«Муҳаббат ба Ватан ва таърихи пурифтихори он набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад.
Баръакс, мо ҳар қадар Ватанамонро бештар дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникаю технологияи замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва дар ҳаёт татбиқ намоем».
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 14-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, соли 2005
Дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ, аз замони эълони Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз, ноил гардид, аз лиҳози аҳамияти сиёсӣ ва таърихӣ беназиранд. Сулҳи тоҷикон, ки ибратомӯзи ҷаҳониён арзёбӣ мешавад, хиради азалии мардуми тоҷик ва фарҳанги сулҳу созандагиашро ба намоиш гузошт ва ба таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишвар мусоидат кард, ки имрӯз мо самараашро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт дида истодаем. Албатта, ин ҳама дастовардҳо беш аз ҳама, ба талошҳои хастанопазири фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон марбутанд.
Мо ин гуна дастовардҳоро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф хуб эҳсос менамоем ва аз неъматҳои бебаҳои истиқлолият шукргузорем. Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ низ самараи замони истиқлолият аст. Мактаби мазкур, ки бо ибтикори Президенти мамлакат сохта шуд, 16 августи соли 2011 аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман мавриди истифода қарор гирифт. Имрӯз дар ин таълимгоҳ қариб 800 нафар хонандагон, аз ҷумла беш аз 300 нафар духтарон таҳсил доранд.
Мактаб дорои бинои замонавӣ буда, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ихтиёри омӯзгорону толибилмони мактаб 35 синфхона, 13 кабинети фаннӣ, чор устохона, се синфхонаи компютерӣ бо 60 компютер ва 13 принтер, кабинетҳои лингофонӣ, технологияи иттилоотии пайваст ба Шабакаи интернет ва озмоишгоҳҳо, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст қарор дорад.
Чунин шароити созгор барои таълиму тадрис, ки Ҳукумати кишвар муҳайё намудааст, моро водор месозад, ки дар роҳи баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва ахлоқи наврасон бештар талош варзем. Бо ин мақсад мо аз ибтидои фаъолияти муассисаи таълимӣ ба хоста гирифтани кадрҳои педагогӣ таваҷҷуҳи бештар равона намудем, зеро дар муассисаҳои таълимӣ таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ як омили муҳими пешрафт маҳсуб меёбад. Ҳамаи 56 нафар омӯзгорони мактаб дар асоси озмун ба кор қабул шудаанд. Аз байни онҳо ҳафт нафар дорои унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон, 30 нафар дорои тахассуси олии омӯзгорӣ мебошанд. Дар мактаби мо ҳамчунин ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарғиби таҷрибаи пешқадам диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ба ин хотир дар мактаб 12 иттиҳодияи методии фаннӣ амал мекунад. Ҳамчунин давоми соли таҳсил 15 нафар омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос маҳорати худро сайқал доданд.
Кабинети методии мактаб гӯшаи махсуси бо адабиёти таълимӣ — методӣ муҷаҳҳаз дорад, ки муаллимон, махсусан кадрҳои ҷавон, аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Гузаронидани дарсҳои намунавӣ дар мактаб ба ҳукми анъана даромадааст. Дар давоми соли таҳсили гузашта таҷрибаи пешқадами ду нафар омӯзгор мавриди омӯзиши кабинети методии мактаб қарор гирифт ва 52 дарси намунавӣ ва дарси кушода гузаронида шуд. Омӯзгорон дар дарсҳои ҳаррӯзаашон аз технологияи нави таълим, таҷрибаи самараноки ҳамкасбони ватаниву хориҷӣ истифода мебаранд, ки ин ба сифати дониши хонандагон таъсири мусбат мерасонад.
Ширкати фаъолонаи шогирдони мактаб дар олимпиадаҳо худ гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Мактаби президентӣ дар ин самт дар байни муассисаҳои таълимии вилоят пешсаф мебошад. Соли ҷорӣ дар олимпиадаи вилоятӣ 33 нафар шогирдони мо иштирок намуда, нуҳ нафарашон соҳиби ҷойи аввал, нуҳ нафари дигар ҷойи дуюм ва ду нафари дигар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ду нафар шогирдонамон медали нуқра ва медали биринҷиро ба даст оварданд. Дар озмуни байни хонандагони мактабҳои президентӣ бошад, ду нафар хонандаи мактаби мо соҳиби медалҳои тиллову биринҷӣ ва ҳафт нафар сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Дар олимпиадаи байналмилалии математикони ҷавон хонандагони синфи 11 Р. Мардонова ва Н. Абдуллоева медалҳои нуқра ва биринҷӣ гирифтанд. Ҳамин тариқ, дар олимпиадаҳои сатҳҳои гуногуни фаннии се соли охири таҳсил дар шаҳри Душанбе, кишварҳои Туркия, Россия ва ғайра толибилмони мактаб ширкат варзида, 20 медал, аз ҷумла шаш медали тиллоро соҳиб шуданд. Дар конференсияи илмии ҷумҳуриявии Академияи хурди назди Маркази рушди истеъдодҳои ВМКБ 50 нафар хонандагони мактаби президентӣ бо маърӯзаҳо баромад карда, 26 нафарашон соҳиби дипломҳои дараҷаи I гардиданд.
Иштироки толибилмони мактаб дар сабқатҳои варзишӣ низ сол то сол беҳтар шуда истодааст. Танҳо дар давоми соли таҳсили 2013- 2014 варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун бо 12 медал баргаштанд.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи маъмурияти мактаб қарор гирифтааст, ин ободонии гирду атрофи бинои мактаб, ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимӣ мебошад. Дар робита ба ин дар маъракаи омодагӣ ба соли таҳсили нав аз буҷети мактаб якҷо бо кумаки волидайни хонандагон 13 ҳазор сомонӣ, кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр 11 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Дар хобгоҳи мактаб 150 нафар хонандагон, аз ҷумла 68 нафар духтарон аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷу Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб истиқомат мекунанд. Барои таҳсилу зисти хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Маҳз меҳнати омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ буд, ки дар ду соли охир 147 нафар шогирдони мактаб ба донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ дохил шуданд, ки ин нишондоди беҳтарин дар миёни муассисаҳои таълимии вилоят мебошад.
Соли гузашта бо дастури Президенти мамлакат дар назди мактаб бинои хонаи истиқоматӣ барои 20 оилаи омӯзгор мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҷавоб ба ин ғамхории Роҳбари мамлакат муаллимон кӯшиш доранд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро боз ҳам баландтар бардошта, ба дастовардҳои нав ба нав ноил гарданд.
Модом, ки шароит ҳаст, дастовард ҳам мешавад.
Арамбегим Маҳтобшоева, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон