Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки дар заминаи тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат сол то сол сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, айни замон ин нишондиҳанда 32 фоизро ташкил медиҳад. Омили мазкур далели возеҳи он аст, ки иқдомоти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти беҳбудӣ бахшидани некуаҳволии аҳолӣ самар овардаанд. Табиист, ки ин пешравӣ аз назари ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ниҳон намонда, онҳо зимни пажӯҳиш ва раддабандиҳо ин воқеиятро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа менамоянд.
Дар оғози моҳи июли соли равон Бонки Умумиҷаҳонӣ дар заминаи пажӯҳиши амиқу доманадор Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳои фақир берун кард.
Тибқи раддабандии нави ин созмони бонуфузи байналмилалии молиявӣ, аз ин баъд кишварҳое чун Мянмар, Бангландеш ва Кения низ дигар давлатҳои фақир маҳсуб намеёбанд. Тибқи арзёбии коршиносони созмони фавқуззикр Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки даромади нохолиси миллии он миёни 1046 ва 4125 доллари ИМА қарор дорад. Дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷуз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳуриҳои Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова, Украина ва Ӯзбекистон низ ба ҳамин гурӯҳи кишварҳо шомил мебошанд.
Дар иттилое, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ паҳн намудааст, зикр шудааст, ки тибқи меъёри муайяншуда ин кишварро метавон аз рӯйхати кишварҳои фақир бурун намуд. Шояд омили мазкур барои баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» чандон муҳим набошад. Вале он далели возеҳи фаъолияти пурмаҳсули Ҳукумати ҷумҳурӣ ва рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакат маҳсуб ёфта, ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад онро «бо доман пӯшонд».
Далер Мерганов, «Садои мардум»