Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили натиҷагирӣ аз татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, ҳадафманд ва таъинотӣ истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва тарҳрезии мақсадноки лоиҳаи аз нигоҳи иҷтимоӣ таҳкимёфтаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016, ҳолати обтаъминкунию беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, нигоҳдорию сохтмони роҳҳо, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, назорати сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда ва баҳри вусъати корҳои ободонию сабзкорӣ ва аз гармо эмин нигоҳ доштани дарахту бутта ва гулу чаманзорони шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар робита ба ин ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа дастур дода шуд, ки дар асоси нақшаҳои барномавӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати иншооти ба истифода супоридашаванда дар таносуби маблағҳои буҷетӣ ва дигар сарчашмаҳо таҳия ва омодасозии шаҳр ба нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон, ки 14 — 15-уми сентябри соли 2015 доир мегардад, таври густурда тарҳрезӣ карда шавад.
Ш. САИДОВ