Пояи давлат набошад бе маориф устувор…

№128(3429) 26.09.2015

«Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад».

Бе рушди соҳаи маориф таъмин намудани рушди соҳаҳои дигар ғайриимкон аст, аз ин рӯ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, барои рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад. Аз ин ҷост, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва раванди таълиму тарбия ба таври  назаррас рушд кард. Соҳаи маорифи ноҳияи Айнии вилояти Суғд низ аз ин таҳаввулот дар канор нест, зеро дар муддати кӯтоҳ маориф нисбат ба дигар соҳаҳо дар ин минтақаи кӯҳистони кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Мулоғиёс Шарифзода  дар суҳбат бо мо иброз дошт, дар ноҳия барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати азхудкунии барномаҳои таълимӣ, инкишофи шахс, беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ  аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.  Айни ҳол дар ноҳия 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 17 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ бо фарогирии 16 540 нафар хонанда фаъолият доранд, ки дар онҳо ба таълиму тарбияи насли наврас 1588 нафар омӯзгорон машғуланд. Бино ба гуфти мавсуф, дар муқоиса ба солҳои пеш омӯзгорони дорои маълумоти олӣ дар ин муассисаҳои таълимӣ зиёд гардида, 1217 нафар ё 77 фоизро ташкил медиҳанд.  Ҳоло 140 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо мақсади соҳиби маълумоти олӣ шудан, дар донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ таҳсил намуда истодаанд.

Номбурда дар идомаи суҳбат афзуд, ки  давоми чанд соли охир барои муҳайё намудани шароити таҳсил ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ҷойҳои нишасти иловагӣ якчанд бинои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла дар мавзеи Қарғтӯдаи деҳаи Шамтуч барои 120 ҷой, Каздон 160 ҷой, Рарз -Хоки сафед 120 ҷой, Сангистон 320 ҷой ба маблағи 1181943 сомонӣ, Дашти Хушекат барои 160 ҷой дар ду баст ва Вота барои 160 ҷойи нишаст ба маблағи 416 ҳазор сомонӣ биноҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра, инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, шахсони саховатманду ташаббускор ва Корхонаи муштараки «Анзоб» бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Ҳайронбед, Шаватки поён, Зоосун,  Дашти Путхин ва Такфон бомпӯш карда шуданд. Имрӯз сохтмони бинои муассисаи нави таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ду баст  дар деҳаи Мадм аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти умумии № 32-и деҳаи Курӯд барои 160 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои Бонки Саудии Рушд, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и деҳаи Пасрӯд аз ҳисоби Фонди каталитикӣ оғоз ёфта, сохтмони бинои Интернати наздимактабӣ барои мактаббачагони водии Яғноб аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ҳамсуҳбатам  гуфт, ки дар доираи амалӣ намудани Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва тадқиқотӣ» дар ноҳия ташкил намудани 13 синфхона ба нақша гирифта шуда буд.

- Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 16 ва 34 синфхонаҳои ҳозиразамон барои фанни физика мавҷуд буд.  Дар арафаи ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Сангистон синфхонаҳои фаннии физика, химия, биология ва ду синфхонаи технологияи информатсионӣ ба истифода дода шуд, ки дар маҷмӯъ ҳашт синфхонаи  замонавиро ташкил дод. Нишондиҳандаи иҷрои барнома 61,5 фоиз мебошад,- изҳор дошт Мулоғиёс Шарифзода.

Иҷрои «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2011-2015» низ дар ноҳия дар сатҳи хуб қарор дорад. Айни замон шумораи умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба 522, принтерҳо 133, генераторҳо 51 ва синфхонаҳои фаннӣ ба 63 адад расонида шудааст.

Гарчанде сатҳи иҷрои барнома 114 фоизро ташкил диҳад ҳам, дар муассисаҳои алоҳида вобаста ба таносуби шумораи хонандагони синфҳои 7-11 ва аз ҷиҳати сохт куҳна будани қисме аз компютерҳо таъминот ба 70-75 фоиз мерасад. Эҳтиёҷот ба компютер дар муассисаҳои таълимии ноҳия 71 ададро ташкил медиҳад.

