Дар китобҳои тиббии пешиниён аз амали ҷарроҳӣ бо таъбирҳои «Илоҷулҳадид» ва «Ал аъмолу бил ҳадид» ва «Амалуляд» ёд шудааст. Калимаи «Дасткорӣ», ки тарҷумаи форсии «Амалуляд» аст, низ вомехӯрад. Гузаштагони мо бо истифода аз манбаъҳои юнонӣ, суриёнӣ, ҳиндӣ ба зудӣ дар илми пизишкӣ ба дастовардҳои муфид ва нодири назаррас ноил гардидаанд. Як зумра донишмандон, ба монанди Абул-Ҳасан Алӣ ибн Саҳл Раббон ат-Табарӣ дар «Фирдавсулҳикмат», Муҳаммад бинни Закариёи Розӣ дар «Ал — ҳовӣ», Алӣ бинни Аббоси Маҷусӣ дар «Комилуссаноат» ва Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал- қонун фит — тиб» ишорае ба шароит ва кайфияти амали ҷарроҳӣ кардаанд. Абулқосим Халаф бинни Аббоси Заҳровӣ китоби мустақиле дар бораи ҷарроҳӣ дорад, ки хеле маъруфу машҳур аст.
Закариёи Розӣ – муаллифи китоби «Филъамал бил ҳадид валҷабр» қонунҳо ва дастурамалҳои ҷарроҳӣ ва шикастабандиро дар як ҷо гирд овардааст. Аз ҷумла як фасли китоби «Ал — ҳовӣ»-ро ба ташреҳ ва манофеи аъзо (яъне, анатомия ва физиологияи узвҳо), ки зербинои фанни ҷарроҳӣ мебошанд, бахшидааст ва дар ҳамин китоб ишора ба диққат ва таваҷҷуҳоте, ки пеш аз амали ҷарроҳӣ, ҳамроҳ бо амал ва пас аз амал бо бемор бояд шавад, кардааст. Масалан, ӯ мегӯяд, ки «рӯзи пеш аз амал (ҷарроҳӣ) бояд ба бемор доруҳои нармкунанда ва исҳоловар дода шавад. Шаби пеш аз амалиёт бемор бояд ҳуқна (клизма) карда шавад, то меъдаи ӯ комилан тиҳӣ гардад». Ҳангоми амал кайфияти хобонидани бемор дар баробари нур ва вазифаи парасторро баён мекунад. Пас аз амал дастурҳои хӯрданӣ, нӯшиданӣ, хоб, назофат (покизагӣ) ва ором сохтани дардро шарҳ медиҳад.
Розӣ дар амали мӯйи зиёдатии чашм, ки онро ба арабӣ «Маразушшаъра» ва ба англисӣ «Trichiasis» мегӯянд, чунин мефармояд: «Оҳанеро, ки ба андозаи як ваҷаб ва сари он чун сӯзан тез бошад, мегирӣ ва сари онро ба андозаи гиреҳе ба шакли зовияи қоима (кунҷи рост) каҷ ва сипас онро доғ мекунӣ ва он гоҳ пилки чашмро баргардонда ва ба сӯйи худ мекашӣ ва онро ба рӯйи растангоҳи мӯе, ки баргардонда шуд, мениҳӣ ва доғ мекунӣ. Он мӯй месӯзад ва дигар намерӯяд». Вай ҳамчунин дар шикофтани ҳанҷара (Tracheostemiy) ва пешгирӣ кардани нафасгир шудан мегӯяд:
«Ин амал (ҷарроҳӣ) дар вақте анҷом мегирад, ки хатари аз хафагӣ мурдани бемор вуҷуд дорад. Дармон бад-он гуна аст, ки нахуст пӯсти миёни ҳалқ ва қасабатулрия (роҳҳои нафас, трахея) шикофта мешавад, то нафас ба гардиш дарояд ва пас аз он ки монеаи нафасгирифтагӣ бартараф шуд, шикоф дӯхта мешавад, то ба ҳолати аввал баргардад ва ин шикофтан бад-ин гуна сурат мегирад, ки сари бемор ба ақиб баргардонида ва пӯст кашида мешавад ва поини ҳанҷара шикофта мегардад, сипас бо ду нах, яке аз боло ва дигаре аз поин кашида мешавад, то қасабатулрия ошкор гардад».
Заҳровӣ, ки дар бораи ҷарроҳӣ ва шикастабандӣ ва доғ кардан навиштааст, аз бузургтарин ҷарроҳони пешиниёни мо маҳсуб мешавад. Китоби вай ба василаи Gerard of Ceremona нахустин бор соли 1697 ба забони лотинӣ тарҷума ва матни арабии он бо тарҷумаи англисӣ соли 1973 таҳти унвони «Albucasis on Surgery and Instruments» аз тарафи Донишгоҳи Калифорния чоп шудааст.
