Давлат Сафар
Даъво чарову даъвати бемуттако чаро?
Маъво куҷову мавъизаи аз риё чаро?
Овози ҳизби наҳзат агар дар гулӯ гирифт,
Пас гирудори пуч ба гирди садо чаро?
Изҳори аҷзи Наҳзати ислом изи кист?
Ҷуз хоҷагони ғайр ба олам азизи кист?
«Мо бастаем сулҳу зи аҳдаш гусастаем»
Ин ҳарзагӯӣ аз даҳани бетамизи кист?
Азми кӣ буд сулҳу чаро лоф мезанед?
Худро чӣ сон ба минбари аъроф мезанед?
Гӯё Ватан хароб зи аъмоли ғайр гашт,
Дилсӯз гаштаву дари инсоф мезанед.
Даъво зи пушти миллату Меҳан ба номи ғайр,
Бошад муроди ҳамҳамасозӣ ба коми ғайр.
Эҳсос мерасад ба сару дил, вале дареғ,
Вақте, ки гаштаед чу сайде ба доми ғайр.
Ифротиёни давр на пайванди миллатанд,
Не пойбанди меҳану не ҳукми давлатанд.
Дар гардани замонаи мо мисли пӯчаканд,
Дар вожаи шаҳодати ислом лакнатанд.
Даъво ба ғайр ҳамҳама бар хун кашидан аст,
Бо гӯши ғайр нолаи дилро шунидан аст.
Бо чашми ғайр хеш ба оина дидан аст,
Андар масал ба қураи каҳдон расидан аст.
Чун метавон зи пушти каси дигар орамид,
Чун метавон ба пои каси дигаре давид?
Чун метавон, ки ҳамбару ҳамбистарат мудом,
Бо дастҳои ғайр ба оғӯши худ кашид?
Беномусист парчами бегона рӯи бом,
Бар ном асар наяст ба ин қавм аз мақом.
Мурғе агар ба донаи домон умед баст,
Ҳоҷат наяст аз пайи афканданаш ба дом.