Собиқадорони ҷангу меҳнат аз рӯзгори осудаи худ қаноатманданд

№130 (3431) 30.09.2015

25 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Пленуми панҷуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ — «Дар бораи ҷамъбасти ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва вазифаҳои ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013  №440», «Дар бораи гузаронидани конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботӣ дар ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҷлисҳои ҳисоботӣ — интихоботии ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи даъват кардани Конференсияи VII ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ибтидо доир ба масъалаҳои мазкур гузориши раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов шунида шуд. Сипас, музокираю пешниҳодоти иштирокдорон ироа гардид.

Зикр шуд, ки дар баргузор намудани ҷашни ботантанаи  70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дастгирии моддию маънавии маъюбону иштирокчиёни он, оилаҳои бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан калон мебошад.

Сарфи назар аз буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арафаи ҷашни 70-солагии ин Ғалабаи бузург аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумакпулии яквақта — ба ҳар кадом дар ҳаҷми 1500 сомонӣ расонида шуд. Чунин кумаки яквақта ба ҳар нафар дар ҳаҷми 1000 сомонӣ аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 700 сомонӣ ба оилаҳои бесаробонмондаи дар ҷанг ҳалокшуда, заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва маъюбони амалиётҳои ҳарбӣ дар қаламрави мамлакатҳои дигар ва зарардидагони садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии Чернобил низ расонида шудааст.

Ҳамчунин дар арафаи ин ҷашни бузург дар мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони саховатпеша ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ба маблағи 3049760 сомонӣ кумаки молиявӣ расонда шуд, ки ин зиёда аз ним миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Тайи солҳои охир барои абадӣ гардонидани номи маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг, собиқадорони амалиётҳои ҳарбӣ дар қаламрави  мамлакатҳои дигар ва собиқадорони меҳнат зиёда аз 2650 кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои фарҳангию варзишӣ, шаҳраку деҳот, ассотсиатсияҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ номгузорӣ шудаанд.

Аз суханрониҳои пурҳарорати иштирокдорони пленум хулоса баровардан мумкин аст, ки собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Давлату Ҳукумат омодаанд, ки то нафаси охирин ба халқу Ватани азизи худ, махсусан барои баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии насли ҷавон, содиқона хизмат намоянд.

 

Саттор УМАРОВ,

«Садои мардум»