Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Мо дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон қарор дорем.
Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад.
Бо ин мақсад соли гузашта Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015 таҳия гардида, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Барои татбиқи стратегия беш аз 18 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, барои маблағгузории барномаи мазкур аз буҷети давлат беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда мешавад ва маблағи он дар маҷмӯъ 30 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Мо итминон дорем, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани ҳуҷҷати барномавии мазкур рушди иқтисодии мамлакат, идоракунии самаранок ва татбиқи афзалиятҳои кишвар таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ хеле баланд бардошта мешавад.
Дар ин марҳалаи рушд истифодаи самараноки имкониятҳое, ки ба шарофати пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар натиҷаи ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат муҳайё мегарданд, бисёр муҳим мебошад.
Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронидашуда, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бо ин, тамоюлҳо ва хусусиятҳои мушаххаси рушди ҷаҳони муосир аз ҳар кадоми мову шумо назари санҷидаву масъулона, баррасии амиқ ва муайян намудани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаётро тақозо мекунанд.
Дар замони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат пеш мераванд, сарчашмаи хатарҳои нав, аз қабили мавҷҳои нави буҳрони молиявию иқтисодӣ вуҷуд доранд.
Ноустувории нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ, мушкилоти кишварҳои алоҳида, натиҷаи дилхоҳ надодани чорабиниҳои ин мамлакатҳо ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин пайваста зиёд шудани масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ ба иқтисодиёти мо низ ба таври мустақим ё ғайримустақим таъсири манфии худро расонида истодааст.
Бо вуҷуди чораҳои аз ҷониби кишварҳои тараққикарда андешидашуда вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳанӯз ташвишовар буда, ҳоло дар як қатор давлатҳо авҷи бекорӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ идома дорад.
Дар чунин вазъият моро зарур аст, ки бо дарназардошти дастовардҳои солҳои гузашта ва таҷрибаи аз раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ андӯхтаамон, вазъи иқтисодиёти кишварро мунтазам ва ҳамаҷониба таҳлил намуда, онро ба озмоишҳои эҳтимолии дарпешистода омода созем ва навсозии иқтисодиву иҷтимоии оғозкардаамонро пайгирона идома диҳем.
Яъне, зарур аст, ки барои нигоҳдории суръати пешрафт, инчунин ба хотири таъмин намудани рушди минбаъдаи устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар омилҳои зикргардида ба инобат гирифта шаванд.
Сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, ки иҷрои барномаҳои қабулкардаи худ ва рушди тадриҷии иқтисоди миллиро дар ҳафт соли охир таъмин намояд.
Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна ҳафт фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувори иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад.
Дар ин давра, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба ҳар нафар аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид.
Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо чоруним ва маоши миёнаи воқеии як корманд панҷуним баробар афзоиш ёфт.
Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум беш аз ҳафт баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум, ки 226 миллион сомониро ташкил дода буд, 54 баробар зиёд мебошад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки агар таносуби даромади буҷети давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2000-ум ба 12,6 фоиз баробар гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2006-ум ба 19,4 ва дар соли ҷорӣ ба 22 фоиз мерасад.
Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд карда мешавад ва дар соли ҷорӣ он 6,4 миллиард сомонӣ ё зиёда аз нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 903 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2013-ум нисбат ба соли 2006 –ум 7 баробар зиёд мебошад.
Аз ҷумла маблағгузории соҳаи маориф 6,7 баробар, тандурустӣ 8,6, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6,8, фарҳангу варзиш ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ 7,1 баробар афзоиш ёфтааст.
Агар ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ соли 2000-ум ҳамагӣ 106 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли ҷорӣ 60 баробар зиёд гардидааст.
Инчунин аз соли 2006 сар карда, то соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна шаш баробар зиёд гардид.
Дар соли 2012 музди меҳнати кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона – интернатҳо барои пиронсолону кӯдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз, соҳаи тандурустӣ 40, илм 30 ва фарҳанг, инчунин стипендия 50 фоиз зиёд карда шуд.
Илова бар ин, аз соли 2006 то соли 2013 андозаи нафақа чоруним баробар зиёд гардида, ҳаҷми маблағгузории он аз 212 миллион сомонӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ расидааст, яъне ҳафтуним баробар афзоиш ёфтааст ва ин сиёсат дар оянда низ идома дода мешавад.
Дар натиҷаи амалишавии чораҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид, яъне қариб 45 банди фоизӣ коҳиш дода шуд.
Паст шудани сатҳи камбизоатӣ асосан натиҷаи рушди иқтисодӣ ва таъмин гардидани суботи макроиқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Дигар далели беҳтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ин аст, ки баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боиси тадриҷан камшавии нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак, зиёд шудани дарозумрӣ ва афзоиши табиии аҳолии мамлакат гардидааст.
Агар дар соли 2000-ум дарозумрии сокинони мамлакат ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011-ум ба 72,5 сол баробар шудааст.
Инчунин тибқи таҳқиқоти гузаронидашуда нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005-ум 12 фоиз паст гардида, фавти кӯдакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст.
Ҳамзамон бо ин, агар дар соли 2000-ум беш аз 167 ҳазор нафар кӯдак таваллуд шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 220 ҳазор нафар баробар гардидааст, ки 25 фоиз зиёд мебошад.
Дар натиҷа шумораи аҳолии мамлакат аз 6,1 миллион нафари соли 2000-ум то ба имрӯз беш аз 30 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 8 миллион нафар расидааст.
Вале бояд зикр намуд, ки бо дарназардошти талаботи замон ҳамаи ин дастовардҳо моро ҳанӯз ҳам қаноатманд карда наметавонанд.
Яъне, зарур аст, ки ҷиҳати афзун кардани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ тадбирҳои иловагии судмандро амалӣ намоем.
Дӯстони азиз!
Ҳадафҳои стратегӣ ва ҷории сиёсати иқтисодӣ, механизмҳои татбиқи онҳо дар силсилаи асноди барномавӣ ва меъёриву ҳуқуқӣ муфассал инъикос ёфтаанд, ки онҳо қаноатбахш амалӣ мешаванд.
Дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки мақсади асосии мо — тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бахусус тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамзамон бо ин, инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад, ки дар давраи гузариш рушди устувори иқтисодиёти моро таъмин менамояд.
Хотирнишон месозам, ки барои таъмин намудани афзалиятҳои муайяншуда ва рушди минбаъдаи кишварамон манбаъ ва иқтидорҳои бузурги захиравӣ мавҷуданд.
Таҳлилҳои вобаста ба дурнамои рушди иқтисоди миллӣ барои ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуддат нишон медиҳанд, ки сатҳи зиндагии аҳолӣ тадриҷан баланд гардида, табақаи миёнаҳол афзоиш меёбад.
Тоҷикистон аз давлати камдаромад ба қатори давлатҳои бо даромади миёна арзёбишаванда ворид мегардад.
Ба ҳисоби миёна суръати афзоиши солонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7 — 9 фоиз пешбинӣ мешавад ва Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамлакат дар соли 2020 нисбат ба соли ҷорӣ беш аз 80 фоиз афзоиш меёбад. Ҳамзамон бо ин, дар ин давра шумораи аҳолии мамлакат тадриҷан афзоиш ёфта, ба 10 миллион нафар мерасад.
Бинобар ин, ба татбиқи афзалиятҳои миллӣ тавассути таҳкими идоракунии давлатӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, беҳбуд бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва неруи инсонӣ, ки дар маҷмуъ суботи иқтисодӣ ва пешрафти кишварро таъмин менамоянд, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Бо ин мақсад зиёд кардани иқтидори содиротии кишвар тавассути рушди истеҳсолоти саноатӣ ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, беҳтар намудани инфрасохторе, ки ба тараққиёти соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургияи ранга, саноати сабук ва хӯрокворӣ равона шудааст, зарур мебошад.
Дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти кишвар бояд бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ истеҳсоли маҳсулоти ватании қобили рақобат таъмин карда шавад.
Инчунин ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои устувори макроиқтисодӣ ва меъёри барномавии таваррум бояд чораҳои зарурӣ амалӣ гарданд.
Мо бояд вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатиро нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ то соли 2020-ум ба 24 — 25 фоиз расонем.
Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то соли 2020 — ум аз 12 то ба 16 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ расонида мешавад.
Ин имконият медиҳад, ки музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар ин давра аз дуюним то се баробар зиёд карда шавад.
Вобаста ба амалӣ намудани ин мақсад дар марҳалаи аввал аз 1–уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии соҳаи маориф ба ҳисоби миёна ба андозаи 30 фоиз, кормандони дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, аз ҷумла илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин ҳамаи намудҳои нафақа ва стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар Паёми соли 2011 мо дар назди худ вазифа гузошта будем, ки дар давраи миёнамуҳлат музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетиро беш аз ду баробар баланд бардорем. Ин иқдомро мо аллакай дар солҳои 2011 — 2012 амалӣ намудем ва бо дарназардошти зиёдшавии музди меҳнат дар соли ҷорӣ афзоиши ин нишондиҳанда ба се баробар мерасад. Ҳол он ки ин чорабинӣ бояд то соли 2014 амалӣ карда мешуд.
Умуман, дар ҳафт соли оянда даромадҳои воқеии аҳолӣ то 4 баробар зиёд хоҳанд гардид.
Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои зикршуда ва мутобиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 сатҳи камбизоатӣ ба сатҳи 30 фоиз расонида хоҳад шуд.
Пешрафти иқтисоди миллӣ ба афзоиши маблағгузорӣ ва таъминот бо воситаҳои гардон вобастагӣ дорад ва ин нишондиҳанда, ки ҳамзамон сатҳи бо пул таъмин будани иқтисодиётро инъикос менамояд, дар давоми 7 соли охир нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз 14 фоиз то 23 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки нишондиҳандаи мазкур дар кишварҳои мутараққӣ на камтар аз 30 фоизро ташкил медиҳад ва моро зарур аст, ки ҷиҳати ноилшавӣ ба ин нишондиҳанда тадбирҳои мушаххас андешем.
Дар соли 2012 нисбат ба соли 2006 ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзии ватанӣ 3,4 баробар зиёд гардида, сатҳи дороии онҳо 4,4 ва сармояи тавозунӣ 6 баробар, ҳаҷми қарзҳои хурд 6 ва ҷалби маблағгузории хориҷӣ 4 баробар афзоиш пайдо кард.
Пешгирӣ кардани болоравии сатҳи таваррум ва татбиқи сиёсати мутавозини пуливу қарзӣ дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷет имкон дод, ки дар давоми 6-7 соли охир сатҳи таваррум аз 19,7 фоиз то 6,4 фоиз, яъне беш аз 3 баробар коҳиш дода шавад.
Ҳол он ки дар соли 1995-ум меъёри таваррум қариб ба 1000 фоиз ва қарзи берунии мамлакат ба 130 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар шуда, соли 2000-ум сатҳи таваррум қариб 61 фоизро ташкил дода буд.
Дар ин раванд, қабл аз ҳама вобаста ба вазъи макроиқтисодӣ паст кардани фоизи бонкӣ, фаъол намудани бозори қарзӣ, бозори асъор ва коғазҳои қиматнок, татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пул ва афзун намудани захираҳои байналмилалӣ нақши муассир гузоштанд.
Ҳаҷми муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар ҳафт соли охир 836 баробар афзуда, ҳаҷми захираҳои асъорӣ 4,3 баробар зиёд гардидааст.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ислоҳот дар низоми бонкдории кишвар идома дода, ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани хизматрасонии электронӣ ва шаффофияти фаъолият назорати бонкӣ ва амалисозии мониторинги молиявӣ пурзӯр карда шавад.
Ин амал ба ҷалби фаъолияти ҳамаи субъектҳои хоҷагидор ба иқтисодиёт, пастшавии сатҳи иқтисоди пинҳонӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи коррупсия дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар баробари амалисозии сиёсати пулӣ ва андозу буҷет зарур аст, ки сиёсати макроиқтисодии ҳамоҳангшуда ва мутавозин татбиқ карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, бояд ҷиҳати афзун намудани шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои дарозмуддат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ чораҷӯйӣ карда шавад.
Таъкид менамоям, ки ба масъалаи дастгирии субъектҳои соҳибкории маҳалҳои дурдасти кӯҳистон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии хурди имтиёзнок ба онҳо дар оянда низ аҳамияти махсус дода мешавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Бояд зикр намуд, ки мақсади ниҳоии мо таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад ва итминони комил дорам, ки мо ба ин ҳадафи худ тадриҷан муяссар мегардем.
Бо дарназардошти ин ки дар соли 2030 аҳолии мамлакат қариб ба 13 миллион нафар мерасад, афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ нисбат ба соли ҷорӣ сеюним баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ дуюним баробарро ташкил хоҳад дод.
Аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳолати ноустувори иқтисодиёти ҷаҳони муосир, заиф гардидани механизмҳои идоракунии низоми молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини суботи иқтисодӣ ва дар ҳамин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва афзоиши табақаи дорои даромади миёнаи аҳолӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоем.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки дар ҳаллу фасли масоили вобаста ба таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида бояд ҳар як фарди кишвар саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.
