Нимаи дуюми рӯзи 25 июли соли 2015 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Рашт омад. Ёдовар мешавем, ки 20-уми июли соли равон болои деҳаҳои Бедаку Ҳалқарфи деҳоти «Навдӣ»-и ноҳияи Рашт сел фаромада, ба сокинони ин мавзеъ хисороти зиёд расонида буд. Аз ҷумла беш аз 50 хонаи истиқоматӣ таги сел монда, қисман хароб гардидаанд. Тибқи маълумоти комиссияи ҳукуматӣ ҳаҷми умумии зарари расида 3714198 сомонӣ аст.
Қоҳир Расулзода ҳамроҳи комиссияи ҷумҳуриявӣ дар мавзее, ки деҳаи нав бунёд мегардад, бо сокинони зарардидаи деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф вохӯрӣ дошт. Сарвазири ҷумҳурӣ бо рафти бунёди хонаҳо дар деҳаи нав шинос шуд. Ба деҳаи навбунёд, ки аз хаймаҳо иборат мебошад ва хоҷагиҳои аз хонаву дари худ бенасибгардида дар онҳо ҷойгир шудаанд, ворид гардида, шароити барои онҳо муҳайёнамударо омӯхт. Бояд ёдовар гардид, ки дар як муҳлати кӯтоҳ шаҳраки муваққатии хаймагин сохта ва бо нуқтаҳои хатти оби нӯшокӣ, қувваи барқ, бунгоҳи саломатӣ таъмин карда шуд.
Дар вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо саломи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонд. Аз ҷумла иброз дошт, ки Сарвари давлат пайваста дар бораи иҷрои корҳо маълумот мегирад, аз рафти бунёди деҳаи нав хабардор аст ва барои дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани сохтмон ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ додааст. Тамоми масолеҳи бинокорӣ бо дастури Роҳбари давлат аз маркази ҷумҳурӣ ба ноҳияи Рашт оварда шуд.
Мавсуф ҳамчунин таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони фоҷиа кумакпулии яквақта ҷудо намудааст. Ӯ аз номи Сарвари давлат ба шахсоне, ки хонаву дари худро пурра аз даст додаанд, ба ҳар оилае ба андозаи даҳ ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, шаш ҳазор сомонӣ супорид. Мавсуф ҳамчунин ёдовар шуд, ки хонаҳои истиқоматӣ барои онҳо аз маблағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта мешаванд.
Муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Қ. Абдуллоев барои ҳар як хоҷагии пурра нестшуда чор ҳазор сомонӣ ва барои қисман зарардидагон ду ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорид.
Раиси ноҳияи Рашт Қ. Лоиқзода, сокини деҳаи Ҳалқарф Р. Тоҷиддинов ва сокини деҳаи Бедак Маҳмадсафо Муқимов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориҳои пайваста аз номи сокинони деҳаҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