Шуҳрату овозаи боғ ва меваҳои шаҳдбори Файзобод дар замони шӯравии собиқ васеъ доман паҳн карда буд. Тавассути воситаҳои ахбори омма борҳо дар хусуси боғдорони ноҳия мақолаҳо дарҷ гардидааст. Хоҷагиҳои боғпарвару ашхоси алоҳида ҳосили боғҳояшонро берун аз Тоҷикистон мебурданд. Аз Урал то ба Шарқи Дури Федератсияи Россия, дар ҷумҳуриҳои Туркманистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон себу ноки Файзобод бозоргир буд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва воқеаҳои маълуми солҳои навадуми асри гузашта, ки душвориҳои зиёдеро ба бор овард, соҳаи боғдориро низ ба мушкил мувоҷеҳ намуд.
Моҳи августи соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 — 2014» ба тасвиб расид. Чӣ тавре дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Танҳо дар натиҷаи амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзорҳо беш аз 54 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд. Яъне, ин Барнома пурра иҷро гардид ва зарур аст, ки барномаи нави рушди боғу токпарварӣ ҳар чӣ зудтар таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».
Зимни иҷрои Барномаи мазкур дар ноҳияи Файзобод низ то соли 2013 зиёда аз 280 гектар боғҳои нав бунёд ёфт.
16 апрели соли 2014, ҳангоми сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Дашти марзо ба бунёди боғи 120- гектара асос гузоштан, ин марҳилаи нави инкишофи соҳаи боғпарварӣ дар ноҳияи Файзобод ба ҳисоб меравад. Дар ин вохӯрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо дарназардошти иқлими созгору таллу теппаҳои фаровон, майдонҳои боғ дар ноҳия ба 4000 гектар расонида шавад. Хушбахтона, меҳнаткашони ноҳия ин супоришро чун дастури рӯз қабул намуда, танҳо дар соли 2014 зиёда аз 428 гектар боғҳои нав бунёд кардаанд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Сайдалӣ Шамсов масъалаи мавриди назарро чунин бозгӯйӣ намуд:
-Имрӯз мақсади ҳамаи мо як аст. Дар сатҳи зарурӣ ва босифат бунёд намудани боғҳои нав. Аллакай ба ин мақсад мо аз тирамоҳ омодагӣ гирифта будем. Заминҳои ҷудогардидаро шудгор намуда, поруи минералӣ ва маҳаллӣ низ кашондем. Бо оғози баҳор аз ниҳолхонаҳои ноҳияҳои Ҳисору Ваҳдат беш аз 62 ҳазор ниҳолҳои гуногун, ки ба табиати ноҳия мувофиқ аст, оварда шуд. Бо тавсияи мутахассисон зиёда аз 525 гектар боғҳои нав дар минтақаи поёнии ноҳия аллакай бунёд шудааст.
Мушкили асосӣ набудани хоҷагии махсуси ниҳолпарварист. Аз ин хотир, лозим аст, ки дар ҳамаи деҳотҳои ноҳия, дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ниҳолхонаҳо ташкил карда шавад.
Метавон гуфт, ки дар солҳои наздик шуҳрати пешинаи соҳаи боғпарварии ноҳия аз нав барқарор шуда, дар замина рӯзгори мардум боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. Ҳамаи ин аз файзи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод маншаъ мегиранд.
Тиллои СОҲИБНАЗАР, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон