Омўзиши фаъолияти бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе собит кард, ки кор дар ин ҷо тибқи нақшаи мукаммалу фарогири ҳама паҳлуҳои ҳаёти занон пеш меравад. Нақшаи корӣ барномаи асосии бахшро, ки мақсад аз он ба кору пайкори созанда ба таври васеъ ҷалб кардани занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ, пешгирии пош хўрдани оилаҳои ҷавон, барҳам додани никоҳҳои хешутаборӣ, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона мебошад, дар бар мегирад.
Бахши мазкур фаъолияташро вобаста ба масъалаҳои муҳими рўз, аз ҷумла зуҳуроти хурофотпарастию урфу одатҳои бегона, тақлид ба фарҳанги ғайр, пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби ифротгароёна ва мисли онҳо дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маориф, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст. Намояндагони ниҳодҳои зикргардида давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар байни аҳолии шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаю муассисаҳо, донишкадаҳои ҳудуди ноҳия беш аз 30 вохўрию мулоқоти муштарак доир намуданд.
Бахши кор бо занон ва оила вобаста ба «Соли оила» эълон шудани соли 2015 ду конференсияи илмию амалӣ, чор викторина, озмунҳо, мизи мудаввар, чорабиниҳои оммавии ҷашнӣ, вохўрию мулоқотҳо ташкил ва баргузор кардааст. Ҷавонзанону духтарон дар корҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолию хизматрасонӣ фаъолона ширкат менамоянд.
Аз 29 шўрои шаҳраку маҳалла сарварии 15 — тои онро занон ба уҳда доранд. 927 нафар занон дар соҳаи маориф ва 1910 нафар дар соҳаи тандурустӣ фаъолият менамоянд. Дар ҳудуди ноҳия 22 сехи дўзандагӣ амал мекунад, ки дар онҳо 1432 нафар занон ва ҷавондухтарон ба кор фаро гирифта шудаанд.
- Танҳо соли ҷорӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила, — иброз медорад мудири он Гулбаҳор Чиллаева, — 325 нафар занон ба ҷойи кори доимӣ таъмин ва 324 нафари дигар ба курсҳои касбомўзӣ ҷалб гардиданд.
Умуман, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт беш аз 73815 нафар занон зиндагӣ ва фаъолият менамоянд ва зарур аст, ки неруи онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ ва таблиғотию тарбиявӣ боз ҳам бештар равона гардад.
Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ баҳри тарбияи ватанпарастии ҷавонон, эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори онҳо аз андешаҳои ифротию иртиҷоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, тарғиби зиндагии солим пайваста тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Айни замон ба ихтиёри насли ҷавон, ки 37 фоизи аҳолии ноҳияро ташкил менамоянд, 116 иншоот, 62 майдонча ва 37 толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ ва панҷ маркази солимгардонӣ вогузор карда шудааст. Инчунин 12 ширкати туристӣ ва чор меҳмонхона ба сайёҳони хориҷию дохилӣ хизмат мерасонанд.
Бахши мазкур якҷо бо комиссариати ҳарбӣ, шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва маориф, прокуратураи ноҳия дар шаҳраку маҳаллаҳо баҳри ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар – Ватан пайваста суҳбату вохўриҳо мегузаронад.
- Бисёр муҳим аст, ки аксар чорабиниҳо дар байни ҷавонон бо иштироки бевоситаи роҳбарияти ноҳия, намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати шаҳрии он баргузор мешавад, — иброз дошт зимни суҳбат мудири бахш Наимҷон Ҳасанов.
Чунончӣ, бо ширкати роҳбарони зикргардида ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани рўҳияи ҷавонон дар яке аз қисмҳои низомӣ таҳти унвони «Дидори модар» чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд, ки дар он волидайну пайвандон ва теъдоди зиёди ҷавонон ҳузур дошта, бо шароити зисту хизмати сарбозон шинос гардиданд.
Бахшида ба 70- солагии ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 бошад, таҳти унвони «Қаҳрамонии шумо аз ёдҳо намеравад» бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ семинари илмӣ — амалӣ доир ва ба онҳо ҳамчун арзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар робита ба «Соли оила» дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия мунтазам оилаҳои намунавии рўзгордидаро бо оилаҳои ҷавон ҷамъ оварда, бо онҳо суҳбату мулоқотҳои рў ба рў доир менамоянд. Ба ақидаи онҳо ин усули кор дар роҳи бунёд намудани оилаи солим самараи дилҳоҳ дода истодааст, ки кам гаштани ҳодисаҳои ҷудошавӣ ва ақди никоҳи хешутаборӣ гувоҳӣ аз он медиҳад.
Умуман ҳамкориҳои муштарак самара ва натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Ин иқдоми некро дар мисоли бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳалллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мушоҳида намудем.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»