Татбиқи муваффақонаи ин мақсади бузург дар марҳалаи кунунӣ ва таъмини рушди дарозмуддат дар самтҳои зерин амалӣ хоҳад гардид:
Якум, тақвият бахшидан ва такмили сохтори ташкилӣ ва соҳавии иқтисоди кишвар
Иҷрои ин вазифа дар сурате имконпазир мегардад, ки мо бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илм ва технология, навовариҳои истеҳсолӣ ва неруи сатҳи муосири ақлонӣ навсозии соҳаҳои иқтисоди миллиро амалӣ намоем.
Коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, идома додан ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, хусусан саноат ва кишоварзӣ, бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолии дорои технологияҳои муосир дар ин раванд мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Дар замони истиқлолияти кишварамон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металлҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ зиёда аз 2200 коргоҳ ва корхонаи нав бо беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Агар ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат соли 2000-ум 1,4 миллиард сомониро ташкил дода бошад, соли гузашта ин нишондиҳанда ба 9,7 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бунёди зиёда аз 200 корхонаи нави саноатӣ ба маблағи қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ бояд амалӣ гардонида шавад.
Барои ҳар чӣ бештар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат андешидани тадбирҳои мушаххас зарур аст.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар бозори истеъмолии мамлакат фаровонии молҳои озуқаворӣ ба мушоҳида мерасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2012 тавассути истеҳсолоти дохилии мамлакат талаботи воқеии аҳолӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 80 фоиз, тухм 75, ғалладона ва орд 50, биринҷ 80, картошка, сабзавоту полезиҳо ва меваҷот беш аз 100 фоиз таъмин карда шудааст.
Аммо чунин вазъ ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, зеро Тоҷикистон на танҳо метавонад аҳолии худро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намояд, балки имкониятҳои васеъ дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ислоҳоти сохтории соҳа ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонида, дар марҳалаи миёнамуҳлат фаъолияти бахши кишоварзии мамлакат ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шавад.
Илова бар ин, иҷрои пурраву саривақтии барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва рушди он вазифаи муҳимтарин мебошад.
Ҳамчунин зарур аст, ки ба масъалаи маданияти заминдорӣ, истифодаи васеи тухмии хушсифат, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои холимондаву партов, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, бунёди боғу токзорҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, инчунин васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Дар ин раванд барои зиёд кардани номгӯ ва ҳаҷми молҳои содиротии кишвар, инчунин пайдо намудани бозорҳои нави минтақавию ҷаҳонии фурӯши онҳо андешидани тадбирҳои иловагиро тақвият бояд бахшид.
Мақсад аз идома додани дигаргунсозиҳо ва татбиқи амалҳои дар боло зикргардида таъмини рушди иқтисодиёт, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва рушди ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Аз ин рӯ, мо ҷиҳати идома додани ислоҳот дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳамкориҳои худро бо шарикони рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ тақвият медиҳем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли ҷорӣ 159 – умин давлати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Бо ҳамин раванди ҳамроҳшавии кишвар ба ҳамаи созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба анҷом расид.
Манфиатҳо аз узвият дар ин созмони бонуфуз дар назди мо вазифаҳои муҳим мегузоранд.
Аввалан, моро зарур аст, ки дар кори Созмони Умумиҷаҳонии Савдо фаъолона иштирок намуда, манфиатҳои кишвари худро ҳимоя намоем.
Барои ин ба мо мутахассисони соҳаҳои иқтисод ва ҳуқуқ лозиманд, ки дониши васеъ ва сатҳи баланди касбии байналмилалии барои ин намуди фаъолият заруриро дошта бошанд.
Дар баробари ин, ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат моро водор месозад, ки такмили қонунгузорӣ ва ислоҳотро дар соҳаҳои дахлдор идома диҳем, то тавонем аз имкониятҳои ин созмони бонуфуз баҳравар гардем.
Бо ин мақсад ҳоло мо барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти кишварамонро ба шароити нав омода карда истодаем.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин Комиссияи байниидоравии татбиқи ин барнома таъсис дода шавад.
Дуюм, рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика
Пешравиҳо дар ин самт инкишофи устувор ва босуръати иқтисодиро таъмин месозанд, иқтидори умумии иқтисодии кишварро ҷиддан тақвият мебахшанд ва дар ниҳояти кор ба ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидати фаъол менамоянд.
Тавре ки ман борҳо иброз доштаам, рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад.
Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад.
Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморем.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд.
Бо ин мақсад, танҳо дар ҳафт соли охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика қариб 12 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ идома дорад.
Бояд гуфт, ки сарбандҳои иншооти гидроэнергетикӣ ва обанборҳо ҷараёни мавсимии оби дарёҳоро танзим карда, барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, аз қабили селу обхезӣ ва кам кардани таъсири хушксолӣ нақши бузург мебозанд. Бо ин мақсад танҳо дар 7 соли охир зиёда аз 400 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Инчунин бунёди хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва кашидани лӯлаҳои нафту газ нақши иқтисодиву транзитии кишварро ба сатҳи сифатан нав хоҳанд расонид.
Солҳои охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда -1», хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи байни Тоҷикистону Афғонистон, корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикии Норак, Қайроққум, Сарбанд, Помир ва Варзоб амалӣ гардида истодаанд. Ҳамзамон бо ин, якҷо бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Бонки Умумиҷаҳонӣ корҳои таҳқиқотии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин таҳияи лоиҳаи хатти интиқоли барқи байналмилалии «CASSA -1000» идома доранд.
Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди истифодаи пурра қарор мегирад ва сохтмони навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 50 мегаватт то охири сол ба анҷом расонида мешавад.
Дар давоми даҳ соли охир дар натиҷаи бунёди неругоҳҳои хурду миёна ва таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои мавҷуда иқтидори энергетикаи мамлакат қариб ҳазор мегаватт зиёд карда шуд. Гузашта аз ин, бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб – Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ташкил карда шавад.
Ислоҳоти низоми истеҳсол ва интиқоли қувваи барқ яке аз масъалаҳои зарурии ҳалталаб мебошад, ки татбиқи он боиси беҳшавии вазъи молиявии соҳа ва мутобиқсозии фаъолияти ҳамаи зинаҳои он ба талаботи иқтисоди бозорӣ хоҳад гардид.
Дар соҳаи энергетикаи кишвар таъмини пурраи талаботи мамлакат бо неруи барқ ва гармӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон тавассути барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда, истифодаи манбаъҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқ ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, инчунин татбиқи сиёсати самараноки сарфаи неруи барқ, паст кардани талафоти он, амалисозии лоиҳакашӣ ва бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дар ин асос расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад.
Сеюм, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар
Дар давоми солҳои истиқлолият татбиқи муваффақонаи ислоҳот дар аксари соҳаҳо ба рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат намуд.
Бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тараққӣ додани шаҳру ноҳияҳо яке аз роҳҳои муайянкунандаи сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар доираи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд.
Дар солҳои истиқлолият ба рушди деҳот афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ дар ҳамаи шаҳру деҳоти мамлакат аз он шаҳодат медиҳад. Бо ин мақсад то ба имрӯз 42,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблағҳои буҷети давлат мебошад.
То ба ҳол қариб 90 фоизи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст.
Дар ин давра, барои рушди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,8 миллиард сомонӣ, вилоятҳои Хатлон 10,7 миллиард, Суғд 12 миллиард, шаҳри Душанбе 7 миллиард ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти боз ҳам беҳтар ва самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои онҳо таҳия карда шаванд.
Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ доир ба дастгирӣ ва инкишофи бахши хусусӣ дар сатҳи идоракунии маҳаллӣ чораҷӯйӣ карда шавад, то ки барои истифодаи имкониятҳои то ҳанӯз истифоданашудаи ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ҳамин роҳ боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Ҷойгиршавии қувваҳои корӣ ва афзоиши табиии аҳолӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат моро водор месозад, ки ҳар сол беш аз сад ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё намоем.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо истифода аз сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Чорум, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ
Ҳукумати мамлакат минбаъд низ сиёсати молиявиро ба пешгирӣ намудани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, хусусан дар самти тағйирёбии нархи молу ашёи хом ва маводи хӯрокворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, инчунин ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва густариши муносибатҳои байналмилалии молиявӣ равона менамояд.
Дар ин ҷода, бояд истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, бо дарназардошти гузаштан ба маблағгузории хизматрасонии давлатӣ, дар асоси фармоишҳои давлатӣ ва меъёрҳои маблағгузории сарикасиву суроғавӣ, гузариш ба усулҳои замонавии амалӣ намудани сармоягузории давлатӣ, татбиқи саривақтии барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин карда шавад.
Илова бар ин, ҷиҳати тақвият бахшидани сифати идоракунӣ ва самаранокии дороиҳои давлатӣ, такмили минбаъдаи муносибатҳои байнибуҷетӣ дар асоси принсипҳои иҷрои ӯҳдадориҳои байниҳамдигарии иштироккунандагони он, баланд бардоштани ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои буҷет ва таъмини маблағгузории ӯҳдадориҳои қабулкардаи онҳо чораҳои зарурӣ амалӣ гардонида шаванд.
Мо бояд сиёсати буҷетро ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими батанзимдарорандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намоем, мувозинати рушди иқтисодиёт, инчунин устувор нигоҳ доштани нақши буҷетро дар болоравии иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин намоем.
Панҷум, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат
Имрӯз дар мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ босуръат идома ёфта, ҳаҷми сармоягузории дохилӣ дар ин самт танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз 231 миллион сомонии соли 2006 ба 2,3 миллиард сомонӣ дар соли 2013 расонида шуд, ки афзоиши он 10 баробарро ташкил мекунад.
Дар ҳафт соли охир ба масъалаи бунёдкориву созандагии шаҳру ноҳияҳои мамлакат диққати махсус дода, танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ чандин ҳазор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуд.
Агар соли 2006 дар Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 33 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 409 миллион сомонӣ амалӣ шуда бошад, ҳоло 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар давоми солҳои 2006-2012 сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвари мо беш аз 20 миллиард сомониро ташкил додааст.
Барои боз ҳам афзоиш додани сармоягузориҳои хориҷӣ рушди соҳаи туризм омили муҳим ба шумор меравад, зеро Тоҷикистон имкониятҳои бузургеро доро мебошад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои мусоиду нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд.
Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки рушди туризм ҳамчун яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад.
Муҳайё сохтани шароити мусоид барои сармоягузорону сайёҳон ва пешниҳоди лоиҳаҳои ҷолиб барои ҳамкориҳои судманд ва бо ин мақсад ба роҳ мондани маданияти баланди хизматрасонӣ зарур мебошад.
Дар ҳафт соли охир барои фаъолияти бахши хусусӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуд.
Чорабиниҳои дар ин муддат амалигардида, махсусан қонунигардонии молумулк ва маблағҳои шаҳрвандон, эълон гардидани мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, тақвият бахшидани ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ ва қабули Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар доираи иҷрои супоришҳои Паёми соли гузашта аз 1-уми январи соли ҷорӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди амал қарор дода шуд.
Ин сиёсат дар ояндаи миёнамуҳлат, дар баробари таъмини даромади буҷет, инчунин ба навсозии иқтисодиёт, рушди сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё намудани ҳазорҳо ҷойҳои иловагии корӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
Бинобар ин, дар Кодекси андоз барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ зиёда аз 240 имтиёз пешбинӣ гардидааст.
Танҳо дар соли ҷорӣ маблағи имтиёзҳо беш аз 3,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Яъне, ин маблағ имсол ба буҷети давлатӣ ворид нагардида, барои фаъолияти молиявию хоҷагидории худи корхонаҳо равона мешавад.
То соли 2017 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард пурра бекор ва меъёри андоз аз фоида 2 банди фоизӣ кам карда мешавад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки баъзе муқаррароти Кодекси андоз ҳоло ҳам таҳлили ҳаматарафаро талаб менамоянд ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиш ва такмили онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо истифода аз имконияту заминаҳои муҳайёгардида соҳибкорони ватанӣ танҳо дар соли гузашта 332 корхонаи нави истеҳсолӣ сохта, ба истифода додаанд.
Дар соли 2013 дар мамлакат 209 корхонаи нави саноатӣ бо 8 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Аз ин ҳисоб аллакай дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 79 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода супорида, қариб 1400 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудаанд.
Дар давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноат бунёд карда шудаанд ва ин раванд бояд суръат бахшида шавад.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки имкониятҳои то ҳанӯз истифоданашуда барои ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, тавлидоти маҳсулоти қобили рақобат ва ба содирот нигаронидашуда, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ бояд ҳар чӣ бештар ҷалб карда шаванд.
Ташкили Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба таъмини минбаъдаи рушди босубот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва дар ин замина амалӣ намудани ҳадафҳои миллии мамлакат мусоидат менамояд.
Вақти он расидааст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти Фонд ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буҷет ҷудошаванда фаъолияти ҳамаи муассисаҳои маблағгузорӣ, ки ба дастгирии соҳибкорӣ равона гардидааст, мукаммал гардонида шавад.
Аз ин лиҳоз, бояд шаффофият ва самаранокии истифодаи гранту маблағҳои давлатӣ, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ равона мегарданд, таъмин ва ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ чораҷӯйӣ карда шавад.
Шашум, инкишофи имкониятҳои коммуникатсионии мамлакат
Тоҷикистон чанде қабл бо кушодашавии нақби «Шаҳристон» аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ пурра раҳо ёфта, ба як сарзамини воҳид табдил ёфт.
Акнун зарур аст, ки доир ба ҳалли масъалаи баромадан ба баҳр ва бандарҳои тиҷоратӣ низ чораҷӯйӣ карда шавад.
Дар даҳ соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Дар натиҷа 1650 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Таҷдиду барқарорсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаихумб, сохтмони терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хатти роҳҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгиройии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад.
Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад.
Дигаргунсозиҳо дар соҳаи авиатсияи граҷданӣ низ амалӣ гардида, барои ширкатҳои авиатсионии ватаниву хориҷӣ фазои рақобати озод ва бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ фароҳам оварда шуд.
Ҳоло зарур аст, ки ҷиҳати таҳким бахшидани заминаҳои моддиву техникии ширкатҳои ҳавоии ватанӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва қобилияти рақобати ширкатҳои ватанӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда шавад.
Соли 2011 Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 қабул гардид. Тибқи барномаи мазкур бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Дар марҳалаи кунунӣ зарур аст, ки барои боз ҳам бештар ва сифатан беҳтар гардидани тиҷорати наздисарҳадӣ шароити мусоиди инфрасохторӣ, гузаргоҳҳои замонавӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ муҳайё карда шаванд.
Ҳафтум, тақвият додани низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд бо мақсади таъмин намудани самаранокии идоракунии давлатӣ
Ин вазифа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимест, ки дар навбати аввал рушди бомароми иқтисоди миллӣ бо роҳи баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатӣ тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ аз он вобаста мебошад.
Бинобар ин, солҳои охир сохтори идораи давлатӣ пайваста мавриди такмил қарор дорад.
Дар марҳалаи имрӯза бо истифода аз усулҳои «ҳукумати электронӣ» ҳар чӣ васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади пешбурди сиёсати самарабахши интихоби кадрҳои роҳбарикунанда ва беҳтар гардонидани иҷрои вазифаҳои давлатӣ масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои касбии соҳаи идоракунии давлатӣ имрӯз дар радифи масъалаҳои умда қарор дорад.
Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҳайати сифатии кадрҳои хизмати давлатиро бо роҳи ҷорӣ намудани усулҳои нави хостагирӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии онҳо куллан беҳтар намуда, дастгоҳи идоракунии касбиеро ташаккул диҳем, ки барои онҳо хизмати содиқона ба халқу Ватан аз ҳама муҳимтар бошад.
Ҳангоми хостагирӣ ва ҷобаҷокунии кадрҳо маҳз дараҷаи баланди касбӣ, донишҳои васеи муосир, дар сатҳи хуб донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ, дараҷаи баланди масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳолатҳои коррупсионӣ бояд меъёрҳои асосӣ гарданд.
Ба роҳ мондани хизматрасониҳои босифати давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини низоми хизмати давлатӣ буда, татбиқи он метавонад ба танзими масъалаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тавассути фаъолияти самараноки хизматчиёни давлатии соҳибкасб ва риояи қатъии интизоми иҷроия мусоидат намояд.
Сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва дастрасиву шаффофияти онҳо бояд ба талаботи имрӯза ва арзу ниёзи мардум мувофиқ ва наздик гардонида шавад.
Дар натиҷа ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар таҳияву қабули қарорҳои стратегӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ торафт фаъолона ширкат намуда, дараҷаи ҳавасмандӣ ва эътимоди онҳо ба дастгоҳи идораи давлатӣ боло меравад, ки ин омил дар навбати худ яке аз василаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум хоҳад шуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар шароити ниҳоят печидаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти босуръати солҳои охир такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа ҳадафи асосии мо мебошад.
Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.
Бинобар ин, мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем.
Зинаи аввали таълиму тарбия, ки раванди тӯлонӣ мебошад, бо фаъолияти муассисаҳои томактабӣ вобастагии мустақим дорад.
Вале бояд гуфт, ки бо вуҷуди кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат дар самти ба роҳ мондани шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз қабили марказҳои инкишофи кӯдакон, боғчаҳои бачагонаи хонагӣ ва монанди инҳо имрӯз ҳамагӣ даҳ фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба ин зинаи таҳсилот фаро гирифта шудаанд.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо дар хусуси бунёди муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам чораҷӯйӣ карда шавад.
Зинаи дигари ташаккулдиҳандаи шахсияти кӯдакону наврасон муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна мебошад. Ҳукумати мамлакат дар ин самт низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Масалан, дар зарфи 10 соли охир дар мамлакат беш аз 1000 мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст.
Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад.
Танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 248 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Яке аз масъалаҳое, ки бисёр муҳим аст, тарбияи кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.
Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала мо аз соли 2010-ум инҷониб зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро самти афзалиятнок эълон кардаем.
Дар ин давра барномаи давлатии рушди муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарӣ қабул гардида, нақшаву барномаҳои таълимии онҳо таҷдиди назар карда шуданд.
Имрӯз зарур аст, ки заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои кадрии ин муассисаҳо ба таври ҷиддӣ беҳтар карда шаванд ва бо дарназардошти он ки талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ мунтазам тағйир меёбад, бояд дар ин самт чораҳои саривақтиву муассир андешида шаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҳазорон нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бекор монда, бо фаъолияте машғуланд, ки ба ихтисоси гирифтаашон умуман мутобиқат надорад.
Мо ҳар сол дар мактабҳои олӣ ҳазорон нафар ҳуқуқшиносу иқтисодшиносонро омода менамоем, вале кишварамон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, барномасозон ва табибони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад.
Тибқи маълумот дар давоми солҳои 2008-2012 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро 9 ҳазору 300 нафар бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва беш аз 40 ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногуни иқтисодӣ хатм кардааст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатҳи байналмилалӣ нақшаи дурнамои тарбияи кадрҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он таҳия намуда, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии мактабҳои олии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Соҳаи тандурустии кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Соли равон барои маблағгузории соҳа зиёда аз 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000–ум 47 баробар зиёд мебошад. Музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ дар ҳафт соли охир 12 баробар зиёд карда шуд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома хоҳад дод.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи кадрҳои муосир вазифаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ мебошад.
Вакилони муҳтарам!
Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд.
Мо ният дорем, ки моҳи май ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот ороста, роҷеъ ба масоили ҳалталаб ва вазифаҳои онҳо дар марҳалаи минбаъдаи рушди кишварамон ибрози назар намоем.
Доир ба масъалаҳои вобаста ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусу ибтикороти занон, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мегардад, инчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ҳангоми мулоқот бо намояндагони занону бонувон ба муносибати Рӯзи модар дар назди вазорату идораҳои марбута супоришҳои дахлдор гузошта шуданд.
