«Барки тоҷик» то якуми октябр ба зимистон омода мешавад

№126 (3427) 21.09.2015

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои  2015-2016» аз 30 апрели соли 2015 таҳти №261 бояд тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ барои зимистонгузаронӣ омодагии ҳаматарафа бинанд. Инак, фасли тобистон бо ҳама гармиҳои тоқатфарсояш гузашту ҳарорати ҳаво рӯз то рӯз паст шуда истодааст. Оё мо барои зимистонгузаронӣ омодаем? Чун неруи барқ барои зимистонгузаронӣ ниҳоят муҳим мебошад, мо низ бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ба ШСХК «Барқи тоҷик» муроҷиат намудем. Тавре сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, давоми сол корхонаҳои зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мавсими тирамоҳу зимистон тайёрии ҳаматарафа мебинанд. Имсол ҳам тибқи қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони раиси Ширкат аз 12 майи соли 2015, №73 ҳамаи корхонаҳои тобеи ШСХК «Барқи тоҷик» то 1 октябри соли ҷорӣ бояд ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 омодаи фаъолияти пурра бошанд.

Бино ба гуфти мавсуф, барои дар амал ҷорӣ намудани ин фармон корхонаҳои зертобеи Ширкат нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, онҳоро амалӣ намуда истодаанд.

Бо ин мақсад дар Маркази барқу гармидиҳии (МБГ) шаҳри Душанбе, дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ» айни замон корҳои васлу насбкунӣ, таъмири ҷорӣ ва асосии таҷҳизотҳо ба роҳ монда шудаанд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки аз моҳи апрел то июли соли ҷорӣ дар МБГ шаҳри  «Душанбе» таъмири ҷории турбоагрегатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтуми дегҳои буғии панҷум, шашум ва нуҳум, трансформатори Т-2, дар дегхонаи «Шарқӣ» таъмири ҷории дегҳои обгармкунии якуму дуюм ва дар дегхонаи «Ғарбӣ» таъмири ҷории дегҳои обгармкунии якум, дуюм ва сеюм гузаронида шудаанд.

Дар НБО «Норак» дар ин давра тибқи нақша таъмири асосии гидроагрегатҳои №5, 6, трансформаторҳои №1,5,6 ва автотрансформатори №2 ва дигар таҷҳизотҳои он гузаронида шуд.

Дар НБО-и «Бойғозӣ» аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз гидроагрегатҳои №1,2,3 ва 4, трансформаторҳои №1,2,3 ва 4 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Чунин корҳо дар НБО «Қайроққум», силсиланеругоҳҳои Вахш ва Варзоб низ амалӣ гардидааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ ҳамчунин афзуд, ки дар маҷмуъ барои барқарор кардану ба истифода додани иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ аз аввали сол то 1-уми сентябри соли ҷорӣ зерсохторҳои Ширкат, таъмири солона, таъмири асосӣ ва ҷории таҷҳизотҳои асосӣ ва ёрирасонро амалӣ ва дар ин давра аз фонди таъмирӣ 49,8 млн. сомонӣ маблағро азхуд намуданд. Аз ҷумла таъмири асосии таҷҳизоти асосии 2543 километр хатҳои ҳавоии барқии 0,4-500 кВ,  49 километр хатҳои кабели барқии 0,4-10 кВ, 601 трансформатори қуввагии 6-220 кВ, 1975 истгоҳи трансформатории 6-35 кВ (бе трансформатор), 3 васлаки 110-220 кВ , 4 ҷудокунаки 110-220 кВ гузаронида шуд. Айни замон, корхонаҳои зертобеи Ширкат тамоми чораҳоро дида истодаанд, ки аҳолӣ зимистони дарпешистодаро бедушворӣ паси сар кунанд.

Оид ба захираи ангишт ҷиҳати фаъолияти мунтазами корхонаҳои бо ангишт фаъолияткунандаи Ширкат бошад, иттилоъ гирифтем, ки мувофиқи қарори зикршудаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон захира намудани 275 ҳазор тонна ангишт барои   эҳтиёҷоти МБГ-2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ» пешбинӣ шудааст. Барои мавсими зимистони солҳои 2015-2016 захираи ангишт то санаи 03.09.2015 ба 171 ҳазору 992 тонна расонида шудааст ва воридоти он идома дорад. Ҳамчунин мавсуф зикр кард, ки МБГ-2 шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 тасмим гирифтааст, ки бо иқтидори 67,95 Гкал/соат гармӣ истеҳсол намуда, таввасути хатти гармитаъминкунии «Чапи-1» ва «Чапи-2» кӯчаҳои С.Носир, Ш.Шотемур, Бохтар, М.Турсунзода, Пушкин, И.Сомонӣ, Толстой, М.Холов,  хиёбони Рӯдакӣ, Ф.Ниёзӣ, Ҳ.Шерозӣ, шаҳраки донишҷӯён ва ғайраро бо гармӣ таъмин намояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»