Нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ва таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон бори дигар эътироф гардид

№90 (3391) 04.07.2015

Бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (шаҳри Брюссел), Муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин Марказ сарфароз гардиданд.

Маркази мазкур унвони профессори фахриро бо дарназардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст.

Боиси зикр аст, ки Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 бо ташаббуси профессорони донишгоҳҳо, дипломатҳо ва хизматчиёни аршади давлатӣ бо мақсади пешбурди тадқиқот ва додани маълумоти пурраи олӣ дар соҳаи сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати рушд таъсис ёфтааст. Марказ ба хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи «Сиёсати байналмилалӣ» ва «Сиёсати рушд» пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир сафирон, дипломатҳои ҷавону собиқадор, намояндагони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Аврупо донишҷӯёни ин Марказ мебошанд.

www.president.tj