Хотирнишон месозам, ки иҷрои саривақтии онҳо боиси боз ҳам фаъол гардидани занону бонувони мо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, пешрафти ҷомеа ва афзудани саҳми онҳо дар раванди ободкории кишварамон мегардад.
Ҳоло мехоҳам доир ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ки бо ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста мебошад, изҳори андеша намоям.
Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар ин раванд масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ мебошад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд.
Агар дар соли 2006 кӯмакҳои гуногун аз буҷети давлатӣ ба ин қишри ҷомеа 85 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли ҷорӣ ба 170 миллион расидааст. Яъне, дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда ду баробар зиёд гардидааст.
Илова ба ғамхориҳои дигар, барои кӯдаконе, ки аз саробон маҳрум шуда, дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли музди меҳнат, яъне, 105 сомонӣ нафақаи моҳона муқаррар карда шуда, ба суратҳисоби депозитии барои ин кӯдакон дар Бонки давлатии «Амонатбонк» кушодашуда пардохт карда мешавад.
Ҳоло дар кишварамон 3300 нафар кӯдаконе, ки на падар ва на модар доранд, инчунин беш аз 102 ҳазор нафар, ки ё падар ё модар надоранд, ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 180 ҳазор оилаҳои камбизоат дар қайди ин мақомот қарор доранд.
Дар чор соли охир аз тарафи мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирон хатнасури 48 ҳазор нафар кӯдакон ва тӯйи арӯсиву домодии 2800 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шудааст. Яъне, ба шарофати ин иқдоми саховатмандона ба зиёда аз 300 ҳазор нафар кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида шудаанд.
Ман ба ҳамаи ҷавонмардони баору номус ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки ба ятимону бепарасторон, маъюбону камбизоатон мунтазам кӯмак мерасонанд, барои ин ҳимматбаландиву накӯкориашон миннатдорӣ баён менамоям.
Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ доир ба иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ ҳамаи тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.
Татбиқ намудани тартиби нави кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад.
Аҳолии Тоҷикистон сол ба сол меафзояд ва чунон ки зикр намудам, мувофиқи дурнамо шумораи он то соли 2020 ба 10 миллион нафар хоҳад расид.
Бинобар ин, масъалаи муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мебошад. Дар ин ҷода, танҳо дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар ҳафт соли охир қариб 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудаанд.
Лекин бояд гуфт, ки бо вуҷуди рушди бомароми иқтисоди миллӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол солҳои охир дар бозори меҳнат қариб бетағйир монда, ҳоло 50 фоизи аҳолии синни қобили меҳнатро ташкил медиҳад.
Раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ аз афзоиши босуръати табиии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ қафо монда, алҳол бозори меҳнати дохилӣ имкони пурра бо ҷойи кор таъмин намудани корҷӯёнро надорад.
Ҳар сол қариб 150 ҳазор нафар хатмкардагони мактабҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус ба бозори меҳнат ворид мегарданд ва имрӯз ба як ҷойи кори холие, ки дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ҳафт нафар довталаб рост меояд.
Аз ин рӯ, таъсиси ҷойҳои кории сифатан нав ва таъминот бо музди меҳнати арзанда имрӯз ба яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа табдил ёфтааст.
Таъкид менамоям, ки ин масъала таҳти назорати доимии Роҳбари давлат қарор дорад. Дар баробари таъсис додани ҷойҳои кории нав ба масъалаи касбомӯзӣ, бахусус тақвият додани низоми такмили ихтисос ва фаъолияти марказҳои касбомӯзии калонсолон диққати ҷиддӣ додан зарур аст.
Мо бояд, пеш аз ҳама сифати таълимро беҳтар намоем, то малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои касбомӯзӣ ба талаботи бозори муосири меҳнат ҷавобгӯ бошад.
Ҳамватанони азиз!
Мо ҳанӯз дар оғози эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорем. Таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки бунёди чунин давлат раванди тӯлонӣ мебошад.
Ҳарчанд ки аз замони ба истиқлол расидани давлати мо ҳанӯз давраи зиёд нагузаштааст, вале мо аллакай шоҳиди густариши раванди гуногунандешии сиёсӣ, рушди босуръати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳастем ва дар ин самт аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти озоди онҳо ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Яъне, мо дар як замони начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣ – асосҳои сохти давлатдории демократӣ, аз ҷумла моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем.
Дар Конститутсияи давлатамон дарҷ гардидааст, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Албатта, ҳар ҳизб тибқи барномаи амали худ мавқеи хоси сиёсиву ақидавӣ дорад. Вале дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манфиатҳо ва арзишҳои волои миллиамон, ба монанди истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати милливу ҳамбастагии тамоми сокинони кишварро муқаддас донанд ва ба хотири ҳифз кардану тақвият бахшидани онҳо саъю талош намоянд.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ бояд намунаи эҳтирому риояи қонунҳои давлати демократӣ ва мактаби тавсеаи маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум бошанд.
Тавре ки медонед, соли ҷорӣ дар кишварамон маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад.
Конститутсия ва қонунгузории кишварамон дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, инчунин барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф заминаи мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад.
Маҳз ба ҳамин хотир, яке аз самтҳои афзалиятноки демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон таъмин намудани изҳори ихтиёрии иродаи халқ ҳангоми баргузории интихобот мебошад.
Қонунгузории мо кафолат медиҳад, ки дар байни субъектҳои раванди интихобот ва иштирокчиёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои баҳсу муколамаҳои созанда ва изҳору ифодаи мақсаду мароми онҳо фазои орому озод ва имкониятҳои баробар фароҳам оварда шаванд.
Корро тавре бояд ташкил намуд, ки шаҳрвандон дар навбати аввал аз ҳуқуқҳои қонунии худ воқиф гардида, иштирокчии фаъоли ин маъракаи сиёсӣ будани худро эҳсос намоянд ва масъулиятро оид ба амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии худ дарк кунанд.
Дар ин замина, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иштирокчиёни интихобот бояд фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат роҳандозӣ намоянд.
Бо дарназардошти ин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин тамоми субъектҳои раванди интихоботро зарур аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод баргузор гардидани интихобот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мо чун ҳамеша ҷонибдори ба таври шаффоф ва ошкор баргузор шудани маъракаи интихобот ҳастем ва ман ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ кардани инсонҳоро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судмандро ба харҷ дода истодааст.
Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне, барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд.
Мақомоти қонунгузори кишвар ва субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ҳамасола барои рушди соҳаи қонунгузорӣ корҳои хубу босамар анҷом дода истодаанд ва мувофиқи мақсад аст, ки фаъолияти қонунгузорӣ боз ҳам густариш дода шавад.
Бо мақсади такмили ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва муқаррар намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва манзил зарурати дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани кодексҳои меҳнат ва манзил ба миён омадааст.
Ҳамчунин бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки кодексҳои граҷданӣ ва ҷиноятиро низ дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд.
Дигар масъалае, ки ҳалли ниҳоиро тақозо мекунад, муайян намудани муносибат ба ҳукми қатл мебошад.
Чунонки шумо медонед, аз моҳи июни соли 2004 инҷониб татбиқи ҷазои қатл дар Тоҷикистон боздошта шудааст.
Воқеан, ҳаёти инсон асоси ҳастӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳрум кардан аз он маънии қатъ гардидани мавҷудияти фард, шахсият ва узви ҷомеаро дорад.
Дар тамадуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ накардани ҷазои қатл, пеш аз ҳама чун нишонаи башардӯстӣ, шафқат ва пешравии ҷамъият эътироф карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, вақти он расидааст, ки масъалаи мазкур бо дарназардошти афкори ҷомеа мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор дода шуда, аз натиҷаи он ҷиҳати муайян намудани мавқеи давлат нисбат ба ҳукми қатл таклиф пешниҳод карда шавад.
Дигар масъалаи мубрами рӯз мубориза бо коррупсия мебошад.
Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.
Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.
Аз ин рӯ, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро мо яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат ҳисобида, дар чанд соли охир корро дар ин самт хеле тақвият бахшидем.
Масалан, Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти мубориза бо коррупсия» ва Стратегияи мубориза бо коррупсия барои панҷ соли охир қабул ва амалӣ карда шуданд.
Мутобиқи санадҳои зикршуда чорабиниҳои зиёди ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия сурат гирифтанд.
Аз ҷумла ҷиҳати таъмини ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии коррупсия Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд.
Дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ раванди татбиқи барномаҳои дохилиидоравии пешгирии коррупсия идома дорад.
Ба ин мақсад дар ин мақомот ҷойивазкунии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуда, сохторҳои махсуси пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ таъсис дода шудаанд ва барномаҳои таълимӣ вобаста ба пешгирии коррупсия ҷорӣ гардидаанд.
Бо мақсади сарфакорона ва босамару мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷет мо Палатаи ҳисоб таъсис додем.
Итминон дорам, ки роҳбарият ва кормандони мақомот барои ошкор ва пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ такони ҷиддие хоҳанд бахшид.
Қонун дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуда, барои бекор кардани дахлнопазирии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, прокурорҳо, судяҳо ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ лоиҳаи қонунҳо таҳия гардида, ҳоло мавриди баррасӣ қарор доранд.
Махсус таъкид менамоям, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.
Бо ин мақсад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва дигар субъектҳои муқовимат бо коррупсия вазифадоранд, ки Стратегияи нави пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро барои ҳашт соли оянда таҳия ва пешниҳод намоянд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ имрӯз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.
Мо муборизаро бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир самти афзалиятноки сиёсати давлати худ эълон кардаем.
Бо мақсади таъмин намудани натиҷаи ҳар чӣ бештари фаъолият дар ин самт моҳи феврали соли ҷорӣ бо Фармони Президенти мамлакат Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020 тасдиқ гардид.
Бо дарназардошти хатарҳои зикршуда ва дар соли 2014 аз қаламрави Афғонистон хориҷ гардидани неруҳои байналмилалии зиддитеррористӣ роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин дар самти ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тайёрии касбӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва омодабошии доимии онҳо мунтазам чораандешӣ намоянд.
Воқеан, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Чунин ҳолат моро водор менамояд, ки ислоҳотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ идома бахшем.
Ҳамчунин зарурати риояи ҳатмии қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро бори дигар таъкид месозам.
Ҳамватанони азиз!
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз яке аз василаҳои асосӣ ва муҳимтарини муаррифии кишварамон ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои кушода» дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва мо бо дарназардошти манфиатҳои миллиамон ин сиёсатро минбаъд низ идома хоҳем дод.
Ҳамаи шумо — ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми кишвар огоҳанд, ки ман чанде пештар ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ дар мулоқот бо кормандони дипломатияи тоҷик доир ба самтҳои сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ва вазифаҳои минбаъда муфассал изҳори назар кардам ва фикр мекунам, ки имрӯз ниёз ба такрори он нест.
Мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишварамон сиёсати давлати худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, имконияту захираҳои воқеӣ, таҷрибаи давлатдории миллӣ ва тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таҳия ва роҳандозӣ намоем.
Вобаста ба ин, лозим мешуморам, ки андешаҳои худро доир ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдориамон бори дигар хотирнишон созам.
Ҳадафи якум ва муҳимтарини мо ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад.
Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ҳадафи дуюми мо маҳсуб мешавад.
Зеро ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ба чӣ роҳи харобиовар расониданд.
Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона ва ба таври дуруст дарку қабул карда тавонанд.
Ҷомеаи мо бояд донад, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи сеюми мо мебошад.
Ба андешаи ман, маҳз ҳамин ғоя нуқтаи пайванд ва ҳалқаи баҳамоварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ буда, дар айни замон василаи муассиртарини ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамчун вазифаи меҳварӣ ва асосии мо ба шумор меравад.
Ҳадафи чорум ҳар чӣ бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон мебошад.
Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад.
Бинобар ин, мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.
Ҳадафи панҷум фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар кадоми моро доир ба ҳалли масоили ҷавонон дар бар мегирад.
Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд, пеш аз ҳама барои ҳар чӣ беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем.
Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Ҳадафи шашум ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёдамон дар шароити ҷаҳонишавист.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯ ба рӯйи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи ҳамдигарро шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯйи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем.
Маҳз бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд.
Ҳадафи ҳафтум арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикист.
Зеро забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо — тоҷикон аст.
Забони мо дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст.
Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудем.
Дар баробари ин, мо борҳо иброз доштаем, ки донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ барои наврасону ҷавонони мо зарурати воқеии рӯз аст.
Аммо ин тамоюл набояд сабаби ба забони шевои тоҷикӣ роҳ ёфтани унсурҳои нозарури бегона гардад. Аз ин рӯ, мо дар оянда низ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳамаи иқдомоти заруриро амалӣ хоҳем кард.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо боз ба як масъалаи ҳассос ҷалб намоям.
Чунонки огоҳед, ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, пеш аз ҳама маънои гиромӣ доштану ҳифз намудани таърих ва анъанаву суннатҳои миллӣ мебошад.
Бе ин ягон халқу миллат ҷавҳар ва асолати худро маҳфуз дошта наметавонад ва ботадриҷ дар гирдоби таърих беному нишон мешавад.
