31 августи соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси парлумони кишвари Қувейт Марзук Алӣ ал-Ғаним, Раиси парлумони Ҷумҳурии Беларус Владимир Андрейченко ва Раиси парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Оқтай Асадов мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумонҳои Қувейту Озарбойҷону Беларус, густариши муносибот дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, саноат ва сохтмон, варзишу туризм ва фарҳанг изҳори назар карда шуд.
Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки парлумонҳои кишварҳои мо ҳанӯз ҳам аз имконият ва шароити мусоиди мавҷуда барои тақвияти робитаҳо ба таври фаъол истифода набурдаанд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди тақвият бахшидани муносибатҳо бо парлумонҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Қувейту Беларусу Озарбойҷон мебошад.
- Сиёсате, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, шароити мувофиқро барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатии мамлакат бо кишвар ва созмонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
М.Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон