Ба наздикӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2015 ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Муовини раиси вилояти Суғд Сулаймон Зиёев зимни маърӯза оид ба масъалаи зикргардида, аз ҷумла гуфт, ки аксарияти нишондиҳандаҳо нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2014 барзиёд таъмин гардида, ба рушди бонизом ва босуръати ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуданд.
Дар ин давра нақшаи даромадҳои Буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 100,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 607,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014- ум 59,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумотҳо дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 562,7 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки хусусияти иҷтимоидошта ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш аз буҷетҳои маҳаллӣ беш аз 461,9 млн. сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд, ки 82 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳад.
Дар ин давра барои дастгирии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Ашт, Ғончӣ, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз буҷети вилоятӣ 39,7 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) равона шуд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,1 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 451,9 млн. сомонӣ зиёд аст.
Бояд зикр намуд, ки агар дар ҳамин давраи соли гузашта суръати рушди саноат бо нархҳои амалкунанда ба 123,2 фоиз баробар шуда бошад, нишондиҳандаи мазкур дар нимсолаи аввали соли 2015 бо нархҳои амалкунанда ба 128,2 фоиз баробар гардид.
Бо мақсади идома бахшидан ба корҳои ободонӣ Барномаи вилоятии «Соли 2015-идомаи соли роҳҳои обод» қабул гардида, тибқи барномаи мазкур давоми соли ҷорӣ бояд 3119,5 км роҳҳои автомобилгарди вилоят, аз ҷумла 197,5 км таъмири асосӣ, 1392 км таъмири ҷорӣ ва 1530 км шағалпӯш карда шаванд.
Иттилоъ гирифтем, ки ба санаи 1 июли соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2191,4 км роҳҳои автомобилгард аз таъмир бароварда шуданд.
Тавре гуфта шуд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 1 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 104,4 фоиз баробар гардид.
Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.
Дар ҷаласа инчунин доир ба таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ, ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба идомаи таҳсил, ҷараёни кишти такрорӣ, пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҳолати мелиоративии заминҳо, вазъи соҳаи сохтмон ва меъморӣ, энергетика, савдои дохилӣ ва хориҷӣ, иҷрои сифатноки нақшаи воридоти андозҳо ва ғайра маълумот дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа Абдураҳмон Қодирӣ дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ба масъулини дахлдор ҷиҳати ҳалли як қатор масъалаҳои мавҷуда дастурҳои мушаххас дод.
А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»