шолиро хуб арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки бояд ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аҳамияти бештар дода шавад. Сипас, Абдураҳмон Қодирӣ дар фермаи соҳибкор Замон Забуров бо рафти парвариш ва нигоҳубини чорвои калон шинос гардид. Айни замон дар ин ферма ба хушзот намудани чорвои калон аҳамияти хоса дода, бо ин мақсад 30 сар чорвои зоти «Симентал» харидорӣ шудааст.
10 июни соли 2015 дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар панҷ моҳи соли 2015 баргузор гардид. Нахуст гузориши узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар панҷ моҳи соли 2015 шунида шуд. Бо дарназардошти баррасии фаъолияти панҷмоҳаи соли ҷорӣ раиси вилоят ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо барои беҳбудӣ бахшидани фаъолият ва ислоҳи саривақтии камбудию норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»