Бозорӣ Хомӯшов дастпарвари Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буда, баъди хатми институт дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Аз ҷумла инструктори шуъбаи кишоварзии Комитети Ҳизби коммунистии вилояти Қӯрғонтеппа, сардори Раёсати кишоварзӣ ва директори хоҷагии «Дӯстӣ»-и ноҳияи Вахш, котиби якуми Комитети Ҳизби коммунис-ти ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Румӣ), раиси Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Қумсангир буд.
Вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (солҳои 1990-1995), иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) сарфароз гардонида шудааст.
Фурсати муносиб ёфта, ба дидори дӯстамон Бозорӣ Хомӯшов, ки солҳои зиёд якҷо кор мекардем, ба ноҳияи Қумсангир омадем. Моҳи августи соли 2003 вақти долу зарби корҳои саҳроӣ, бахусус барои пахтакорон буд.
Ба Раёсати кишоварзии ноҳияи Қумсангир омада, аз роҳбари хоҷагии ба номи Ленин Бозорӣ Хомӯшов пурсон шудам. Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Давлатхӯҷа Азизов гуфт, ки ӯро дар ин вақт ҳамеша аз «Ҳафтум насос» ёфтан мумкин аст. Ин ҷо шуъбаи аз ҳама вазнини хоҷагист.
Воқеан ҳам, Бозорӣ Хомӯшовро аз «Ҳафтум насос» пайдо намудем.
Бо ҳамроҳии раис хоҷагиро давр задем. Дар ҳама ҷо мардум бо дили гарм ва бо боварӣ ба ояндаи нек меҳнат доштанд. Идомаи суҳбат дар хонаи раис сурат гирифт. Ӯ аз таассуроташ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба даҳсолагии ин иҷлосияи таърихӣ бо ҳарорат сухан мекард.
- Мо вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 17 рӯз роҳҳои аз буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию маънавӣ баровардани ҷумҳуриро баррасӣ намуда, ҳокимияти конститутсиониро барқарор ва дурнамои тараққиёти мамлакатро муайян намудем, — мегӯяд Бозорӣ Хомӯшов.
Воқеан, тамоми масъалаҳои иҷлосия фарогири ин мавзӯъҳо буданд. Дар нахустин суханронии худ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мавзӯи асосии ҳамаи масъалаҳои Шӯрои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурии ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ мебошад.
- Ҳама ҳуҷҷатҳои қабулшудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму арзишноканд, — гуфт мусоҳиби мо.
Бахусус изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» дар бораи баргаштани шаҳрвандоне, ки иҷборӣ маҳали зист ва хонаҳояшонро тарк намуда буданд, бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон намуданд, ки муваффақиятҳои Тоҷикистон дар зарфи даҳ сол маҳз натиҷаи татбиқи қарорҳои иҷлосияи мазкур мебошад.
Бозорӣ Хомӯшов аз ин таассурот, бахусус иштирокаш дар чорабиниҳо бахшида ба даҳсолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Душанбе доир гашта буданд, бо хушнудӣ сухан мекард.
Пешрафту дигаргуниҳо ба худамон вобаста аст. Суханони Сарвари давлатро фаромӯш намекунем, ки борҳо таъкид доштанд: «Ватанамонро худамон бояд обод кунем, миллатамонро низ худамон бояд ба сатҳи халқҳои пешрафтаву мутамаддин ва осуда расонем».
Ӯ ба мо шумораи махсуси рӯзномаи «Садои мардум» (№108-109 аз 16 ноябри соли 2002)-ро нишон дод, ки ба муносибати даҳсолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда буд. Дар он баробари дигар маводҳо суратҳои вакилони дар ҷараёни ин иҷлосияи таърихӣ иштирокдошта, аз ҷумла Бозорӣ Хомӯшов ҷой дода шуда буданд.
Қатори чандин нафар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 2002 таҳти №938 раиси хоҷагии ҷамоавии ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон Бозорӣ Хомӯшов бо медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) сарфароз гардонида шудааст.
Бозорӣ Хомӯшов аз натиҷаҳои меҳнатии хоҷагӣ маълумот медод. Аз ҷумла гуфт, ки баробари пахтакорӣ ба ривоҷи дигар соҳаҳо низ аҳамият медиҳанд. Соҳаи чорводорӣ дубора барқарор карда шуд. Боғдорӣ ривоҷ ёфта, масоҳати он ба 48 гектар расид. Дар хоҷагӣ корхонаи коркарди мева сохта шуд, ки он ҷо маҳсулоти хоҷагӣ ва аҳолӣ коркард мешавад.
Ӯ, ки дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи калон дошт, ин хоҷагиро низ пешрав гардонд.
Баробари мутахассиси соҳаи кишоварзӣ будан, қобилияти хуби роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ низ дошт. Инро фаъолияти пурсамараш дар вазифаҳои гуногун собит сохтаанд.
Маҳз чунин қобилияти кордонии мутахассиси ҷавон Бозорӣ Хомӯшов буд, ки ӯро ба вазифаи пурмасъул — котиби якуми Комитети Ҳизби коммунисти ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) таъин намуданд. Ӯ давоми солҳои 1989-1992 ин ноҳияи калону серсоҳаро роҳбарӣ мекард. Баъд ӯро аз ҳавзаи интихоботии Туғаланг №187-и ноҳияи Колхозобод вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) интихоб карданд. Ӯ ҳамчун вакил аз ин ҳавзаи интихоботӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт.
Минбаъд дар ноҳияи Қумсангир дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, таҷриба, донишу маҳораташро барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ сарф намуд. Дар ҳар вазифае, ки буд, онро содиқона ба ҷо меовард.
Солҳои охир ӯ дар вазифаи директори осоишгоҳи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Қумсангир кор мекард, ки ин ягона осоишгоҳи минтақаи Вахши вилояти Хатлон мебошад.
Бозорӣ Хомӯшов мехост ин маконро боз ҳам ободу зебо гардонад. «Дӯстӣ» ном ниҳодани ин осоишгоҳ ба хотири дӯстӣ, ваҳдату оромии диёр буд, ки дар ин ҷода ӯ саҳми босазо гузоштааст. Аммо ӯ натавонист нақшаву ниятҳои некашро минбаъд амалӣ гардонад. Бозорӣ Хомӯшов соли 2009, ки ҳанӯз ба синни 60 нарасида буд, вафот кард.
Наздикон, пайвандону дӯстонаш ҳамеша ӯро ба некӣ ёд меоранд. Чунки рафтору хислати неки инсонӣ ва зиндагии ӯ намунаи ибрат буд. Чунин шахсон арзандаи ҳурмату эҳтироманд, чӣ дар зиндагӣ ва чӣ баъд аз марг.
Тошмат ТЕМИРОВ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»