Оид ба ташкили гурӯҳҳои омодагӣ ба муассисаҳои таълимӣ бошад, ҳамсуҳбатам афзуд, ки ҳанӯз соли 2011 дар базаи панҷ муассисаи таълимии ноҳия  ҳафт гурӯҳи шашсолаҳо ташкил карда шуд, ки 116 нафар кӯдакро фаро мегирифтанд. Маблағгузории он аз ҳисоби падару модарон ба роҳ монда шуда буд. Санҷишҳо нишон доданд, ки фарогирии кӯдакон дар ин марказҳо хуб ва фаъолияти мураббиён дар ин самт назаррас аст. Соли хониши 2012-2013  дар 11 муассисаи таълимӣ гурӯҳҳои шашсола бо дарбаргирии 248 нафар кӯдак фаъолият дошт.  Дар соли хониши 2014-2015 дар базаи 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 23 гурӯҳи омодагӣ ба муассисаи таълимӣ ташкил карда шуд, ки 493 нафар кӯдаконро фаро мегирифтанд.  Имсол низ тибқи нақша боз панҷ гурӯҳи дигар ташкил карда мешавад.

Номбурда изҳор дошт, ки натиҷаи заҳмати аҳли маорифи ноҳия хуб эҳсос мешавад, зеро солҳои охир иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар озмун ва олимпиадаҳо, қабул ба муассисаҳои миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, қабул аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар гардид. Бино ба гуфти мавсуф давоми панҷ соли охир хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия соҳиби 14 медал, аз ҷумла се тилло, панҷ нуқра ва шаш биринҷӣ гардидаанд. Соли равон 21 нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ соҳиби квотаи президентӣ гардидаанд, ки аз ин 11 нафарашон духтарон мебошанд.

Таъсис ёфтани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Мулоғиёс Шарифзода иқдоми саривақтии Роҳбари давлат ва талаботи замон арзёбӣ кард. Мавсуф гуфт, ки ба фаъолият шурӯъ кардани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҳуҷҷатсупорӣ ва дохилшавии хонандагонро ба муассисаҳои таълимии олӣ хеле беҳтар намуд. Соли хониши гузашта аз 1247 нафар хатмкунандагон 603 нафар (48 фоиз) барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо ҳуҷҷат супорида буданд, ки 399 нафарашон (66 фоиз) дохил шуданд. Соли равон бошад, аз 1144 нафар хатмкунанда 717 нафар (62 фоиз) ҳуҷҷат супориданд, мувофиқи иттилои директорони муассисаҳои таълимӣ 479 нафари онҳо қабул шудаанд.

Президенти кишвар дар тамоми суханрониву вохӯриҳояшон оид ба фаро гирифтани духтарону писарон ба таҳсил таъкид мекунанд, зеро ин раванд яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Айнӣ муътақиданд, ки бо ин мақсад бояд муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаҳои миёна табдил дода шаванд.

- Дар ин замина шуъбаи маориф бо мақсади табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳали ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси қарори раиси ноҳия аз 1 сентябри соли 2014 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии деҳаҳои Утоғар, Чоре ва Пои Мазорро ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ табдил дод. Бо ин амал имрӯз дар ноҳия муассисаҳои ибтидоӣ барҳам дода, ҳамаи хонандагони синни мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бо дарназардошти биноҳои таълимӣ, пояи моддӣ-техникӣ, базаи кадрӣ ва афзоиши шумораи хонандагон ба нақша гирифта шудааст, ки дар солҳои хониши 2015-2020 муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №53, 62, 50, 54 ва 63 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шаванд. Бо ин мақсад ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дархост пешниҳод карда шудааст, — гуфт номбурда.

Ин иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ боиси дастгирӣ ва қаноатмандӣ аст, зеро дар шароити кӯҳистон беҳтарин роҳи ҷалби насли наврас ба таълим, воқеан ҳам таъсис додани муассисаҳои миёнаи умумӣ мебошад. Чунки деҳаҳо аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгир  буда, ҳангоми хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи ибтидоӣ ва ё асосӣ, хонандагон, махсусан духтарон, аксаран бекору хонашин мешаванд.

Дар охири суҳбат аз Мулоғиёс Шарифзода оид ба омодагии муассисаҳои таълимии ноҳия ба тирамоҳу зимистони дарпешистода пурсон шудем. Номбурда иттилоъ дод, ки то имрӯз нақшаи омодагӣ ба зимистон пурра иҷро ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо ангишти хушсифат ва ҳезум таъмин гардидаанд. Инчунин  муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, 450 метри мураббаъ тирезаҳо шишабандӣ карда шудаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»