Вохӯрӣ бо вакилон

№127 (3428) 23.09.2015

Дар ноҳияи Зафаробод вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Салимзода аз ҳавзаи интихоботии №16 Ҷаббор Расулов ва Аҳмадҷон Қобилов аз ҳавзаи интихоботии №25 Спитамен баргузор гардид.

Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои қабулшуда, ҳодисаҳои нангини рӯзҳои гузашта, гирифтани пеши роҳи ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ғайра андешаронӣ намуданд. Дар навбати худ интихобкунандагон ҷонибдориашонро аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон баён дошта, шукронаи фазои озоду ободи кишвар ва тинҷиву осудагӣ намуданд. Ҳозирини мулоқот ҳамчунин оид ба таъмири хонаи фарҳанги шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев, сохтмони муассисаи таълимии нотамом дар маҳаллаи навбунёди ба номи Ҷ. Соқиев, таъмири фарши синфхонаҳои синфҳои ибтидоӣ ва таъмири толори варзишии муассисаи таълимии №5, таъмири боми муассисаи таълимии №15 ва идомаи сохтмони бинои нотамоми синфхонаҳои иловагии ҳамин муассиса, норасоии мизу курсиҳо барои хонандагон, андозҳои маҳаллӣ, таъмири хатти оби нӯшокӣ дар шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев ва ғайра таклифу дархостҳои хешро ба Комил Салимзода ва Аҳмадҷон Қобилов пешниҳод намуданд.

Вохӯриҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардиданд.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»