Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ санаи шашуми июли соли 2015 бо Директори минтақавии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Карл Кулесса мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои тобеи Созмони Милали Муттаҳид мавриди гуфтугӯ ва баррасӣ қарор гирифт.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғоз ҷаноби Карл Кулессаро хайра мақдам гуфта, ташрифи ӯро ба сарзамини тоҷикон омили рушду таҳкими муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ кард.
Хайринисо Юсуфӣ ба меҳмони олиқадр роҷеъ ба интихоботи парламентӣ, ки 1 марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ дода, иброз дошт, ки дар он 87,7 фоизи шумораи умумии интихобкунандагон ширкат намуданд. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш ҳизби сиёсӣ — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон намоянда дошта, 11,1 фоизи вакилон ғайриҳизбӣ мебошанд.
Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардиданд, ки 12 нафарашон зан мебошанд. Аз шумораи умумии вакилон 15 нафар номзади илм, 15 нафар доктори илм, як нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар академики Академияи байналмилалии нақлиёт мебошанд.
Хайринисо Юсуфӣ ҳамчунин афзуд, ки ба раванди баргузории интихобот, ки дар фазои комилан демократӣ ҷараён гирифт, аз ҷониби нозирон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Созмони Милали Муттаҳидро дар барқароршавии сулҳу суботи миёни тоҷикон муҳим арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ин созмони муътабари байналмилалӣ дар ҳалли тамоми масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши арзанда мегузорад. Вай талошҳои ниҳодҳои тобеи Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангез миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муассир маънидод кард.
Хайринисо Юсуфӣ ба Карл Кулесса барои аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он дар бораи чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт (солҳои 2005-2015), Иди байналмилалии Наврӯз ва ғайра пуштибонӣ намуданаш изҳори миннатдорӣ намуд.
Директори минтақавии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Карл Кулесса ба Хайринисо Юсуфӣ барои пазироии самимиаш изҳори сипос карда, ибрози умедворӣ кард, ки мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи бахшҳои Созмони Милали Муттаҳид фароҳам хоҳад овард.
Дар маҷмӯъ, номбурда аз сатҳи равобити Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамаи ҷанбаҳо ибрози қаноатмандӣ намуд.
Суҳбат дар рӯҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир А. ИСОЕВ