Ӯ дар оғози китоб дар мавриди ҷарроҳӣ ба шогирдони худ гуфтааст, ки: — Ман ба шумо супориш мекунам, ки худро аз муроди шубҳанок дур доред, зеро дар ин фан гурӯҳҳои фаровоне аз мардум ба шумо муроҷиат мекунанд, бархе аз онон бо сабаби сахтии дард ва дарозии беморӣ, ки нишонаи марг аст, дилтанг шудаанд ва бархе аз онон дороии худро ба шумо мебахшанд ва шуморо бениёз мегардонанд, дар ҳоле ки бемории онон қаттол ва кушанда аст. Дар ин гуна маворид эҳтирози (худдории) шумо бояд аз рағбати шумо беш бошад, магар он ки илми яқине пайдо кунед, ки ин амали шумо ба саранҷоми хайр ва оқибати маҳмуд меанҷомад ва дар мавриди ҳамаи беморонатон шинохти пешин ва эълом ба саломатиро ба кор гиред» (яъне, аз ибораи «Шумо шифо меёбед» истифода баред).
Ин донишманди бузург дар китоби худ як идда анвоъ ва ақсоми олот ва абзори дар ҷарроҳӣ истифодашавандаро ном бурда, вазифа ва корбурди ҳар кадоми онҳоро зикр кардааст. Аз ҷумла:
- Анбуба (Cannula) – лӯлае, ки як сари онро дар гӯш мекарданд, то кирми дар гӯшрафтаро бигиранд.
- Ҷифт (Forcths, пинсеп) – мӯйчингунае, ки бо он решаи дандонро берун мекашиданд.
- Қосотир (Catheter) – лӯлае, ки барои берун омадани идрор (пешоб) ба олати таносули мард ворид карда мешавад.
- Калолиб (Forceps)- анбуре, ки бо он дандонро ҳаракат медоданд ва ё мекашиданд.
- Лулаб (Speculum) – абзоре, ки бо он даҳонаи раҳими (бачадони) занро боз мекарданд, то ҷанинро берун кашанд.
- Мубаррид (File) – суҳонгунае, ки бо он зиёдатӣ ва каҷии дандонро метарошиданд.
-Мибзаъ ( Scalpel) – нештаре, ки дар мавқеи раг задан аз он истифода мекарданд.
- Мишдох (Cephalatribe) - абзоре, ки бо он сари ҷанинро фишор медоданд.
- Миқдаҳ (Needle) – сӯзане, ки чашмпизишкон барои амали чашм ба кор мебаранд.
- Мишъаб (Drill) - абзоре, ки барои хурд кардан ва берун овардани санги масона ба кор мебаранд.
- Мисбор (Probe) - абзоре, ки чашмпизишкон дар амали (ҷарроҳии) об овардани чашм ба кор мебаранд ва ғайра.
Ҳаким Майсарӣ — донишманд ва табиби қарни Х дар ин бора мефармояд: «Вақте ки пизишк дар ҷарроҳӣ тахассус надошт, дар умури ҷарроҳӣ мудохила намекард ва ин корро ба уҳдаи ҷарроҳ мегузошт». Дар савгандномаи Буқрот омадааст: «… ҳаргиз корд ба кор нахоҳам бурд, ҳатто касеро гирифтори санги масона бинам ва ин корро ба уҳдаи ҷарроҳони ҳозиқ ва чирадаст хоҳам гузошт».
Иттилооти Абӯалӣ ибни Сино бошад, дар илмуламроз бисёр васеъ ва комил аст. Китобҳои сеюм ва чаҳоруми «Қонун» дар боби ҷамъи бемориҳо аз сар то по ва бемориҳои махсуси якояки аъзо мебошад. Дар ин китоб оид ба тамоми бемориҳои то даврааш маълум буда сухан ронда, бо назарҳои навҷӯёнааш ташхис ва табобати онҳоро такмил додааст. Дар хусуси бемориҳои дохиливу берунӣ, шикастагиҳо, даррафтагиҳо, бемориҳои ҷарроҳишаванда ва ғайра маълумоти илмӣ пешниҳод кардааст. Бояд гуфт, ки он иттилооте, ки дар осори пизишкони қаблӣ, монанди Розиву Аҳвозӣ омадаанд, дар китобҳои Ибни Сино низ дида мешаванд, вале комилтару илмитар.
А.И.ЮСУПОВ, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,
М.А. ШАРИПОВ, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино