Бо татбиқ гардидани «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2015» дар ВМКБ соҳаи моҳипарварӣ рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар ин давра таъмини обанборҳо бо моҳича, дастгирии техникии соҳа, таъмини хоҷагиҳо бо таҷҳизоти зарурӣ беҳтар гардид. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии ВМКБ Адолат Ҳайдарова дар ин робита ба саволҳои хабарнигори рӯзнома посух дод.
- Бигӯед, ки вазъи соҳа дар вилоят чӣ гуна аст?
- Баъди қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2015» соҳаи моҳипарварӣ дар вилоят хеле рушд кард. Соли 2014 истеҳсоли моҳӣ ба 108,5 тонна расонида шуд, ки ин дар муқоиса бо солҳои пеш 79,8 тонна зиёд мебошад.
Ба ҳолати якуми июли соли 2015 бошад, истеҳсоли моҳӣ 10,4 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳафт тонна зиёд мебошад.
Мувофиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар соли 2015 аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят 32 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва дар кӯлҳои Қаракӯл, Булункӯл, Трумтайкӯл, Зоркӯл ва Яшилкӯл корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида шуданд. Ҳангоми тадқиқот муайян гардид, ки дар замони шӯравӣ ба кӯли Яшилкӯл ду намуди моҳӣ — пелядии сибирӣ ва гулмоҳии исиқкӯлӣ ва ба кӯли Қаракӯл бошад, тухми моҳии чира оварда шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки инкишофи ин намуди моҳиҳо ба ғайр аз гулмоҳӣ дар шароити Помири шарқӣ ғайриимкон аст. Гулмоҳие, ки дар Яшилкӯл мутобиқ шудааст, дар дигар кӯлҳои вилоят афзоиш додан имконпазир аст.
- Шумораи моҳиро дар обанборҳои вилоят чӣ тавр бояд зиёд кард?
- Соли 2009 аз тарафи Хоҷагии ҷангали вилоят сохтмони ҳавзи моҳипарварӣ дар мавзеи Барчиди ноҳияи Шуғнон оғоз гардид. Худи ҳамон сол аз ноҳияи Хоҷамастони вилояти Хатлон 3000 моҳичаҳои намуди карп, карас, амури сафед харидорӣ гардида, ба ҳавз сар дода шуд. Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ барои кор дар ҳавз коргарони алоҳида қабул гардиданд. Дар муддати ду сол моҳичаҳо ба шароити обанбор мутобиқ шуда, инкишоф ёфта, вазни онҳо то ба як килограмм расид. Минбаъд идома додани чунин таҷриба ба манфиати кор хоҳад буд.
- Кадом барномаҳо оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ амалӣ шуданд ва кадоми онҳо самарабахшанд?
- Аз тарафи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ду лоиҳа таҳия шуда, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби инвеститсияи хориҷӣ пешниҳод карда шуданд. Аз тарафи соҳибкор А. Вафодоров дар соли 2011 лоиҳаи барномаи «Ташкили хоҷагии истеҳсолии АКВА — Сарез» ба маблағи 273 ҳазор доллари ИМА таҳия шуда, ба вазоратҳои кишоварзӣ ва рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Соли 2014 бошад, аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Ш. Гулаёзов лоиҳаи барномаи «Ташкили хоҷагии истеҳсолии моҳипарварӣ дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон» ба маблағи 567 150 сомонӣ таҳия шуда, ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Агар ин лоиҳаҳо мавриди амал қарор дода шаванд, соҳаи моҳипарварӣ дар ВМКБ бемайлон рушд хоҳад кард.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»