Мо — тоҷикон таърихи куҳану фарҳанги пурғановат дорем ва аз ин сарвати бебаҳои миллии худ ифтихор мекунем.
Вале, мутаассифона, ашхосе низ ҳастанд, ки ё бо сабаби маълумоти кофӣ надоштан ё огоҳона аз тариқи расонаҳои хабарӣ расму ойин ва суннатҳои волои миллии моро нодида мегиранд ё таҳти шубҳа қарор медиҳанд.
Чунончӣ, дар арафаи ҷашни Наврӯз баъзе сару садоҳое баланд шуданд, ки гӯё он барои мардуми мо ойини бегона аст ва аз нигоҳи дини ислом ҷашн гирифтани Наврӯз мамнуъ мебошад.
Ин фикр мутлақо хатост ва барои раванди худшиносии миллӣ, ки мо мехоҳем наслҳои ҷавонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, хатари ҷиддӣ дорад.
Наврӯз ҷашни мубораку ҳуҷастаи мо — тоҷикон ва тамоми мардуми ориёӣ буда, ниёгонамон барои ҳифзи расму русум ва ойинҳои неки он дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърихӣ истодагарӣ кардаанд.
Аслан Наврӯз ҷашне бар мабнои низоми кайҳон аст, ба ибораи дигар, расидани соату дақиқаест, ки назми кайҳон ба ҳолати эътидоли олӣ меояд ва нишонаи эҳёи табиат, рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад.
Ин кашфиёти бузург, ки маҳсули тафаккур ва мушоҳидаҳои аҷдоди хирадманди мост, беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба вуқӯъ пайвастааст.
Яъне, ин андешаи неку созанда се ҳазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ва чоруним ҳазор сол қабл аз зуҳури дини мубини ислом паҳн шудааст ва тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар ҳамон давраҳои бостон Наврӯз дар қаламрави 23 кишвар таҷлил мегардид.
Бо дарки ин ҳақиқати мусаллам фарзандони хирадманду фарзонаи миллат барои пойдорӣ ва аз байн нарафтани Наврӯз ҷоннисорона талош кардаанд ва асолати онро ҳифз намудаанд.
Яке аз онҳо фақеҳи бузурги олами ислом Имоми Аъзам мебошад, ки тавассути урф, яъне додани фатвои шаръӣ ба ислом ва суннатҳои исломӣ мухолифат надоштани расму оинҳои наврӯзиро собит намуда, ба суннатҳои наврӯзӣ заминаи ҳуқуқӣ ва умри ҷовидона бахшидааст.
Аз ин рӯ, мо ҳамеша бо итминони комил изҳор медорем, ки Наврӯз ба ягон дин иртибот надорад ва дар айни замон ба ягон дину мазҳаб мухолиф нест.
Вобаста ба ин масъала мехоҳам боз як нуктаи дигарро хотирнишон созам.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ имконият пайдо шуд, ки фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва муносибати онҳо бо давлат дар доираи талаботи қонун ба роҳ монда шавад.
Баъдан мо саъю талош кардем, ки бо тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалии исломӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монда, дар навбати худ ҳамчун узви комилҳуқуқи онҳо изҳори андеша кунем.
Аз ҷумла, бо Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки Исломии Рушд ва кишварҳои олами ислом ҳамкориҳои самарабахшро роҳандозӣ намудем, ки имрӯз онҳо ба бисёр ҷабҳаҳои иқтисодиёти миллии мо манфиат оварда истодаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳафтод соли даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият мекард.
Имрӯз дар кишвари мо қариб 4000 масҷид расман сабти ном шудааст ва Тоҷикистон дар ин масъала нисбат ба шумораи аҳолӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Мисоли дигар, дар даврони Шӯравӣ ҳамагӣ 30 нафар шаҳрвандони кишвари мо маносики ҳаҷро адо карда буданд, аммо дар зарфи бист соли истиқлол беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидаанд.
Илова бар ин, мо дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ба арзишҳои динии худ низ эътибори ҷиддӣ медиҳем.
Аз ҷумла чор маротиба китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, ба таври ройгон ба мардум тақсим гардид.
Инчунин китобҳои «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Тафсири Табарӣ», «Кимиёи саодат» — и Имом Муҳаммад Ғазолӣ, тарҷумаи «Муснад» — и Имом Абӯҳанифа, «Ҳидояи шариф» — и Аллома Марғелонӣ ва даҳҳо китобҳои дигари динӣ аз ҳисоби буҷети давлат нашр шуда, барои баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандони кишварамон мусоидат карданд.
Хусусан дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷашн гирифтани 1310 — солагии поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам афкори динии ҷомеаи суннатии моро вусъат ва нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳони ислом тақвият бахшид.
Имрӯз мо Кумита оид ба корҳои дин, Донишгоҳи исломӣ дорем ва дар назди Президенти мамлакат Маркази исломшиносӣ таъсис додаем.
Ҳоло ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо тамоми шароитро дар доираи қонун муҳайё кардаем, ки мардуми кишварамон суннатҳои динии худро озодона иҷро кунанд.
Ҳамзамон бо ин, қатъиян таъкид месозам, ки роҳи пешгирифтаи мо бунёди давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст. Ин меъёр дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст ва тағйирнопазир мебошад.
Ба ибораи дигар, мо дар радифи арзишҳои милливу диниамон ба арзишҳои дунявии умумибашарӣ арҷ мегузорем ва равандҳои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирӣ менамоем.
Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд.
Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд.
Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад.
Мо бояд аз ин воқиф бошем ва ба фитнаҷӯйиву тахрибкорӣ дар ҷомеа роҳ надиҳем, зеро сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо аз ҳама афзалтаранд.
Дар баробари ин, ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манофеи давлат ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлат вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдониву имонии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки ба шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мардуми шарифу заҳматпеша ва ободкору фарҳангсолори тоҷикро дар роҳи бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиамон сарвариву раҳнамоӣ кунем.
Мо медонем, ки дар зиндагии ҷомеаи мо ва ҳаёти кишварамон ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд.
Лекин ман ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки ҳамаи мо – фарзандони ин сарзамини муқаддасу бостонӣ дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳем ва рӯзгори босаодати сокинони онро таъмин мекунем.
Бовар дорам, ки халқи шарафманду сарбаланди мо минбаъд низ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талоши бештар менамоянд ва дар раванди татбиқи нақшаву ниятҳои неки давлату Ҳукумати кишвар саҳми арзандаву шоистаи худро мегузоранд.
Дар раванди созандагии Ватани муқаддасамон ва таҳкими иқтидору обрӯйи Тоҷикистони азизамон ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ барору комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Ҳамеша тансиҳату хонаобод ва пирӯзу сарбаланд бошед!